Главная / Илм / АНЕСТЕЗИОЛОГИЯ

АНЕСТЕЗИОЛОГИЯ

anasteziologiyaАНЕСТЕЗИОЛОГИЯ (Anaesthesiologia; аз юн. anaisthesia – бехисси, карахти ва …логия), як фасли тибби амалист, ки масъалахои рафъи дард ва идораи фаъолияти хаётан мухими организм (нафаскаши, гардиши хун, мубодилаи моддахо ва г.)-ро тахия месозад. Баъзе усулхои А. ба табибони кадим маълум буд. Мас., онхо бо максади карахт кардан аз маводи мухаддир, шароб, тарёк ва г. истифода мебурданд.
Усулхои асосии рафъи дард, наркоз ва бехиссозии чузъи дар а. 19 кашф шуда, минбаъд таракки ва такмил ёфтанд. А. чун илм с-хои 50-уми а.20 ба вучуд омадааст. Дар ин муддат усулхои нави рафъи дард дарёфт шуданд, асбобхои наркози тахия гаштанд; онхо фаъолияти хаётан мухими организмро назорат карда, маризихоро саривакт пешгири менамуданд; дорухои нав синтез карда шуданд. Ин хама боиси костани хатари чаррохи гардид, барои чаррохии дарозмуддати дил, шуш ва диг. узвхо имкониятхои зарури фарохам омаданд.
А. пайваста бо дастовардхои физиология, фармакология, биохимия ва техника ривоч меёбад. Вай ба чаррохон имкон медихад, ки мураккабтарин амалиёти чаррохиро бомуваффакият ичро карда, барои зудтар аз байн рафтани осори амали чаррохи ва шифо ёфтани мариз шароити мусоди мухайё созанд.
Дар Точикистон А. солхои аввали Хокимияти Шурави ба вучуд омадааст. Сараввал ба масоили илми ва амалии А. чаррохон машгул мешуданд. Минбаъд дар ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино тарбияи анестезиологхо ба рох монда шуд. Дар аксар беморхонахои шахри ва нохияви шуъбахои анестезиологи ташкил ёфта, бо тачхизоти замонави ва мутахассисон таъмин карда шуданд. Олимони чумхури дар халли усулхои А.-и кудакон ва мубориза бо танкисии нафаскаши тадкикоти амик гузарониданд. Онхо дар шароити кухистон тарики ба кор бурдани карахтсози ва чараёни онро омухта, дафъатан А.-и баландкухиро ривоч доданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …