Главная / Биология / АФЗОИШИ ГАЙРИЧИНСИ

АФЗОИШИ ГАЙРИЧИНСИ

Дар мавриди афзоиши гайричинси организми нав аз хисоби як ё чанд хучайраи гайричинсии (сомотики)-и организми модари пайдо мешавад.

Бештар соддатаринхо (амёба, эвгленаи сабз ва гайра) обсабзхои якхучайраги (хламидомонад) бо рохи таксимшавии митози афзоиш мекунанд. Мавчудоти якхучайраи дигар, масалан, баъзе занбуругхои дарачаи паст, обсабзи хлорелла, плазмодия (барангезандаи табларза) бо спора афзоиш меёбанд. Дар аснои чунин шакли афзоиш хучайра, ки дар натичаи паихам таксим шудани ядрои модари пайдо шудааст, боз ба чанд кисми алохида чудо мешавад (микдори ядрохо дар онхо баробаранд). Хамчунин организмхои серхучайра, ба монанди ушнахо, занбуругхои дарачаи оли, обсабзхои серхучайра, сарахсшаклон ва гайрахо кобиляти пайдо кардани спорахоро доранд.

gairijinsi

Хам дар якхучайрагихо ва хам дар организмхои серхучайра тарзи дигари афзоиши гайричинси – мугчабанди низ дида мешавад, масалан, дар замбуругхои хамиртуруш (расми 6.1) ва баъзе инфузорияхо (инфузорияи маканда). Тарзи мугчабанди чунин аст: дар хучайрахои модари аввал дамидагии начандон калон пайдо мешавад, ки ядро дорад ва онро мугча меноманд; мугча калон шуда, баробари ба хачми модар наздик шудан аз модар чудо мегардад ва мустакилона хаёт мегузаронад.

Мугчабандии занбуруги хамиртуруш Дар мавчудоти серхучайра (гидрои обхои ширин) мугча аз хучайрахое, ки харду девораи чисмро ихота кардаанд, пайдо мешавад. Он сабзида дароз мешавад ва дар кисми пеш ковокии дахон пайдо мекунад. Мугчабанди хамон вакт ба охир мерасад, ки гидрои хурд ташаккул ёбад ва аз организми модар чудо шавад (расми 6.2).

Дар чонварони серхучайра, масалан, дар халкакирмхо афзоиши гайричинси бо рохи ду таксим шудани бадан, дар пахнкирмхо ва сузанпустон бо рохи кисм-кисм шудани бадан (фрагментатсия) ба амал меояд. Аз хар яки ин кисмхо организми нав инкишоф меёбад. Дар олами наботот афзоиши нашви, яъне афзоиш аз хисоби кисми тана хеле васеъ пахн гардидааст. Масалан, аз каламча, муяк, лундак сабзидани растанихо (расми 6.3).

Барои афзоиши картошка кисми шаклдигаркардаи пояи зеризамини (лунда)-ро истифода мебаранд. Ёсуман ва бед аз навда афзоиш меёбанд. Бо ёрии каламча бошад, ток ва кортро месабзонанд. Навдахои дароз ва хазандаи шахтути замини, ки аз муякхо иборатанд, мугча пайдо мекунанд. Аз онхо дар вакти шинондан растании нав ба вучуд меояд. Як кисми ками растанихо, масалан, гули бегона (бегония) ба воситаи барг афзоиш меёбад. Дар кисми поёни барг, дар чои рагрони реша ва дар болои барг мугча ва навда пайдо мешавад.

Барои афзоиши нашви, инчунин, решаро истифода мебаранд. Дар богдори бо ёрии каламчахои аз пахлурешахо гирифта баъзе растанихоро месабзонанд, масалан, тамашк, олуболу, олу ва гулхои гуногун. Гули кашкари (георгина) аз лундарешахо зиёд карда мешавад. Кисмхои шаклдигаркардаи зеризамини (аз чумла, танареша) низ метавонанд растанихои навро пайдо кунанд. Афзоиши нашви дар баъзе хайвонот хам дида мешавад. Чунончи, баъзе халкакирмхои сермуяк бо рохи кисм-кисм чудо шудани тана афзоиш меёбанд;

Асоси афзоиши нашвиро кобилияти тачдиди узвхо (регениратсия) низ ташкил медихад. Тачдид ё баркарор карданиузви гумшуда хоси бисёр чонварони бемухра ва баъзе хайвоноти мухрадор, обхокихо мебошад. Афзоиши гайричинси, ки дар рафти тахаввулот (эволютсия) нисбат ба афзоиши чинси пештар ба вучуд омадааст, раванди хеле босамар мебошад.

Бо ёрии он дар шароити мусоид микдори намудхо хеле зиёд мешавад. Албатта, дар хамаи шакли афзоиши гайричинси генотипи насл ва модарашон якхелаанд. Барои дуруст фахмидани ин ба мавзуи митоз нигаред, чунки дар интерфаза

айнан дучандшавии маводи генетикаи хучайра ба амал омада, дар натичаи таксимшави хар як хучайрахои духтари ахбороти ирсии ба модар монандро мегирад.

Аз сабаби он ки хамаи хучайрахои чисми (сомотики) дар натичаи таксимшавии митози ба вучуд меоянд ва аз онхо организмхои нав инкишоф меёбанд, бинобар ин фардхои бо ин рох афзоишёфта аз чихати генетики ба хамдигар монанданд. Албатта, дар ин чо афзудани гуногуншаклии генетики рух намедихад, вале дар нитичаи дигар шудани мухити зист ва мутатсия баъзе аломатхои нави муфид пайдо мешавад.

Саволхо барои санчиш:

  1. Дар кадом организмхо афзоиши гайричинси дида мешавад?
  2. Кадом шаклхои афзоиши гайричинси ба шумо маълуманд?

Мисол оред.

  1. Чаро дар наслхои бо рохи афзоиши гайричинси пайдошуда бо якдигар ва фардхои волидон монанданд?

Истилохот:

  1. Афзоиши гайричинси – афзоише, ки такроршавии наслхо аз хисоби хучайрахои бадан (сомотики) ба амал меояд.
  2. Афзоиши чинси – тарзи ба худ монанд пайдо шудан, ки такроршавии наслхо аз хисоби хучайрахои махсусгардида, яъне хучайрахои чинси ба амал меояд.
  1. Афзоиши нашви – таксимшавии митозии ядро, ки ситотомия ба он оварда мерасонад, ки ситоплазма дар байни хучайрахои духтари нобаробар таксим мешавад.
  2. Мугчабанди – шакли афзоиши организмхо, ки аз хисоби бадани модари пайдо мешаванд.
  3. Спорахосилшави – таксимшавии бисёркаратаи хучайра ба порча-порча шудани ситоплазма, ки бо микдори ядрохо мувофиканд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …