Главная / Илм / БЕДГУЛ

БЕДГУЛ

nerium_oleanderБЕДГУЛ (Nerium oleandr), харзахра, буттаест хамешасабз ва ороиши. Асосан дар минтакахои субтропики меруяд. То 2 – 2,5 м кад мекашад. Баргаш гафси дарозруя, ба барги бед монанд буда, дар танаи навдахо 3 – 4-тои ру ба руи якдигар чой гирифтааст. Гулаш сурх, гулоби, сафед ё зард, аз 5 гулбарг иборат мебошад. Мевааш баргмонанд, сертухм; тухмаш пупакдор. Танаи Б. шираи сафеди ширмонанд дорад. Дар сохилхои чан. Крим, сохили Бахри Сиёхи Кавказ, Закавказия ва нохияхои чан. Осиёи Маркази парвариш мекунанд. Баъзан дар хона хам мепарваранд.
Хамаи узвхои Б. аз сабаби гликозидхои олеандрин, корнерин, адинерин, нериантин, нериин ва г. доштанашон захрноканд. Бо дорухое, ки аз барги Б. мегиранд (нериолин ва корнерин), ихтилоли фаъолияти дилу рагхоро бартараф менамоянд. Онхоро факат бо тавсияи духтур истифода бурдан мумкин аст.
Дар тибби халки бо барги Б. варам, дарди миён, рагкаши, тарбод ва бо гулаш назларо табобат менамоянд; бо оби гулаш муш, мурча ва диг. хашаротро аз хона гурезондан мумкин аст. Баргу гули бо равгани зайтун чушондаи Б. шукуфа, сарсом ва хоришро нест мекунад. Ба акидаи табибони мардуми агар барги Б.-ро пухта ё куфта гузошта банданд, варамхои сахтро тахлил медихад, дарди кухнаи пушт ва зонуро таскин мебахшад, иркуннисо (радикулит), хоришак, догхои пустро дафъ мекунад. Оби баргашро бимоланд, кутури пустро шифо мебахшад, барги хушкашро куфта бипошанд, захмхоро ба хам оварда сихат мекунад.
Б. растании захрнок аст. Хангоми захролуд шудан (дард кардани шикам, васеъ шудани гавхарак, дилбехузури, кай, тез задани дил, исхол, галлютсинатсия) бояд бетаъхир ба духтур мурочиат кард.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …