Главная / Илм / АРАК

АРАК

holodnij-pot-prichini-2АРАК, моеъи берангест, ки гадуди араки баъзе ширмакхо ва одам ихроч мекунад. Гадудхои А. дар руй, кафи дасту по ва зери багал чой гирифтаанд. А.-и одам аз 98 – 99% об, такр. 0,1% карбамид, кислотаи пешоб, креатинин, серин, чарб, кислотахои чарб, холестерин, намакхои металлхои ишкори – хлоридхо (аз хама зиёд NaCl – кариб 0,3%), фосфатхо, сулфатхо ва оксикислотахои аромати иборат аст. Ба ихрочи А. хамеша тарашшухоти гадуди равган низ чур мешавад. Таркиби А. аз вазъи организм, суръати ихроч ва микдори моддахои гуногун дар хун вобасти дорад. Реаксияи мухити А. турш (pH 3,8 – 6,2) ё ишкори (хангоми тачзияи карбамид ва чудо шудани аммиак) мебошад. Организми одам дар як шаборуз аз 0,5 то 10 л А., гохо бештар аз он (дар вакти кори бошиддати мушакхо, баланд будани харорати мухити беруна, вобаста ба микдори оби нушида) чудо мекунад. Хангоми ночурихои организм дар таркиби А. глюкоза (диабети канд), пигментхои талха, систин (систинурия), баъзан эритроситхо ба мушохида мерасанд.
А. метавонад буйи нохуш дошта бошад (мас., А.-и пой), ки сабаби он мавчудияти кислотахои зудбухори равган аст. Кислотахои мазкур дар натичаи тачзияи бактериявии А. хосил мешаванд. Хангоми фаъолияти сахти мушакхо, хусусан мусобикахои варзиши, дар таркиби А. микдори кислотаи шир (то 500 мг%) ва моддахои нитрогендор (дар як шаборуз то 1 г нитроген) меафзояд. Ниг. низ Аракшори.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …