Главная / Илм / БУГМА

БУГМА

leonticeБУГМА (Leontice ewersmannii), гилемшуй, собунак, тасбехак, навъе аз гиёххои бисёрсола. Аз 20 то 60 см кад мекашад. Баргаш пахни чокдор, гулаш зард, гузааш пуфакшакл (1 – 2 тухм дорад). Март – апр. гул ва апр. – июн мева мекунад. Одатан, дар нишебии куххо, буттаю бешазори гармсер, пистаю фаркзор меруяд. Онро дар мавзеъхои Сирдарё, Хисору Дарвоз ва Точикистони Чануби (дар баландии 1100 – 1900 м аз с.б.) дучор омадан мумкин аст.
Бо акидаи Дискуридус ин растаниро хама медонад, зеро он пашмро «аз ифлосихо тоза мекунад». Беруни Б.-ро гилемшуй номидааст. Ва имруз низ лундабеххои онро собунак меноманд. Пештар онро чун собун кор мефармуданд.
Дар тибби халки чушоби бехи Б.-ро давои илтихоб, захми меъдаву руда, сил, бугма, заифии тан ва г. мехисобиданд. Чушоби баргу гул ва меваи он ба сифати обзан (ванна) барои муоличаи амрози пуст тавсия мешавад, бо мева ва бехи Б. бемории сифилисро табобат мекарданд.
Дар тибби илми киёми хушк ва тари L. Smirnovii барои табобати гастрит, ахилия ва диг. беморихое, ки вобаста ба камии тарашшухи шираи меъда мебошанд, истифода мегардад. Киёми хушки Б. хокаи сафеди зардча буда, таъми талх дорад ва дар об нагз хал мешавад. Аз Б. алкалоидхои таспин, пахикарпин, лупанин, леонтидин, деонтамин, леонтин ва г. чудо карда шудаанд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …