Главная / Илм / БЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА

БЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА

talhaБЕМОРИИ САНГИ ТАЛХА (Cholelithiasis), холелитиаз, холесистити калкулёзи, бемориест, ки дар натичаи инъикоди талха ё ихтилоли мубодилаи моддахо дар талхадон ё талхароха санг хосил мешавад. Бештар дар занхо ба мушохида мерасад.
Б. тадричан инкишоф меёбад. Бемор чандин сол дар зери кабургаи тарафи рост вазнини хис мекунад, ки баъд аз истеъмоли хурок (хусусан гуштбирён, равгани гусфанд ё гов, хурокии дуддода, шур, очор, шароб) ба вучуд омада, дахон ва оруг талх мешавад. Ин аломатхо кофист, ки одам бояд ба духтур мурочиат кунад. Дар ин давраи инкишофи бемори духтур метавонад ба мариз ёрии босамар расонад. Пархез ва низоми тагзия (мувофики тавсияи духтур) холати беморро бехтар намуда, уро аз хуручи бемори рахо медихад. Аммо, аксаран, факат хангоми дар зери кабургаи тарафи рост сар задани хуручи дарди сахт (ба ном халаи чигар), ки ба зери шона ва чанбар пахн мешавад, ба духтур мурочиат мекунанд. Чунин хуручи дард бештар мавриди дар талхадон вучуд доштани санг авч мегирад. Дар ин гуна холатхо чаррохи ногузир аст.
Пурхури ва камхаракати боиси инъикоди талха гардида, ба пайдоиши Б. таъсири калон мерасонад. Бенизом хурок хурдан, пурхури, дам кардани шикам ва кабзият боиси илтихоб ва носозии харакати талха ва рохи талха шуда, дар натича аввал тагйироти анатоми, сипас инъикод ба вучуд меояд. Барои пайдоиши Б. тамоюли ирси низ мавкеи хос дорад. Дар натичаи инъикоди талха ё ихтилоли мубодилаи моддахо микдори кислотаи талха кам гашта, аз тахшини холестерин ва билирубин (моддаи рангбахши талха)-и таркиби он санг хосил мешавад. Микдори кислотахои талха то андозае ба микдор ва сифати равгани истеъмоли вобаста аст. Ба хосил шудани санг чи барзиёди ва чи норасоии равган (дар вояи хурок) мусоидат мекунад.
Барои беморон риояи тавсияи духтур оид ба низоми истеъмоли хурок шарти хатмист. Хангоми Б. рузе камаш 1 соат дар хавои тоза сайругашт кардан зарур аст. Хурокро ба микдори кам (рузе 4 – 5 маротиба) бояд хурд. Одам хар кадар дер-дер хурок хурад, талха дар талхадон хамон кадар дертар манъ мешавад. Таркиби гизо бояд аз равгани зард, равгани растани, гушт, мохи ва г. иборат бошад. Шакидаи сабзавот (лаблабу, шалгамча, турб ва г.) барои рондани талха хеле муфид аст. Истеъмоли таоми тунду тез, пиёз,шилха, испанох, нушокихои спиртдор манъ мебошад. Обхои минералии ишкориро факат аз руи таъиноти духтур нушидан лозим.
Ад.: Мансурова Ф.Х., Желчнокаменная болезнь в Таджикистане, Д., 2004; Мансуров Х.Х. (ва диг.), Метаболический синдром с проявлением желчнокаменной болезни, Д., 2007.

Ф. Х. Мансурова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …