АЛКАЛОИДХО (аз лот. alkali – ишкор ва юн. oidos – монанд), навъе аз пайвастхои органикии нитрогендори наботи, ки хосияти асосхоро дошта, таъсири физиологи мерасонанд. Дар растани кашф шудани А. ахамияти калон дошт, зеро то авв. а. 19 гумон мерафт, ки моддахои наботи нитроген надоранд. Соли 1803 А.-и афюн дар на- муди омехтаи моддахои кристалли кашф шуд. Соли 1806 аз он алкалоиди морфинро чудо карданд. Дар а. 19 стрихнин, хинин, кофеин, атропин, эфедрин ва г. кашф шу- данд. Феълан такр. 10 хаз. навъи А. маъ- лум аст.
А. сохти мураккаб ва аксар дар моле- кулаашон гетеросикл доранд. Вояи зиёди онхо захр аст. А. дар растани, одатан, дар намуди намаки кислотахои органики, мас., кислотахои оксалат, себ, шароб, лиму ва г. мавчуданд. Бештар растанихои дупаллаги А. доранд. Барои чудо кардани омехтаи А. аз усулхои хроматография ва тахлили химияви истифода мебаранд. Бисёр А. моддахои кристаллии беранг ва табиатан пайвастхои гетеросикли мебошанд. А.-и сода аз 10 ва А.-и мураккаб такр. аз 50 атоми карбон иборатанд. А. бо кислотахо (мас., кислотахои сулфат, хлорид, салитсилат, оксалат ва г.) намак хосил мекунанд. Мукаррар кардани сохти А. душвор аст. Бахри ин табиати гурухеро, ки атомхои оксиген ва нитроген дорад, муайян месо- занд ва молекуларо то ба порчахои сохта- шон маълум тачзия менамоянд. Дурустии тасаввурот оид ба сохти А. бо рохи синтез амали гардонда мешавад. Сохтори чунин моддахои мураккаб, мас., морфин, стрих- нин ва резерпин муайян карда шудааст.
Гуногунии сохти А. таснифи онхоро душвор месозад. Дар ин маврид бисёр вакт кисми нитрогендори молекулаи А.-ро чун аломати асоси ба эътибор мегиранд (мас., хосилаи пирролидин, пиридин, хиномен индол ва г.). Дар растани бештар А.-и сох- ташон бо хам наздик мавчуданд, бинобар ин, моддахоеро, ки сохташон мукаррар нашудааст, аз руи гурухи растани тасниф мекунанд, мас., А.-и авранч, А.-и афюн ва г. Дар як растани, одатан, чанд А.-и сохто- рашон монанд вомехуранд. Бисёр А. (мас., кофеин, теобромин, эфедрин, ареколин ва г.)-ро бо рохи синтез хосил мекунанд.
Дар баъзе мавридхо А.-и табиии чудокардаро ба дору табдил медиханд. Баъзеи онхо ба силсилаи асаб, рагхо, му- шак ва г. таъсири интихоби мерасонанд. Мас., стрихнин ва кофеин системаи мар- казии асабро меангезад, морфин ва ско- поламин онро ором месозад; хинин анге- зандаи варачаро махв мекунад; апомор- фин хосияти кайовари дорад; теобромин таъсири пешоброни зохир менамояд. Дар тиб асосан А.-и холис, намак ва хосилахои онхо истифода мешаванд. Дорухои А.-и захрнок (атропин, хинин, папаверин, морфин, кодеин, стрихнин, кофеин ва г.) бояд дар чевони алохида куфл карда (руйхати А
– дорухои захрноки растаниги) ё аз дигар дорухо чудо нигох дошта шаванд (руйхати Б – дорухои сахттаъсир). Дар сурати бена- зорат истифода бурдани дорухои алкало- иддор организм захролуд мешавад.
Ад.: Орехов А.П., Химия алкалоидов, М., 1955; Несмеянов А.Н., Несмеянов Н.А., Начало органической химии, т. 2, М., 1970; Юну- сов С.Ю., Алкалоиды, Ташкент, 1981; Соко- лов С.Я., Замотаев И.П., Справочник по лекарственным растениям. Фитотерапия, М., 1988; Машковский М.Д., Лекарственные средства, М., 2001. М. Самиев.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …