Главная / Илм / ДАРМАНА

ДАРМАНА

darmanaДАРМАНА (Artemisia mogoltavica), ших, шибог, сурхшибог, растаниест нимбутта. То 30 – 40 см кад мекашад; аз хар бехи он то 20 пояи бури сиёхтоб нуму меёбад. Баргаш нештаршакл, гулаш майдаи найчамонанд, кабудчаи зард. Мохи окт. гул карда, нояб. дон мебандад. Д. асосан дар Казокистон ва Точикистони Шимоли вомехурад. Асосан дар дашту доманаи кухсор меруяд. Шимолтар аз к. Мевагул ва чанубтар аз Консой (вил. Сугд) майдони васеи дарманазор вокеъ аст.
Д. растании шифобахш аст. Хосияти киччаронии он хануз ба табибону олимони атика ва асрхои миёна Дискуридус, Плиний, Чолинус, Закариёи Рози, Абуалии Сино ва диг. маълум буд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино ших кирмро мекушад, равгани он барои таб муфид аст. Бо шираи алафи Д. варами чашмро тарбанди мекунанд; он инчунин чарохатро бозмедорад. Хокистари бо равгани зайтун ё бодом омехтаи он давои хубест барои чараб (кали). Табибони халки чушоби сабадаки гули Д. (чойи дармана)-ро барои илочи варача, домана, ташаннуч ва чун воситаи рафъи кирм (аскарида, халкакирмхо, ришта, кичча), равгани онро хангоми нафастанги, табларза, обхура тавсия медиханд. Аз хокистари Д. ва равган мархами махсус тахия карда, барои пешгирии рехтани муй ба сар мемоланд. Чушоби тухми Д. чун позахр тавсия шудааст. Бино ба акидаи табибон агар Д.-ро биёшоманд, барои газидани гунда ва каждум, инчунин бар зидди хамаи захрхои тармизоч тарёк мешавад; душвории нафасро ислох мегардонад, оругро рафъ мекунад. Д.-ро пухта, бо он гармбанди кунанд ва батакрор онро бимоланд, барои дарди чашм, ки сабабаш зиёд гаштани балгам бошад, дору мешавад. Хокистари ин гиёхро бо равгани зайтун хамир сохта, ба чойхои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, ба зуди дар он чойхо муйро меруёнад.
Аз Д. равган хам мегиранд. Бо ин максад дар зарфи шишагин то нисф равгани кунчид андохта, даруни онро аз баргу пояи Д. пур мекунанд ва ба офтоб мегузоранд. Дар муддати 6 руз кувват ва ранги он ба равган мегузарад. Сипас Д.-ро фишурда мепартоянд ва зарфро аз дигар бо баргу поя пур мекунанд (хамин тавр то 6 маротиба Д.-ро иваз менамоянд). Баъд фишурда равганро соф карда мегиранд. Агар онро бихуранд, барои иллатхои душвории нафас, илтихоб, варами меъда, истиско, кирмсори, газидани каждум ва гунда, руёндани гушти солим даво мебошад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственые растиния СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …