Главная / Биология / АФЗОИШИ ҒАЙРИҶИНСӢ

АФЗОИШИ ҒАЙРИҶИНСӢ

Дар мавриди афзоиши ғайриҷинсӣ организми нав аз ҳисоби як ё чанд ҳуҷайраи ғайриҷинсии (сомотики)-и организми модарӣ пайдо мешавад.

Бештар соддатаринҳо (амёба, эвгленаи сабз ва ғайра) обсабзҳои якҳуҷайрагӣ (хламидомонад) бо роҳи тақсимшавии митозӣ афзоиш мекунанд. Мавҷудоти якҳуҷайраи дигар, масалан, баъзе занбўруғҳои дараҷаи паст, обсабзи хлорелла, плазмодия (барангезандаи табларза) бо спора афзоиш меёбанд. Дар аснои чунин шакли афзоиш ҳуҷайра, ки дар натиҷаи паиҳам тақсим шудани ядрои модарӣ пайдо шудааст, боз ба чанд қисми алоҳида ҷудо мешавад (миқдори ядроҳо дар онҳо баробаранд). Ҳамчунин организмҳои серҳуҷайра, ба монанди ушнаҳо, занбўруғҳои дараҷаи олӣ, обсабзҳои серҳуҷайра, сарахсшаклон ва ғайраҳо қобиляти пайдо кардани спораҳоро доранд.

gairijinsi

Ҳам дар якҳуҷайрагиҳо ва ҳам дар организмҳои серҳуҷайра тарзи дигари афзоиши ғайриҷинсӣ – муғҷабандӣ низ дида мешавад, масалан, дар замбўруғҳои ҳамиртуруш (расми 6.1) ва баъзе инфузорияҳо (инфузорияи маканда). Тарзи муғҷабандӣ чунин аст: дар ҳуҷайраҳои модарӣ аввал дамидагии начандон калон пайдо мешавад, ки ядро дорад ва онро муғҷа меноманд; муғҷа калон шуда, баробари ба ҳаҷми модар наздик шудан аз модар ҷудо мегардад ва мустақилона ҳаёт мегузаронад.

Муғҷабандии занбўруғи хамиртуруш Дар мавҷудоти серҳуҷайра (гидрои обҳои ширин) муғча аз ҳуҷайраҳое, ки ҳарду девораи ҷисмро иҳота кардаанд, пайдо мешавад. Он сабзида дароз мешавад ва дар қисми пеш ковокии даҳон пайдо мекунад. Муғҷабандӣ ҳамон вақт ба охир мерасад, ки гидрои хурд ташаккул ёбад ва аз организми модар ҷудо шавад (расми 6.2).

Дар ҷонварони серҳуҷайра, масалан, дар ҳалқакирмҳо афзоиши ғайриҷинсӣ бо роҳи ду тақсим шудани бадан, дар паҳнкирмҳо ва сўзанпўстон бо роҳи қисм-қисм шудани бадан (фрагментатсия) ба амал меояд. Аз ҳар яки ин қисмҳо организми нав инкишоф меёбад. Дар олами наботот афзоиши нашвӣ, яъне афзоиш аз ҳисоби қисми тана хеле васеъ паҳн гардидааст. Масалан, аз қаламча, мўяк, лўндак сабзидани растаниҳо (расми 6.3).

Барои афзоиши картошка қисми шаклдигаркардаи пояи зеризаминӣ (лўнда)-ро истифода мебаранд. Ёсуман ва бед аз навда афзоиш меёбанд. Бо ёрии қаламча бошад, ток ва қортро месабзонанд. Навдаҳои дароз ва хазандаи шаҳтути заминӣ, ки аз мўякҳо иборатанд, муғҷа пайдо мекунанд. Аз онҳо дар вақти шинондан растании нав ба вуҷуд меояд. Як қисми ками растаниҳо, масалан, гули бегона (бегония) ба воситаи барг афзоиш меёбад. Дар қисми поёни барг, дар ҷои рагронӣ реша ва дар болои барг муғча ва навда пайдо мешавад.

Барои афзоиши нашвӣ, инчунин, решаро истифода мебаранд. Дар боғдорӣ бо ёрии қаламчаҳои аз паҳлўрешаҳо гирифта баъзе растаниҳоро месабзонанд, масалан, тамашк, олуболу, олу ва гулҳои гуногун. Гули қашқарӣ (георгина) аз лўндарешаҳо зиёд карда мешавад. Қисмҳои шаклдигаркардаи зеризаминӣ (аз ҷумла, танареша) низ метавонанд растаниҳои навро пайдо кунанд. Афзоиши нашвӣ дар баъзе ҳайвонот ҳам дида мешавад. Чунончи, баъзе ҳалқакирмҳои сермўяк бо роҳи қисм-қисм ҷудо шудани тана афзоиш меёбанд;

Асоси афзоиши нашвиро қобилияти таҷдиди узвҳо (регениратсия) низ ташкил медиҳад. Таҷдид ё барқарор карданиузви гумшуда хоси бисёр ҷонварони бемўҳра ва баъзе ҳайвоноти мўҳрадор, обхокиҳо мебошад. Афзоиши ғайриҷинсӣ, ки дар рафти таҳаввулот (эволютсия) нисбат ба афзоиши ҷинсӣ пештар ба вуҷуд омадааст, раванди хеле босамар мебошад.

Бо ёрии он дар шароити мусоид миқдори намудҳо хеле зиёд мешавад. Албатта, дар ҳамаи шакли афзоиши ғайриҷинсӣ генотипи насл ва модарашон якхелаанд. Барои дуруст фаҳмидани ин ба мавзўи митоз нигаред, чунки дар интерфаза

айнан дучандшавии маводи генетикаи ҳуҷайра ба амал омада, дар натиҷаи тақсимшавӣ ҳар як ҳуҷайраҳои духтарӣ ахбороти ирсии ба модар монандро мегирад.

Аз сабаби он ки ҳамаи ҳуҷайраҳои ҷисмӣ (сомотикӣ) дар натиҷаи тақсимшавии митозӣ ба вуҷуд меоянд ва аз онҳо организмҳои нав инкишоф меёбанд, бинобар ин фардҳои бо ин роҳ афзоишёфта аз ҷиҳати генетикӣ ба ҳамдигар монанданд. Албатта, дар ин ҷо афзудани гуногуншаклии генетикӣ рух намедиҳад, вале дар нитиҷаи дигар шудани муҳити зист ва мутатсия баъзе аломатҳои нави муфид пайдо мешавад.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Дар кадом организмҳо афзоиши ғайриҷинсӣ дида мешавад?
  2. Кадом шаклҳои афзоиши ғайриҷинсӣ ба шумо маълуманд?

Мисол оред.

  1. Чаро дар наслҳои бо роҳи афзоиши ғайриҷинсӣ пайдошуда бо якдигар ва фардҳои волидон монанданд?

Истилоҳот:

  1. Афзоиши ғайриҷинсӣ – афзоише, ки такроршавии наслҳо аз ҳисоби ҳуҷайраҳои бадан (сомотикӣ) ба амал меояд.
  2. Афзоиши ҷинсӣ – тарзи ба худ монанд пайдо шудан, ки такроршавии наслҳо аз ҳисоби ҳуҷайраҳои махсусгардида, яъне ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба амал меояд.
  1. Афзоиши нашвӣ – тақсимшавии митозии ядро, ки ситотомия ба он оварда мерасонад, ки ситоплазма дар байни ҳуҷайраҳои духтарӣ нобаробар тақсим мешавад.
  2. Муғчабандӣ – шакли афзоиши организмҳо, ки аз ҳисоби бадани модарӣ пайдо мешаванд.
  3. Спораҳосилшавӣ – тақсимшавии бисёркаратаи ҳуҷайра ба порча-порча шудани ситоплазма, ки бо миқдори ядроҳо мувофиқанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …