Главная / Теги: Равшани Махсумзод (страница 3)

Теги: Равшани Махсумзод

Дар  ҷустуҷўи  чатр

savdo-19-vek

Автобуси тамғаи «Икарус» ғурросзанон баландиеро баромаду як такон хўрда, дар роҳи ҳамвор ҷавлонзанон роҳашро идома дод. Солони он, ки дар оғози сафар хеле хунук буд, торафт гарм мешуд. Баъзе мусофирон аллакай палтову борониҳои худро кашида буданд. Ҳарчанд толори автобус пур аз одам буд, хомўшӣ ҳукм меронд. Танҳо садои якнавохти матори …

Муфассал »

Гарму хунук

«Кинематографистони Қирғизистон». С. Чокморов

Додрас Сурат Завқӣ дар утоқи кории худ паси мизи рўяш ялаққосӣ нишаста, рўзномаи навро варақ мезад. Дар ҳаҷми як саҳифаи рўзнома порахўрии раиси корхонае мазаммат карда мешуд. Муаллиф бо мисолҳои мушаххас ришвахории роҳбарро собит карда, аз хонандагон мепурсид: Оё чунин одами фурўмоя ҳақ дорад инсон номида шавад? Сурат Завқӣ мақоларо …

Муфассал »

АСИРИ ЛОНАИ ИШҚ

kuchai-boxtar

Мошини тамғаи ЗИЛ пас аз сӣ-чил километр роҳи пасту баланд, баъзе ҷойҳояш мумфаршу баъзе қисмҳояш шағалпўш ва ҷо-ҷо поргишударо тай кардан, ногоҳ аз  ҳаракат бозмонд. Ронанда «ё тавба, тавба!» гўён ҳаросон онро  дар канори роҳ боздошт. -Тинҷӣ? – пурсидам ман, аз ин рафтори ронанда ҳайрон шуда. Чашмони калон-калони ў, ки …

Муфассал »

Афсонаи охирин

gurg

Нилуфар, духтараки ҳаштсола, тайи се соли охир қариб ҳар моҳ аз марди ношиносе мактуб мегирифт. Мард дар рўи лифофа на суроғашро менавишту  на ному насабашро. Танҳо имзое дошт: Марди ношинос. Мактуби марди ношинос ҳамеша бо аҳволпурсии муқаррарӣ оғоз меёфт ва пасон ў ба нақли афсонаи кўтоҳе мепардохт. Аҷаб номҳои зебо …

Муфассал »

ҲАМЯРОҚОН

xona

Муйсафед, пас аз бори чорум давр задани бозор, як гўшаи камодамро интихоб кард. Аввал якпорча картони  хоколудро аз замин бардошта, гарду хокашро  такид ва онро сари санги на он қадар калон гузошта, оҳиста нишаст. Асояшро ба кади  пои ориятиаш дароз гузошту аз чайбаш дастрўймол бароварда, назди худ паҳн кард ва …

Муфассал »

Умеди бурида

gori-priroda-tajikistan

Хуррами  Абулқосим тибқи одат дар балкони хонааш истода сигор мекашид. Аз балкони ошёнаи дуюм майдончаи варзишӣ баръало менамуд. Ҳоло он ҷо як гурўҳ бачаҳои ҳамсоя қию чувкунон машғули футболбозӣ буданд. Чанд нафар кампиракон дар хараки канори майдон гузошташуда, ки дарахти чинори солхўрда болояш сояи ғафс меандохт, аз кадом бобат гарм …

Муфассал »

ЧЕҲРАИ ОШНО

sitorai-karomatullo

Шодмон ба бўрёкўбони ҳамсояи  навашон каме таъхир карда омад. Аллакай ҳамсояҳо ҷамъ омада буданд, як хона пур аз одам буд. Баробари ба хона ворид шудани Шодмон ҳамагон ба истиқболаш аз ҷой хеста, ўро ба пешгаҳ гузарониданд ва чун ба ҷойҳои худ нишастанд, соҳибхона, марди  тахмин шаст-шаступанҷсола, ки мўйҳои  сап-сафедаш дар …

Муфассал »

Ҷазо

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Ҷавон дар дами ғори фарози кўҳ нишаста, ба деҳа менигарист. Дар поён деҳа бо боғоти сарсабзу хонаҳои бомҳояшон пасту баланд, дарёи тезоб, қабристони паҳновар ва пайроҳаҳои каҷу килебаш гўё ба ғанаб мерафт. «Ин қадар зебо, – аз дил гузаронд  ҷавон. – Чаро ман то имрўз чандин бор ба ин қулла …

Муфассал »