Главная / Маданият ва санъат / Хикояи дузд дар хазинаи подшох

Хикояи дузд дар хазинаи подшох

Овардаанд, ки дузде доно руи чуръат дар хазинаи под шохи вакт овард. Дид, ки подшох бар тахти заррин хобида, аснофи кумоши (навъхои газвори) шохию анвоъи чавохири подшохи бар руи бисот рехта ва шамъи кофури чун руи тавонгарон афрухта ва парвонаи мискин мисли дили дарвешон паёпай сухта. Дузд ба назари эхтиёт бар чапу рост мулохиза намуд ва дид, ки шамшере, ки карори мулку миллат вобастаи уст, маймуни бекароре ба даст гирифта, касди мурча, ки дар синаи подшох нишаста буд, кард. Дузд чусти намуда, дасти маймунро бо хамрохии шамшер махкам гирифт. Аз гирудори онхо подшох бедор шуда чунон ахволро иттило ёфта гуфт:

 – Чун инояти (мехрубонии) яздони шавад, дузд посбону душман мехрубон гардад.

Дузд кабои дониш дар бар дошт, точи давлат бар фаркаш ниходанд, чун хори нодони домангири маймун буд, либоси хирсаш баркашиданд.

 ловля

Байт

Хасми доно, ки офати чон аст,

Бехтар аз дусте, ки нодон аст.

Азизи ман, аз сухбати чабборон (золимон) бипархез, ки зимоми (лачоми) ахди эшон суст ва бинои олии ин тоифа заъиф афтода. Хамеша рухсораи мурувватро ба нохуни чафо харошида доранд ва сарчашмаи футувватро (чавонмардиро) ба хоки бадахди тира созанд. На ихлосу ошнои наздики эшон хурмате дораду на собикаи хидмату робитаи мулозимат (хизматгузори) кадрею киммате.

Байт

Барои хидмати он кас, ки нашносад хаки хидмат,

Макун ту вакти худ зоеъ, ки не музд асту на миннат.

Азизи ман, хузур дар вахдат асту фарогат дар узлат (гуша-нишини), зеро ки сухбати абнои замону (хамзамонон) мучо ласати (хамнишинии) дустони ин чахони аз захри афъи (як навъ мори калони захрнок) зиёнкортар аст. Ва мучолисати эшон аз мухотираи чон додан душвортар. Аз ин чихат аст,

ки баъзе аз хукамо кунчи горе ё таги чохе ихтиёр кардаанд. Азизи ман, бисёр бошад, ки дарвеши комил ва суфии софдил аз худ хилват созад, бо вучуди ин хол кучо бо дигаре пардозад. Чунон ки гуфтаанд.

Байт

Ба хилвате, ки забонбаста роз мегуям,

Садои шахпари Чабрил дарди сар бошад.

Бирав, ай акли номахрам, ки имшаб бо хаёли у

Чунон хуш сухбате дорам, ки ман хам нестам махрам.

Азизи ман, бояд ки бухлу хасадро дар дили худ рох

надихи, ки хасад хонабарандози давлату бархамзади чама-

ни иззат аст. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Хасад хар чо, ки оташ барфурузад,

Хам аз аввал хасудонро бисузад.

Азизи ман, хар киро дидаи басират (бинои) ба кухли (сурмаи) чавохири тавфики азали мунаввар шуда бошад ва гулшани дилаш ба равоехи (буйхои) раёхини инояти (мехрубонии) лоязоли (абади, худои) муаттар гашта, хар чи бар худ написандад, бояд ки бар дигаре низ написандад, чаро ки чазои амал хак аст:

 Хохи, ки туро хам бадие н-ояд пеш,

То битвони, бади макун аз каму беш.

Чун неку бади ту бар ту мегардад боз,

Бингар, ки чи кор мекуни дар хаки хеш.

 Азизи ман, гах сокии рузгор шарбати нуши мурод чашо-

над ва гоххо захри кахр ба чуллоби (шарбати канд) рохат

расонад. Пас, марди собиткадам он аст, ки ба пушидани

хилъати давлат лаби нишот ба ханда наёрад ва дар нушидани чуръаи мухаббат аз дидаи андух ашки хасрат наборад, чунон ки гуфтаанд:

Гамгин машав, ки сокии кудрат зи чоми дахр

Гах нуши лутф медихаду гох неши кахр.

Азизи ман, домани тачарруд (танхои) аз губори агёр бияфшону сари тафрид (танхои) дар гиребони таваккул (умедба Худо) каш ва наволаи (гизои) захролудаи дунёро ба коми орзу марасон, ки гуфтаанд:

 Байт

Бар хонаи дахр дасти иродат макун дароз,

К-олуда кардаанд ба захр ин наволаро.

Азизи ман, каноъат мулкест, ки ба хар дун (одами паст) надиханд ва пирояест (зебу зинатест), ки ба дасти хар забун (дармонда) нагузоранд. Каноъат либосест, ки чуз тани подшохон напушанд ва тугроест (хатест), ки гайр аз маншури (фармони) подшох бад-он макашанд.

Рустам касе бувад, ки барояд ба хуи хеш,

Дар вакти эхтиёч бигирад гулуи хеш.

Обест обру, ки наёяд дигар ба чуй,

Аз ташнаги бимиру марез обруи хеш.

Дарвеше дар бешае мегашт… ва андеша менамуд. Дид, ки шохбози тезпарвозе кадре гушт дар чанголи худ гирифта, назди зоге бе пару боле фуруд омад. Аз гушт порае, ки ба кадри хавсалаи зог бошад, бад – у дод. Дарвеш гуфт: Хуш

розест, ки мурге, ки на куввати тайрон (паридан) дораду на андешаи чавлон, дар ин беша бе туша намегузорад.

Азизи ман, муносиб чунон аст, ки хушёрони олами маъни мастони чоми гафлатро ба гушмоли насихат хушёр созанд.

Ва лоик чунон аст, ки бедорони арсаи дониш бехабарони куи мусолехатро ба силии (зарбаи) адаб бедор кунанд. Агарчи сухани хак аз руи хакикат араки инфиъол (шарм) бар руи хубруён давонад, шояд, ки яке аз ин миён обруи худ муло

хиза карда, аз феъли зишти худ ва аз сухбати бадон ичтиноб намояд.

Байт

Арак нишаст зи пандам рухи накуи туро,

Зи ман маранч, ки мехохам обруи туро.

Азизам, аз сухбати чохили фосик бархазар бош ва хидмати окили комилро илтизом намой (лозим шумор), ки мувосалати (пайвастагии) фиску фучур чун тарбияти мор аст:

рузе безарар нахохад буд ва мулозимати ахли хирад монанди таблаи аттор аст, ки беманфиат нахохад буд:

 Бош чу аттор, ки аз хуи у

Чоми муаттар шавад аз буи у.

Азизи ман, исмат (покдомани) он аст, ки чун шахват голиб гардад, ту синони (найзаи) нафс боздори ва домани исмат аз лабуси (либоси) харом пок сози ва чуз тарики шаръ дар ин рох икдом нанамои, назар аз амали ношоиста бардори,

то дари хайру салох бар руи ту кушода гардад.

 Байт

Исмат он чо, ки роят афрозад,

Дилу динро мудом бинвозад.

Азизи ман, то пои талаб ба хорзори таъаб (ранч, азоб) мачрух нагардад, дасти висол ба гиребони гули максуд нарасад. Хеч касро бе такопуйи саъйе болиг офтоби мурод аз машрики умед толеъ нашуд ва бе чустучую такупуйруй аз

даричаи умед рух нанамуд, зеро ки бе хори таъаб натавон гул чид ва дари ганчи мурод чуз ба калиди ранч натавон кушод. Пас, мучохида бисёр бояд кард, то кас ба давлати мушохида расад, чунон ки гуфтаанд:

Нобурда ранч ганч муяссар намешавад,

Музд он гирифт, чони бародар, ки кор кард.

Азизи ман, хар ки кадам дар талаби коре менихад, бояд ки мехнат уро мутахаммил (бордоштнок) бошад, он ки руй ба каъбаи максуд орад, аз таъаби бодияи (сахрои) мехнат набояд андешад, чунон ки гуфтаанд:

 Дар биёбон чун зи шавки Каъба хохи зад кадам, Сарзанишхо гар кунад хори мугелон, гам махур.

Азизи ман, дар сафар тачриба бисёр ба даст ояд ва фоидаи бешумор руй намояд. Набини, ки осмон, ки пайваста дар сафар аст, аз хама болотар аст ва замин, ки хамеша дар сутун аст, лагадкуби хар дун аст.

 Байт

Дилаш аз гами ину он абтар аст.

Вале аз чафои ватан бехтар аст.

Азизи ман, бозро ба сабаби он чой бар соиди (шикор чии) салотин мукаррар аст, ки сар бар ошёна фуру намеорад ва чугд ба воситаи он дар паси девор мондааст, ки дил

аз ватани вайрон барнамедорад.

Байт

Чу шохбоз ба чавлон дарову сайр бикун,

Ки чугд чанд тавон буд дар паси девор.

Азизи ман, алами гурбат ба гуши ту нарасидааст ва самуми (шамоли гармсери сузона) узлат (гушанашини) ба гулшани ту навазидааст. Сафар дарахтест, ки гайр аз хорифирок бор н-орад ва гурбат абрест, ки гайр аз борони мазаллат (хорию зори) катрае наборад. «Ас-сафар калъатун мин ас-сакар» (яъне сафар калъаест пурмашаккат) ва шуъла ест синасузу тири дилшикоф ва «чилоун аъзам-ул-бало»

(яъне чилои ватан балоест бузург), новакест чигардуз. Пас, бехтар хамон ки дустон иззи (шарафи) хузурро ба базли (харчи) сафар бадал накунанд.

Ва фироки ёру диёр, ки натичааш чуз нолаи зору дидаи ашкбор нест, ба ихтиёр кабул нафармоянд, чунон ки гуфтаанд:

Чилои ватан сахт бошад басе,

Кучо оварад тоби у хар касе.

Чудои дарахтест ори зи бар,

Ки гар бар дихад, хаст маргаш самар.

Ман имруз он корафтодаам,

Ки домони ёри зи каф додаам.

На дар дил хузуру на дар дида об,

Гирифтори сарпанчаи сад гуруб.

Азизи ман, мардуми дида аз он бар сар омадаанд, ки кадам аз зовияи (гушаи) худ берун наниходаанд ва катароти ашк аз он поймол шудаанд, ки дар гушаи кошонаи худ карор нагирифтаанд.

Байт

Даруни хонаи худ хар гадо шаханшох аст,

Кадам берун манех аз хадди хеш, султон бош!

Азизи ман, шунида будам, ки аз сафар тачриба бисёр ба даст ояду фоидаи бешумор руй намояд, маро ин тачриба шуд, ки то зинда бошам, ёди сафар накунам ва ба ихтиёрдавлати мушохидаи дустонро ба мехнати мучохадаи (кушиши) гурбат бадал накунам.

Байт

Дигар мучохадаи гурбаташ хавас нашавад,

Ки дар мушохидаи дустон хуш аст мудом.

Азизи ман, дарди фироки ёрону ранчи хичрони дустдорон саъбтарин (сахтарин) дардхосту сахттарин ранчхо.

Маълум аст, ки тафарручи (сайру гашти) атрофи оламу тамошои риёзи (богхои) банни одам ба ёрони хамдам ва дусто ни хуррам хуш аст. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Бахори умр мулокоти дустдорон аст,

Чи хай (зинда) кунад Хизр аз умри човидон танхо.

Азизи ман, муддате умри худро дар шодмонию комрони гузарониди ва бахори чавониро ба хазони пирию нотавони расониди, акнун осори заъф дар атрофи баданат падид омада, сурур аз дилу нур аз басарат рахти рахил (куч) барбаста

ва нихоли кувватат, ки меваи мурод бароварди, акнун ба самуми ачзу бечораги руй ба пажмурдаги нихода. Одати рузгор он аст, ки гулшани чавониро ба хасу хошоки мазаллати (хорию зории) пирию муфлиси мукаддам гардонад. Агар марди хирадманди, дидаи дилро ба кухли (сурмаи) чавохири фааббар равшан созу матоъи дунёро нобуда дониста, руй ба чустучуи давлати боки ор. Чунон ки гуфтаанд:

Нишоти чавонон зи пирон мачуй,

Ки оби равон боз н-ояд ба чуй.

Бибояд хавас кард аз сар бадар,

Ки даври хавасбози омад ба сар.

Чу бар сар нишинад зи пири губор,

Дигар айши софи таваккуф мадор…

Азизи ман, донистаи, ки дам ба дам куси (дойраи) рахил фуру хоханд куфт ва сармояи хаёт, ки матоъест дар хонаи бадан амонат нихода, боз хоханд талабид. Мукаддимаи сипохи марг, ки иборат аз заъфи пирист, бар мамлакати бадан тохтан орад. Ва талояи (гурухи пешгарди) лашкари ачал, ки иборат аз муи сафед аст, атрофи хисори вучуд фуру гирад.

Навбати пири гавхарест латифу зиндагони чавхарест шариф, дубора ба даст наёяд, ночор аз даст равад. Ганимат дор, ки накдест пурхосил. Азизаш шумор, ки мусофирест мустаъчил (шитобанда).

Байт

Хабар дори, ай устухони кафас,

Ки чони ту мургест, номаш нафас.

Чу мург аз кафас рафт, бигсаст кайд,

Дигар рах нагардад ба сайъи ту сайд.

Нигах назди доно бех аз оламест.

Даме назди доно бех аз оламест.

Азизи ман, хар чо,ки ишкест, хуснест ва хар чо, ки хуснест, ишкест ва ин хар ду як чизанд.

Азизи ман, дурри ишк дар хар бахр карор нагирад ва райхони мухаббат дар хар бустон наруяд ва мурги олихиммати ишк дар хар шох ошён насозад ва хар тардомане токати неши анкои мухаббат наёрад. Ошиконе, ки гули мурод аз

гулзори умед чидаанд ва аз мазраъаи хаёт ба хусулу самар расидаанд, аз неши хар хор чандин хазор озор кашидаанд ва аз ранчи мехнати агёр балои бешумор дидаанд, то аз насими буи чонон гуле шамидаанд ва дар базмгохи чон нафасе орамидаанд, чунон ки гуфтаанд:

Хуни худро мушк кардан кори хар бедард нест,

Нокаро гардид аз ин андеша муи сар сафед.

Азизи ман, ачаб рангест лолазори ишкро, соъате тамошо куну дили гамдидаи худро дар ин гулзори мехнат гунча сон аз насими шавк дида во кун. Шукуфаи ин гулистон аз машшота талаби навбахор аст ва хуррамии ин гулзор аз абри найсони чашм хунбор аст. Хар шефтае, ки дар дашти Зоварони ишк дар сайр аст, хасбулхолаш маколаи (гуфтан) Абусаид Абулхайр аст:

Андар хама дашти Ховарон санге нест,

К-аз хуни дилу дида дар у ранге нест.

Дар хеч замин хеч фарсанге нест,

К-аз дасти гамат нашаста дилтанге нест.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Доир ба хаёт ва фаъолияти Самандархочаи Тирмизи чи медонед?
  2. «Дастур-ул-мулук» чи гуна асар аст?
  3. Дар «Дастур-ул-мулук» кадом шартхои давлатдори нишон дода шудааст?
  4. Хикояи «Дар холи вазирон»- ро хонед ва мазмунашро накл кунед.
  5. Барои чи сухани беандеша ба гуяндааш зарар меоварад?
  6. Байти:

Хасми доно, ки офати чон аст,

Бехтар аз дусте, ки нодон аст – ро

шарху тавзех дихед.

  1. Фоида ва зарархои сафар дар чист?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …