Главная / Маданият ва санъат / Ҳикояи дузд дар хазинаи подшоҳ

Ҳикояи дузд дар хазинаи подшоҳ

Овардаанд, ки дузде доно рўи ҷуръат дар хазинаи под шоҳи вақт овард. Дид, ки подшоҳ бар тахти заррин хобида, аснофи қумоши (навъҳои газвори) шоҳию анвоъи ҷавоҳири подшоҳӣ бар рўи бисот рехта ва шамъи кофурӣ чун рўи тавонгарон афрўхта ва парвонаи мискин мисли дили дарвешон паёпай сўхта. Дузд ба назари эҳтиёт бар чапу рост мулоҳиза намуд ва дид, ки шамшере, ки қарори мулку миллат вобастаи ўст, маймуни беқароре ба даст гирифта, қасди мўрча, ки дар синаи подшоҳ нишаста буд, кард. Дузд чустӣ намуда, дасти маймунро бо ҳамроҳии шамшер маҳкам гирифт. Аз гирудори онҳо подшоҳ бедор шуда чунон аҳволро иттило ёфта гуфт:

 – Чун инояти (меҳрубонии) яздонӣ шавад, дузд посбону душман меҳрубон гардад.

Дузд қабои дониш дар бар дошт, тоҷи давлат бар фарқаш ниҳоданд, чун хори нодонӣ домангири маймун буд, либоси ҳирсаш баркашиданд.

 ловля

Байт

Хасми доно, ки офати ҷон аст,

Беҳтар аз дўсте, ки нодон аст.

Азизи ман, аз сўҳбати ҷабборон (золимон) бипарҳез, ки зимоми (лаҷоми) аҳди эшон суст ва бинои олии ин тоифа заъиф афтода. Ҳамеша рухсораи мурувватро ба нохуни ҷафо харошида доранд ва сарчашмаи футувватро (ҷавонмардиро) ба хоки бадаҳдӣ тира созанд. На ихлосу ошноӣ наздики эшон ҳурмате дораду на собиқаи хидмату робитаи мулозимат (хизматгузорӣ) қадрею қиммате.

Байт

Барои хидмати он кас, ки нашносад ҳақи хидмат,

Макун ту вақти худ зоеъ, ки не музд асту на миннат.

Азизи ман, ҳузур дар ваҳдат асту фароғат дар узлат (гўша-нишинӣ), зеро ки сўҳбати абнои замону (ҳамзамонон) муҷо ласати (ҳамнишинии) дўстони ин ҷаҳонӣ аз заҳри афъӣ (як навъ мори калони заҳрнок) зиёнкортар аст. Ва муҷолисати эшон аз мухотираи ҷон додан душвортар. Аз ин ҷиҳат аст,

ки баъзе аз ҳукамо кунҷи ғоре ё таги чоҳе ихтиёр кардаанд. Азизи ман, бисёр бошад, ки дарвеши комил ва сўфии софдил аз худ хилват созад, бо вуҷуди ин ҳол куҷо бо дигаре пардозад. Чунон ки гуфтаанд.

Байт

Ба хилвате, ки забонбаста роз мегўям,

Садои шаҳпари Ҷабрил дарди сар бошад.

Бирав, ай ақли номаҳрам, ки имшаб бо хаёли ў

Чунон хуш суҳбате дорам, ки ман ҳам нестам маҳрам.

Азизи ман, бояд ки бухлу ҳасадро дар дили худ роҳ

надиҳӣ, ки ҳасад хонабарандози давлату барҳамзади чама-

ни иззат аст. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Ҳасад ҳар ҷо, ки оташ барфурўзад,

Ҳам аз аввал ҳасудонро бисўзад.

Азизи ман, ҳар киро дидаи басират (биноӣ) ба кўҳли (сурмаи) ҷавоҳири тавфиқи азалӣ мунаввар шуда бошад ва гулшани дилаш ба равоеҳи (бўйҳои) раёҳини инояти (меҳрубонии) лоязолӣ (абадӣ, худоӣ) муаттар гашта, ҳар чӣ бар худ написандад, бояд ки бар дигаре низ написандад, чаро ки ҷазои амал ҳақ аст:

 Хоҳӣ, ки туро ҳам бадие н-ояд пеш,

То битвонӣ, бадӣ макун аз каму беш.

Чун неку бади ту бар ту мегардад боз,

Бингар, ки чӣ кор мекунӣ дар ҳақӣ хеш.

 Азизи ман, гаҳ соқии рўзгор шарбати нўши мурод чашо-

над ва гоҳҳо заҳри қаҳр ба ҷуллоби (шарбати қанд) роҳат

расонад. Пас, марди собитқадам он аст, ки ба пўшидани

хилъати давлат лаби нишот ба ханда наёрад ва дар нўшидани ҷуръаи муҳаббат аз дидаи андўҳ ашки ҳасрат наборад, чунон ки гуфтаанд:

Ғамгин машав, ки соқии қудрат зи ҷоми даҳр

Гаҳ нўши лутф медиҳаду гоҳ неши қаҳр.

Азизи ман, домани таҷарруд (танҳоӣ) аз ғубори ағёр бияфшону сари тафрид (танҳоӣ) дар гиребони таваккул (умедба Худо) каш ва наволаи (ғизои) заҳролудаи дунёро ба коми орзу марасон, ки гуфтаанд:

 Байт

Бар хонаи даҳр дасти иродат макун дароз,

К-олуда кардаанд ба заҳр ин наволаро.

Азизи ман, қаноъат мулкест, ки ба ҳар дун (одами паст) надиҳанд ва пирояест (зебу зинатест), ки ба дасти ҳар забун (дармонда) нагузоранд. Қаноъат либосест, ки ҷуз тани подшоҳон напўшанд ва туғроест (хатест), ки ғайр аз маншури (фармони) подшоҳ бад-он макашанд.

Рустам касе бувад, ки барояд ба хўи хеш,

Дар вақти эҳтиёҷ бигирад гулўи хеш.

Обест обрў, ки наёяд дигар ба ҷўй,

Аз ташнагӣ бимиру марез обрўи хеш.

Дарвеше дар бешае мегашт… ва андеша менамуд. Дид, ки шоҳбози тезпарвозе қадре гўшт дар чанголи худ гирифта, назди зоғе бе пару боле фуруд омад. Аз гўшт порае, ки ба қадри ҳавсалаи зоғ бошад, бад – ў дод. Дарвеш гуфт: Хуш

розест, ки мурғе, ки на қуввати тайрон (паридан) дораду на андешаи ҷавлон, дар ин беша бе тўша намегузорад.

Азизи ман, муносиб чунон аст, ки ҳушёрони олами маънӣ мастони ҷоми ғафлатро ба гўшмоли насиҳат ҳушёр созанд.

Ва лоиқ чунон аст, ки бедорони арсаи дониш бехабарони кўи мусолеҳатро ба силии (зарбаи) адаб бедор кунанд. Агарчи сухани ҳақ аз рўи ҳақиқат арақи инфиъол (шарм) бар рўи хубрўён давонад, шояд, ки яке аз ин миён обрўи худ муло

ҳиза карда, аз феъли зишти худ ва аз сўҳбати бадон иҷтиноб намояд.

Байт

Арақ нишаст зи пандам рухи накўи туро,

Зи ман маранҷ, ки мехоҳам обрўи туро.

Азизам, аз сўҳбати ҷоҳили фосиқ барҳазар бош ва хидмати оқили комилро илтизом намой (лозим шумор), ки мувосалати (пайвастагии) фисқу фуҷур чун тарбияти мор аст:

рўзе безарар нахоҳад буд ва мулозимати аҳли хирад монанди таблаи аттор аст, ки беманфиат нахоҳад буд:

 Бош чу аттор, ки аз хўи ў

Ҷоми муаттар шавад аз бўи ў.

Азизи ман, исмат (покдоманӣ) он аст, ки чун шаҳват ғолиб гардад, ту синони (найзаи) нафс боздорӣ ва домани исмат аз лабуси (либоси) ҳаром пок созӣ ва ҷуз тариқи шаръ дар ин роҳ иқдом нанамоӣ, назар аз амали ношоиста бардорӣ,

то дари хайру салоҳ бар рўи ту кушода гардад.

 Байт

Исмат он ҷо, ки роят афрозад,

Дилу динро мудом бинвозад.

Азизи ман, то пои талаб ба хорзори таъаб (ранҷ, азоб) маҷрўҳ нагардад, дасти висол ба гиребони гули мақсуд нарасад. Ҳеҷ касро бе такопўйи саъйе болиғ офтоби мурод аз машриқи умед толеъ нашуд ва бе ҷустуҷўю такупўйрўй аз

даричаи умед рух нанамуд, зеро ки бе хори таъаб натавон гул чид ва дари ганҷи мурод ҷуз ба калиди ранҷ натавон кушод. Пас, муҷоҳида бисёр бояд кард, то кас ба давлати мушоҳида расад, чунон ки гуфтаанд:

Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад,

Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.

Азизи ман, ҳар ки қадам дар талаби коре мениҳад, бояд ки меҳнат ўро мутаҳаммил (бордоштнок) бошад, он ки рўй ба каъбаи мақсуд орад, аз таъаби бодияи (саҳрои) меҳнат набояд андешад, чунон ки гуфтаанд:

 Дар биёбон чун зи шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам, Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махўр.

Азизи ман, дар сафар таҷриба бисёр ба даст ояд ва фоидаи бешумор рўй намояд. Набинӣ, ки осмон, ки пайваста дар сафар аст, аз ҳама болотар аст ва замин, ки ҳамеша дар сутун аст, лагадкўби ҳар дун аст.

 Байт

Дилаш аз ғами ину он абтар аст.

Вале аз ҷафои ватан беҳтар аст.

Азизи ман, бозро ба сабаби он ҷой бар соиди (шикор чии) салотин муқаррар аст, ки сар бар ошёна фурў намеорад ва ҷуғд ба воситаи он дар паси девор мондааст, ки дил

аз ватани вайрон барнамедорад.

Байт

Чу шоҳбоз ба ҷавлон дарову сайр бикун,

Ки ҷуғд чанд тавон буд дар паси девор.

Азизи ман, алами ғурбат ба гўши ту нарасидааст ва самуми (шамоли гармсери сўзона) узлат (гўшанашинӣ) ба гулшани ту навазидааст. Сафар дарахтест, ки ғайр аз хорифироқ бор н-орад ва ғурбат абрест, ки ғайр аз борони мазаллат (хорию зорӣ) қатрае наборад. «Ас-сафар қалъатун мин ас-сақар» (яъне сафар қалъаест пурмашаққат) ва шўъла ест синасўзу тири дилшикоф ва «ҷилоун аъзам-ул-бало»

(яъне ҷилои ватан балоест бузург), новакест ҷигардўз. Пас, беҳтар ҳамон ки дўстон иззи (шарафи) ҳузурро ба базли (харҷи) сафар бадал накунанд.

Ва фироқи ёру диёр, ки натиҷааш ҷуз нолаи зору дидаи ашкбор нест, ба ихтиёр қабул нафармоянд, чунон ки гуфтаанд:

Ҷилои ватан сахт бошад басе,

Куҷо оварад тоби ў ҳар касе.

Ҷудоӣ дарахтест орӣ зи бар,

Ки гар бар диҳад, ҳаст маргаш самар.

Ман имрўз он корафтодаам,

Ки домони ёрӣ зи каф додаам.

На дар дил ҳузуру на дар дида об,

Гирифтори сарпанҷаи сад ғуруб.

Азизи ман, мардуми дида аз он бар сар омадаанд, ки қадам аз зовияи (гўшаи) худ берун наниҳодаанд ва қатароти ашк аз он поймол шудаанд, ки дар гўшаи кошонаи худ қарор нагирифтаанд.

Байт

Даруни хонаи худ ҳар гадо шаҳаншоҳ аст,

Қадам берун манеҳ аз ҳадди хеш, султон бош!

Азизи ман, шунида будам, ки аз сафар таҷриба бисёр ба даст ояду фоидаи бешумор рўй намояд, маро ин таҷриба шуд, ки то зинда бошам, ёди сафар накунам ва ба ихтиёрдавлати мушоҳидаи дўстонро ба меҳнати муҷоҳадаи (кўшиши) ғурбат бадал накунам.

Байт

Дигар муҷоҳадаи ғурбаташ ҳавас нашавад,

Ки дар мушоҳидаи дўстон хуш аст мудом.

Азизи ман, дарди фироқи ёрону ранҷи ҳиҷрони дўстдорон саъбтарин (сахтарин) дардҳосту сахттарин ранҷҳо.

Маълум аст, ки тафарруҷи (сайру гашти) атрофи оламу тамошои риёзи (боғҳои) банни одам ба ёрони ҳамдам ва дўсто ни хуррам хуш аст. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Баҳори умр мулоқоти дўстдорон аст,

Чӣ ҳай (зинда) кунад Хизр аз умри ҷовидон танҳо.

Азизи ман, муддате умри худро дар шодмонию комронӣ гузаронидӣ ва баҳори ҷавониро ба хазони пирию нотавонӣ расонидӣ, акнун осори заъф дар атрофи баданат падид омада, сурур аз дилу нур аз басарат рахти раҳил (кўч) барбаста

ва ниҳоли қувватат, ки меваи мурод баровардӣ, акнун ба самуми аҷзу бечорагӣ рўй ба пажмурдагӣ ниҳода. Одати рўзгор он аст, ки гулшани ҷавониро ба хасу хошоки мазаллати (хорию зории) пирию муфлисӣ муқаддам гардонад. Агар марди хирадмандӣ, дидаи дилро ба кўҳли (сурмаи) ҷавоҳири фааббар равшан созу матоъи дунёро нобуда дониста, рўй ба ҷустуҷўи давлати боқӣ ор. Чунон ки гуфтаанд:

Нишоти ҷавонон зи пирон маҷўй,

Ки оби равон боз н-ояд ба ҷўй.

Бибояд ҳавас кард аз сар бадар,

Ки даври ҳавасбозӣ омад ба сар.

Чу бар сар нишинад зи пирӣ ғубор,

Дигар айши софӣ таваққуф мадор…

Азизи ман, донистаӣ, ки дам ба дам кўси (дойраи) раҳил фурў хоҳанд кўфт ва сармояи ҳаёт, ки матоъест дар хонаи бадан амонат ниҳода, боз хоҳанд талабид. Муқаддимаи сипоҳи марг, ки иборат аз заъфи пирист, бар мамлакати бадан тохтан орад. Ва талояи (гурўҳи пешгардӣ) лашкари аҷал, ки иборат аз мўи сафед аст, атрофи ҳисори вуҷуд фурў гирад.

Навбати пирӣ гавҳарест латифу зиндагонӣ ҷавҳарест шариф, дубора ба даст наёяд, ночор аз даст равад. Ғанимат дор, ки нақдест пурҳосил. Азизаш шумор, ки мусофирест мустаъҷил (шитобанда).

Байт

Хабар дорӣ, ай устухони қафас,

Ки ҷони ту мурғест, номаш нафас.

Чу мурғ аз қафас рафт, бигсаст қайд,

Дигар раҳ нагардад ба сайъи ту сайд.

Нигаҳ назди доно беҳ аз оламест.

Даме назди доно беҳ аз оламест.

Азизи ман, ҳар ҷо,ки ишқест, ҳуснест ва ҳар ҷо, ки ҳуснест, ишқест ва ин ҳар ду як чизанд.

Азизи ман, дурри ишқ дар ҳар баҳр қарор нагирад ва райҳони муҳаббат дар ҳар бўстон нарўяд ва мурғи олиҳиммати ишқ дар ҳар шох ошён насозад ва ҳар тардомане тоқати неши анқои муҳаббат наёрад. Ошиқоне, ки гули мурод аз

гулзори умед чидаанд ва аз мазраъаи ҳаёт ба ҳусулу самар расидаанд, аз неши ҳар хор чандин ҳазор озор кашидаанд ва аз ранҷи меҳнати ағёр балои бешумор дидаанд, то аз насими бўи ҷонон гуле шамидаанд ва дар базмгоҳи ҷон нафасе орамидаанд, чунон ки гуфтаанд:

Хуни худро мушк кардан кори ҳар бедард нест,

Ноқаро гардид аз ин андеша мўи сар сафед.

Азизи ман, аҷаб рангест лолазори ишқро, соъате тамошо куну дили ғамдидаи худро дар ин гулзори меҳнат ғунча сон аз насими шавқ дида во кун. Шукуфаи ин гулистон аз машшота талаби навбаҳор аст ва хуррамии ин гулзор аз абри найсони чашм хунбор аст. Ҳар шефтае, ки дар дашти Зоварони ишқ дар сайр аст, ҳасбулҳолаш мақолаи (гуфтан) Абўсаид Абулхайр аст:

Андар ҳама дашти Ховарон санге нест,

К-аз хуни дилу дида дар ў ранге нест.

Дар ҳеҷ замин ҳеҷ фарсанге нест,

К-аз дасти ғамат нашаста дилтанге нест.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Самандархоҷаи Тирмизӣ чӣ медонед?
  2. «Дастур-ул-мулук» чӣ гуна асар аст?
  3. Дар «Дастур-ул-мулук» кадом шартҳои давлатдорӣ нишон дода шудааст?
  4. Ҳикояи «Дар ҳоли вазирон»- ро хонед ва мазмунашро нақл кунед.
  5. Барои чӣ сухани беандеша ба гўяндааш зарар меоварад?
  6. Байти:

Хасми доно, ки офати ҷон аст,

Беҳтар аз дўсте, ки нодон аст – ро

шарҳу тавзеҳ диҳед.

  1. Фоида ва зарарҳои сафар дар чист?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …