Главная / Илм / БАЛОГАТИ ЧИНСи

БАЛОГАТИ ЧИНСи

balogatБАЛОГАТИ ЧИНСи (Pubertas), давраи ба балогат расидани организм, яъне пайдо кардани кобилияти афзоиш. Давраи Б. ч.-и одамро давраи кадраси ё булуг меноманд. Ташаккули гаризаи чинси (ниг. Шахват) дар давраи Б. ч. хеле шиддат меёбад. Дар ин айём духтарон бори аввал хайз мебинанд (ниг. Давраи хайз); дар писарон эхтилом (ихрочи нутфа хангоми хоббини) руй медихад. Дар давраи Б. ч. зери таъсири гадудхои усораи дохили тамоми организм тагйир меёбад: сабзиши босуръат, пайдо шудани аломатхои дуюмини чинси, дар рую тани писарон сабзидани муй, гафс гаштани овоз ва г.; духтарон бинобар дар зери пуст гун шудани чарбу (аввал дар рону сурин) чисман пурра , гадудхои сина ва устухони кос калон мешаванд.
Духтарон нисбат ба писарон барвакттар ба балогат мерасанд. Аз руи хисоби акселератсия Б. ч.-и духтарон бояд аз 12 – 14-солаги сар шуда, дар 16 – 18-солаги ба охир расад; он дар писарон аз 13 – 15-солаги огоз ёфта, дар 16 – 18-солаги анчом мепазирад. Мухлати огози Б. ч. ба омилхои гуногун, аз кабили хусусиятхои ирси, шароити зиндаги ва иктисодию ичтимои, саломати, хурок, иклим ва г. низ вобаста аст. Шароити номусоид (зиндагии душвор, хуроки камгизо, беморихо ва г.) боиси боздошт ё номувофикатии инкишофи чисмонию рухи мегардад.
Тагйироти организм дар давраи Б. ч. факат ба дигаргунихои шахвони вобаста нест. Дар ин вакт рухияи наврас ва фаъолияти силсилаи асабхои у низ тагйир меёбад (ниг. Синни навраси). Яъне баробари тагйири танзими гормонхо ва инкишофи чисмони рухияи наврасон низ дигар мешавад. Дар чараёни Б. ч. ба ном шуури чинси ташаккул меёбад, яъне наврас ба кадом чинс тааллук доштанашро мефахмад, рафторашро ба максаду талаботи одобу ахлоки чамъият мувофик месозад (ниг. Тарбияи чинси). Дар ин давра ба чинси мукобил шавк пайдо шуда, байни наврасон муносибати хос ташаккул меёбад (ошикии бегараз – афлотуни). Танхо баъди Б. ч. эхсоси махсуси шахват ва фаъолияти чинси ба вучуд омада, шуури болиги чинси ташаккул хохад ёфт.
Яке аз хусусиятхои мухими инкишофи чисмонии давраи Б. ч. ихтилоли муваккати таносуби бадан аст. Дасту по нисбат ба чисм тезтар инкишоф меёбанд. Бинобар ин харакатхои наврас дурушт мешаванд. у ин «камбуди»-ро дарк карда, ба он махсус диккат медихад, дар натича харакатхо бештар ночаспон мегарданд. Кувваю вазни мушакхои писарон бошиддат зиёд мешавад (вазни мушакхо аз рузи таваллуд то 8-солаги факат 4%, дар 2 – 3 соли давраи Б. ч. ба хисоби миёна 12% меафзояд). Дар баробари ин, наврасон пайваста машк мекунанд. Инкишофи узвхои даруни аз сабзиши устухонбанди ва мушакхо акиб мемонад. Чунончи, рагхои хун нисбат ба дил зудтар инкишоф меёбанд, дар натича фишори хун баланд ва кори дил каме вазнин мегардад. Дар ин давра сарбории организм афзуда, нукси кори дил, чарх задани сар, сианоз (кабуд шудани ранги пуст), сард гаштани дасту по, дарди сар, хастаги падид меоянд.
Хусусан хулку атвори наврас тагийр меёбад. Аз хисоби таассуроту хиссиёти нав рухияи наврас гани, худ серхаракат, эхсосот ноустувор ва кайфият пурихтилоф мешавад. Эхсосоти баланд якчоя бо дилсахти, шармгинии тавъам бо беодобии намоишкорона рух менамоянд. Нобоварию назари танкиди ба чизхои маъмул, токатнопазири ба насихати волидайн хоси наврасон аст. Дар ин давра як навъ холати ба невроз монанд, хашмгини, гирёнчаки (дар духтарон, хусусан айёми хайз) ба мушохида мерасанд.
Падару модар ва омузгорон бояд ба наврас муносибати дуруст ва гамхорона кунанд. Мохият ва мафхуми биологии ин тагйиротро ба онхо мулоим фахмондан лозим аст. Наврас дар ин давра бояд дар шахси волидайн ва омузгорон дустонеро бинад, ки ба онхо такя карда метавонад. Дар ин синну сол рохи дурусти тарбия хамин аст, ки наврасон ба фаъолият чалб ва аз хиссиёти чинси дур нигох дошта шаванд.
Дар давраи Б. ч. чисман муътадил инкишоф ёфтани наврас басо мухим аст. Барои ин ба хурду хурок (он бояд сергизо бошад) ва машгулиятхои чисмонии у бояд эътибори махсус дода шавад.
Агар дар духтарон баъди 13-солаги ва дар писарон баъди 14-солаги аломатхои чинсии дуюмин ба мушохида нарасанд, пас сухан аз боби таъхири Б. ч. меравад. Дар ин гуна холатхо ба духтури эндокринолог мурочиат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …