Главная / Гуногун / АСИРИ ЛОНАИ ИШҚ

АСИРИ ЛОНАИ ИШҚ

Мошини тамғаи ЗИЛ пас аз сӣ-чил километр роҳи пасту баланд, баъзе ҷойҳояш мумфаршу баъзе қисмҳояш шағалпўш ва ҷо-ҷо поргишударо тай кардан, ногоҳ аз  ҳаракат бозмонд. Ронанда «ё тавба, тавба!» гўён ҳаросон онро  дар канори роҳ боздошт.

-Тинҷӣ? – пурсидам ман, аз ин рафтори ронанда ҳайрон шуда. Чашмони калон-калони ў, ки аз тарс қариб аз косахонаашон мебаромаданд, тааҷҷубамро бештар меафзуд. – Чӣ шуд?

– Яқин дар пушти ҳардуямон ягон бузургу авлиёҳо будаанд. Агар не, бехабар мемондем, ки чи тавр ба он ҷарии бетак фурў рафта, дар як лаҳза ҷон ба ҷаббор  месупоридем, – гуфт ронанда, аз мошин фуромада.

Ва баъд ба он тарафи роҳ гузашта, сангеро бардошта ба назди мошин омад ва онро ба пеши чархи мошин гузошту бо нўги пойҳояш онро маҳкам ҷойгир намуд.

– Ҳеҷ чиз  намефаҳмам, равшантар гап зан! – овозамро  баланд кардам ман.

– Самоторможения1 – гуфт ронанда, чангу хоки  кафи дастонашро такида.

– Ин чӣ гуфтагӣ гап?

– Худ ба худ чанбари фармон сахт шуд. Ҳис накардӣ?

– Не, ман умуман техникаро сарфаҳм намеравам.

– Набошад, хап кун, ошно. Кор чатоқ!

– Акнун чӣ кор мекунем?

– Ягон илоҷ ёфта, соз кардан даркор. Лекин чӣ хел, худам ҳам сарфаҳм намеравам.

– Ҳуҷҷати ронандагиро харида будӣ,чӣ?!

Ронанда ба ин кинояи ман ҷавоб надода, зери лаб табассум кард ва сарпўши моторро боло бардошта, як сими наонқадар ғафсро зери он тирак гузошту ба болои мотор хам шуд. Ман чанд лаҳза ба ҷунбуҷўши ў, ки кадом як қисми  мошинро зўр зада кушодан мехост, зеҳн монда истодам.

Дар ин байн бо хоҳиши ронанда ду маротиба ба кабинаи  мошин даромада, чанбари фармонро хостам ба чапу рост тоб диҳам, аммо он мисли мехи ба замин  кўфта намеҷунбид. Сипас аз назди мошин чанд қадам дуртар, ба  лаби ҷар рафта, сигарета даргирондам. Аз байн фосилаи  зиёд нагузашта ронанда низ омад ва аз ман сигор пурсид.

– Нашуд? – пурсидам ман.

– Не, – гуфт вай ва андаке хам шуда, сигори лабашро аз оташи сигаретаи ман даргиронд. – Ягон мошин ҳам намегузарад, ки ба ронандааш нишон диҳем.

Аз  байн тақрибан ним соат гузашт. Дар ин вақт қасд кардагӣ барин ягон мошини боркаш наомад. Ду нафар ронандаи мошинҳои сабукрав ҳарчанд кўшиш карданд, ба дарди мошини мо даво шуда натавонистанд.

Мо ҳайрон мондем.

Рўз бегоҳ мешуд. Бар замми ин заҳри ҳаво торафт хунук шуда, аз осмон зарра-зарра барф меомад.

– Ҳозир агар ягон мошин биёяд, савор шуда ба деҳа меравем,- гуфт ронанда, ба деҳае ки дар поён чароғҳояш  яке паси дигар равшан мешуданд, ишора карда. – Шабро дар ягон хона рўз карда, пагоҳ аз паи таъмир мешавем. Дар он ҷо ягон усто будагист…

– Мошин чӣ мешавад? – пурсидам ман, аз ин қарори ронанда дар дил хурсанд шуда.

– Ҳамин ҷо меистад, ягон бало намезанад… Дари кабинаро қулф мекунем. Дар болои мошин хоки сиёҳ ҳам нест, ки дузданд. Агар мебуд ҳам, дар ин туф куну ях кун ягон кас хуши  ба болои он нигоҳ кардан ҳам надорад.

Тақрибан баъд аз як соат мо ба як мошини сабукрав нишаста, ба деҳа расидем.

Деҳа сернуфуз ва  сердолу дарахт буд. Дар ду тарафи роҳи калони мошингард, ки аз байни деҳа мегузашт, қатор хонаҳои яксохту замонавӣ тўл мекашид. Мо аз мошин пиёда шуда, чанд  лаҳза дар сари роҳ ҳайрон мондем. Ҳаво  торафт хунук мешуд, шамоли омехта ба барфу борон торафт шиддат мегирифт. Аз дуру наздик гоҳо канда- канда ва гоҳо ба ҳам ҷўр шуда, овози сагҳо меомад.

– Акнун таваккал  карда, дари ана он ҳавлиро, ки чароғҳояш аз ҳама равшантар  аст, мекўбем, – гуфт ронанда.

– Дар ин ҷо ягон меҳмонхона бошад, ки..

– Э гард! – сухани маро бурид  ў. – Дар деҳа  меҳмонхона аз куҷо? Рафтем, аз қафои  ман биё, натарс.

– Дар колхози мо ҳаст, – гуфтам ман аз ҷой наҷунбида.

-То деҳаи шумо яксаду бист  километр, – табассум кард ронанда. – Рош!

Вақте ки ба назди дарвоза расидем, ронанда чанд бор онро ба мушт кўфт, аммо касе ҷавоб надод. Сипас ў дарвозаро оҳиста ба дарун тела дод. Дарвоза боз шуд.

– Саг набошад? – гуфтам ман, бо овози паст.

– Яқин, ки нест. Агар не, кайҳо садои даркўбии моро шунида, меомад.

Мо чида- чида қадам гузошта, ҷониби хона рафтем. Вақте аз назди тиреза, ки ба тарафи роҳрави симонпўш кушода мешуд, мегузаштем, аз даруни хона аввал доду фарёди зане баланд шуд, сипас зарфе ба чизе бархўрда шикаст. «Мекушам, очағар! – дод зад марде. – Дар қатраи  хунат б… Мекушаму ҷавобатро ҳам медиҳам! Гум шав, хонаамро ҳаром кардӣ!

Ногаҳон дари хона, ки рў ба самти офтоббаро меистод, кушода шуд ва зани қоматбаланде тирвор  аз назди мо гузашта, аз ҳавлӣ берун шуд.

Мо ҳайрон мондем. Намедонистем, ки соҳиби хонаро садо кунем, ё аз роҳамон баргардем.

– Аз борон гурехта, ба барф задем-ку! – гуфт ронанда, ба қафо тоб хўрда. – Аз бало ҳазар… биё, рафтем.

 Мо ақиб  гаштем. Аммо ҳамин вақт « Куҷо шудӣ, қанчиқ!» – гўён марде пои бараҳна аз хона берун шуд ва чашмаш ба мо афтида, дар ҷояш таққӣ истод.

– Кистед? – дод зад вай, пас лаҳзае ба худ омада.

– Мо, додар, мусофирем, – гуфт ронанда, барои салом даст дароз карда. – Дар роҳ мошинамон  вайрон шуд…

Агар шароит дошта бошӣ, як шаб ҷой медодӣ.

– Нафаҳмидам, – гуфт мард  калавида ва аз таки манаҳамон  зеҳн монда, чанд сония ба чеҳраамон нигарист. Аз даҳони ў бўи бади арақ омехта ба сирпиёз меомад. – Ҷой диҳам? Чӣ, ин ҷо барои шумо  меҳмонхонаай?!

– Мебахшӣ, додар, -гуфт ронанда, – мо ҳам мусулмонем.

– Хайр, мусулмон бошӣ, чӣ? Ба ман чӣ фарқ дорад, ки ту киӣ! – мард беист чанд  бор оруғ зада, афзуд.-Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?!

– Мебахшӣ… Як шаб ҷой деҳ, гуфтем.

– Ҷой? – гуфт мард, чашмонашро пўшида ва яқин  аз ғояти мастӣ дилаш беҳузур гашта, сараш чарх зад, ки  шикамашро  дошта, оҳиста нишаст ва чанд бор бо нафрат ба замин туф карда, гуфт:

– Ҷойи хоб мефоратон? Дар сари фалонам ҷой диҳам, ҳардуят хоб меравӣ?!

– Даҳонатро пўш, нокас! – дод зад ронанда, қадаме  пеш монда.

– Ҷой диҳам будааст, – дастонашро ба замин тиргак монда, ба по шуд мард. – Очаатонро отам на…

– Даҳони  ифлосатро пўш гуфтам! – ногаҳон наъра кашид ронанда ва қадаме пеш гузошта, ба мард лагат андохт. Мард аз  зарбаи  ногаҳонӣ  мисли тўби футбол парида, ба танўри канори роҳрав бархўрду як нолиш карда, ором шуд.

– Мурд, чӣ? –  гуфтам ман ва хостам ўро, ки  ба даҳон мехобид, якпаҳлў гардонам. Аммо ғайричашмдошти ман:

– Мекушӣ, куш! – гуфт мард, пойҳояшро ғундошта ва ба гиря даромад.

– Биё, рафтем, – гуфт ронанда, аз оринҷам кашида. -Сараша хўрад хонааш.

Мо аз ҳавлӣ берун шудем.

Барф меборид. Шаб торик буд, базўр пеши поямонро медидем. Аз ҳар тараф ҳамоно ҷакидани баҳсмабаҳси сагҳо ба гўш мерасид.

– Ин деҳа сагхона барин, – гуфт ронанда асабиёна ва нохост  пояш лағжида, афтид. – Зор монад… дастам лой шуд.

– Биё, ба ин ҳавлӣ медароем, – гуфтам ман,  ба дарвозаи  сари роҳ ишора карда. – Наход дар як деҳаи калон ҷой наёбем. Ҳама маст набудагистанд? – Ва ҷавоби ўро мунтазир  нашуда, ҳалқаро канда-канда ба дар задам. Аз байн фурсати зиёд нагузашта, писарбачаи тахмин даҳ-дувоздаҳсола дарвозаро ба рўямон кушод.

– Дар хона кӣ ҳаст? – пурсидам ман.

Писарбача ҳайрон аз мо чашм намеканад.

– Падарат дар хона?! – пурсид ронанда, ки то ҳол асабӣ менамуд, бо зарда.

– Ҳа, – ҷавоб дод писарбача.

– Ҷеғ зан.

Писарбача тозон ҷониби хона рафт. Дере нагузашта марди қоматбаланде роҳравон ҷомаашро ба бар  карда,  ҷониби мо омад.

– Ассалому алейкум, – гуфт ронанда, барои салом даст дароз карда. – Ака, бубахш, ки дар ин бевақтӣ ташвиш додем. Мо  мусофирем, мошинамон дар  ағбаи  Чакчак вайрон шуд. Агар бемалол бошад, ба мо як шаб ҷойи хоб медодӣ.

– Марҳамат, марҳамат! – гуфт мард ва худ пеш даромада, моро ҷониби хона ҳидоят кард. – Як шаб ҳам гап… сад шаб ҷой медиҳам.

Соҳибхона аз зинҳои сангин бало шуда, дари хонаи кунҷакиро боз карду чароғи онро гиронида, моро дарун даровард ва «ман ҳозир  ба бачаҳо гап занам, алов кунанд» – гўён берун рафтан хост.

– Алав лозим нест, ака, – эътироз кард ронанда,- ҷогаҳ партоянд, мо хоб меравем, ташвиш надеҳ.

– Дар ин яхдон хобатон намебарад, – гуфт соҳибхона  хандида. – Ҳозир… шумо ба ҳузур шинед.

Пас аз чанд дақиқа ҳамон писарбача як бағал ҳезуми арча оварда, назди бухории чўянии кунҷи хона  монд ва баъд чойники дар болои бухорӣ бударо гирифта, ба фарш гузошт ва аз кисааш як порча коғазу гўгирд бароварду аввал  коғаз  ва аз  болои он чанд бурида ҳезуми хушкро гузошта, оташ  гиронд. Сипас чойникро баргашта ба ҷояш гузошту аз хона берун шуд.

Соҳибхона дар як даст чойник ва дар дасти дигараш дастархон баргашт.

– Ака, лозим набуд, – гуфт ронанда.

– Оббо! Ака, меҳмон бошӣ, илтимос , сари мизбонро гаранг накун! – Соҳибхона дастархонро паҳн кард. – Як пиёла чой киро куштааст. Ман дар пеши шумо гўсфанд куштанӣ нестам.

Ҳамин вақт дар таки айвон ғалоғула бархест.

– Э ин ҳамсоя тоза безор кард, – гуфт соҳибхона норозиёна. – Одам ҳам ҳамин хел мешудасту…Ҳамон зормондаро бардошта натавонӣ, чаро  менўшӣ?… Як ҳамсоя дорем, ҳар рўз маст шуда, занаша мезанад. Занаш кайвонӣ, аз панҷ панҷааш ҳунар  мерезад. Ман  намедонам,  ин бадмаст аз вай чӣ мехоҳад. Ҳар рўз мезанад-э! Ун пошикаста мусофир, ҷои рафтан  надорад, ҳамеша аз чанголи шавҳар  гурехта, ба хонаи мо мебиёяд. Ин бадмаст бошад, аз қафои ў омада, то нисфи  шаб  мисли саг  меҷакад, падару модар, хоҳару акаҳои занашро аз ғалбер мегузаронад.

– Ку-ушт! – садо кард касе.

– Садқаи ҳамин хел зан шавӣ! – ҷаста аз ҷой хест соҳибхона. Аз таки айвон  садои гурс-гурс поймонӣ ва доду фиғон  торафт баланд мешуд. Мо низ аз паи  соҳибхона то дами  дар рафтем.

Ҳамон марди маст занашро аз мўйҳояш дошта, мушту лагаткорӣ мекард. Чанд нафар мехостанд занакро аз чанголи мард халос кунанд, аммо зўрашон намерасид. Соҳибхона дартоз рафта, мардро аз гиребонаш дошту, ба қаҳр тела дод. Мард мувозинаташро гум карда, якпаҳлў афтид. Зан, гирён мўйҳои паҳну парешонашро ғун дошта, рўймолашро баст ва такя ба девор дода, оҳиста дар ҷояш нишасту:

– Илоҳо дастакат шиканад, кабудата пўшам, – гўён ба нолидан оғозид.

– Забоната каш, ҳаромӣ! – аз ҷой нимхез шуд мард.

– Э мардак, ту аӣбу шарма медонӣ ё не?! – гуфт сохибхона, аз китфи мард зер карда. – Дар хона меҳмон дорам.

– Абдулаҳад-амак, шумо кордор нашавед, ин ифлосро аз хонаатон пеш кунед. Ҳаром мекунад хонаатонро! Ман агар  имшаб  аз хуни ин қанчиқ як чумча нанўшам, номамро мегардонам.Дар зоту зурриятат…

– Бас кун-э, аҳмақ!- гуфт Абдулаҳад-амак, бо қаҳр аз таки каши мард гирифта. – Хез, хонаат рав, айб аст. Наход одам дар ҳаққи зани ҳалоли худаш ҳамин  хел гапҳо гўяд.

Абдулаҳад-амак мардро ба зўрӣ ҷониби ҳавлиаш бурд. Як зани миёнаумр, – яқин ҳамсари Абдулаҳад-амак -занро, ки ҳамоно гирён сархам менишаст:

-Хез, Садбарг, хез, гиря накун, – гўён аз ҷояш хезонда, ба хонаи шафат даровард.

Маро, гўё ногаҳон  қувваи барқ зада бошад, тамоми вуҷудам  ларзида рафт. Охир, ин Садбарг, ҳамдеҳаи ман буд. Чӣ хел  тағйир ёфтааст, ки ман ўро нашинохтаам…

Вақте, ки Абдулаҳад-амак баргашта омад, ман аз ў пурсидам, ки  зани  ҳамсояатон аз куҷост?

– Э напурс, додар, – гуфт вай, оҳ кашида. – Пешониаш шўр  будаст ин муштипарро . Чӣ хеле гуфтам вай мусофир. Аз рўи шунидам аслаш  аз  тарафҳои Файзобод. Ин бадмасти мо, ки муҳандиси барқ шуда кор мекунад, ҳангоми ба деҳаи онҳо сим кашидан  бо духтар шинос шуда, ба гап андохтааст. Ҳарду аҳду паймон  кардаанд. Намедонам ин бадмаст рост мегўяд, ё дурўғ, ду-се нафар  ҳамкорашро  ба хонаи  арўсшаванда  хостгорӣ ҳам фиристода будаст. Аммо  падари духтар  мутлақо  розӣ  нашудааст. Духтар  бошад, дасти ману домани ту гўён баъд аз ба охир расидани сафари хидматии ин бадмаст думи ўро гирифта, ба деҳаи  мо омад. Ҳашт сол боз якҷоя зиндагӣ мекунанд. Аввал зиндагиашон ширин буд, аммо  баъд  чашм расид.

– Ман ўро мешиносам, – гуфтам ман.

– Киро?

– Зани ҳамсояатонро… вай аз деҳаи мо.

– Наход! – нидо  кард Абдулаҳад-амак ва чанд лаҳза аз ман  чашм  наканда, илова намуд. – Падару модараш чи хел инсон, а! Наход одам то ба ин дараҷа фарзадбезор шавад.

– Онҳо, пас аз думи  бадмасти  шуморо гирифта омаданаш, Садбаргро оқ карданд.

– Ана гапу! О мо дар асри миёна зиндагӣ  намекунем-ку! Хайр, духтари бечора  беақлӣ кардааст. Ба қавли  ҷавонҳои имрўза ошиқ шудааст.. Ба  дили  сабил  фармон  дода  нашавад.

– Садбарг ҳам  кори хуб  накард, – гуфтам ман. – Вай дар фотиҳа буд, баъди се моҳ бояд тўй барпо  мешуд. Аммо вай… Падараш  то ҳол ба модари бечорааш  рўз нишон  намедиҳад, ки духтаратро ба  роҳат андохта  натавонистӣ, ману акаҳояшро дар байни мардум шармандаву хандахариш  карда рафт.

– Надонистам, – гуфт Абдулаҳад-амак. – Кӣ ҳақ, кӣ ноҳақ, танҳо худо худаш медонад.

-2-

Субҳ барвақт бедор шудам. Ронанда дар хоби ширин буд. Чароғро гирон накарда, либосҳоямро пўшидаму  ба айвон баромадам. Шабона барфи баланд ғалтида, ҳама ҷоро сап-сафед карда буд. Ҳаво тоза. Аз ин ҳавои форами олуда ба бўи барф сархуш гашта, чуқур-чуқур нафас гирифтам.

Абдулаҳад-амак дар як дасташ бандчаи ҳезум, дар дасти дигараш як сатил ангишт аз як гўшаи ҳавлӣ меомад. Вай ба назди ман расида, чанд бор  мўзаи кирзагиашро тап-тап ба замин зада,  барфҳояшро афшонд ва баъд  ҷониби чанд хонаи паст-пасти  қатор, ки бомҳояшон  пур аз барф буданд, ишора карда гуфт, ки ҳоҷатхона дар ҳамон ҷост.

Вақте ки таҳорат шикаста омадам, Абдулаҳад-амак дар дасташ офтоба ва дар сари китфаш дастпок маро мунтазир  меистод.

– Садбарг шуморо дидан  мехоҳад, – гуфт вай, ба дастам об рехта. – Ҳамроҳатон хоб аст?

– Ҳа.

Дастонамро пок карда, даспокро ба Абдулаҳад-амак баргардондам. Ҳамин вақт дари ҳуҷраи шафат кушода шуда, Садбарг берун омад.

Баъд аз вохўрдӣ кардан, худро  дошта натавониста чашмонаш ғарқи об шуданд. Аз он Садбарги шукуфону  хандони мо, ки қариб нисфи бачаҳои деҳаамон ошиқ буданд, танҳо ном монда буду халос: ба ҷавониаш  нигоҳ накарда дар ҷабинаш  бармаҳал ожанг  пайдо  шуда, чашмони як замон шаҳлояш оташи худро гум карда буданд. Гул барин андомаш лоғар ва пажмурда гашта, ранги рўяш мисли заъфарон буд. Вақте нигоҳ мекард, чашми чапаш  худ ба худ мепарид.

– Гиря накун, Садбарг, – гуфтам  ман, ба зўр ашки чашмонамро дошта. – Аҳволат чӣ хел?

– Аҳволамро шаб дидӣ-ку! – ашки чашмонашро бо остини ҷомаи рангпаридааш пок карда,  гуфт вай.

Чанд лаҳза ҳарду хомўш мондем.

– Дар ин тарафҳои мо чӣ кор мекунӣ, – пурсид Садбарг.

– Аз Хоруғ меоям… ҳамхизматам ба тўй даъват карда буд. Дар роҳ мошинамон вайрон шуд.

– Ронанда ҳам аз ҷойи худамон?

– Не, як мошини роҳгузар, Душанбе меравад.

– Очам чӣ хел?

– Нағз, гаштаанд.

– Албатта, маро ҳеҷ кас ёд намекунад. Ҳеҷ кас намегўяд, ки мурдааст, ё зиндааст…

– …..

– Ҳашт сол боз ягон кас напурсид, ки чӣ ҳол дорӣ? Чӣ кор кунам… Худкардаро даво нест, во вайлои пинҳонӣ, гуфтаанд. Шўри пешонии ман хуш шавад.

Абдулаҳад-амак, ки ҳангоми  вохўрдӣ кардани мо «ман офтобаро аз об пур кунам» гўён хона даромада буд, ҳамроҳи занаш берун омада:

– Ҳаво хунук, хона даромада сўҳбат  кунед, – гуфт.- Кампир  говро ҷўшад, ман ба пода ҳамроҳ карда меоям.

Онҳо, зану шавҳар, аз заминҳои сангин, ки шабона ях баста буд, боэҳтиёт қадам гузошта, поин шуданд.

– Ту, албатта, воқиаи  шабонаро дида  хурсанд шудӣ,-а? – гуфт  Садбарг, вақте ки  ба хона даромадем.

– Аз кадом воқиа? – нафаҳмидам ман.

– Худатро ба нодонӣ назан, Бахтиёр. Нағз фаҳмидӣ, ки ман рафтори  шавҳарамро дар назар дорам.

– Ин хел нагўй, Садбарг, – эътироз кардам ман. Дар байни  зану шавҳар  ҷанҷол мешавад… ба дил нагир, вай маст буд.

– Дигар тоқат карда наметавонам. Ҳар рўзи худо аҳвол ҳамин, – аз нав оби чашм кард Садбарг.

– Барои чӣ мезанад?

– Дупула гапа баҳона карда… Медонад, ки мани рўсиёҳ ягон  пушту паноҳ надорам, хешу таборам аз ман рўй гардондаанд, ҳатто  ба хонаи падарам рафта наметавонам. Хайрият, ки ҳамин ҳамсоя ҳаст, вагарна мурдаам кайҳо дар таки ягон ҷар тўъмаи зоғу калоғ мешуд. Зиндагӣ ба дилам задаст, аз ҷонам сер шудам.

– Биё, ҳамроҳ ба деҳа меравем.

– Ту нағз медонӣ, ки ҳама дарҳои деҳа ба рўи ман  баста. Бо ду думрав ман ба дари кӣ меравам? Агар хабар дошта бошӣ, шаш сол пеш рафта будам. Лекин аз рафтанам  сад бор пушаймон шудам. Кошкӣ намерафтам. Акаҳоям ба дари ҳавлӣ даромадан намонда, на танҳо  ман, балки  шавҳарамро низ зада, атолахўр карданд.Шабона бо як азоб ҷонамонро халос карда, гурехтем. Баъд… дар  зери таънаву  маломати шавҳараму  хешовандонаш мондам. Аслан, решаи  дилхунукии шавҳарам аз таъсири  ҳамон  шаттаҳои  хўрдааш аст. Беинсофҳо шаш дандону биниашро зада шикастанд.

Қариб ду моҳ бо қошуқ ба ҳалкаш  хўрок меандохтам.

Боз ту мегўӣ, ки ба деҳа равем. Не! Ман акнун  то охири умр  асири лонаи ишқи ғуррамарги худ мешавам. Сазои сарам!

– Аз аввал  фикр  кардан даркор буд, – гуфтам ман, вале зуд аз  гуфтаам пушаймон  шудам. Зеро ин сухани беҷои  ман  метавонист ба ҷароҳати  сўзони  дили Садбарг намак пошад.

– Чашми ошиқ кўр мешудааст, – оҳ кашид Садбарг. – Намедонам чи тавр ба ў дил  бохтам.Шояд  ба ҳусни зебою суханҳои хушаш, ба забони ширину ба дипломаш мафтун шудам. Ўро аз ту, колхозчиии оддӣ, афзал донистам. Вақте ки он рўзҳо хаёлан ҳардуятонро пеши назар меовардам, ў шоҳу ту гадоро мемондӣ. Намедонам ба ту чӣ хел фаҳмонам, Бахтиёр!

– Ин тавр бошад, чаро ба фотиҳа кардан розӣ шудӣ?

– Розигии маро кӣ пурсид? «Кадом духтар ҳа ман розӣ мегўд» гуфтанду нон шикастанд.

– Лекин ман то ҳол туро дўст медорам.

– Кошкӣ ба ту мерасидам. Зан гирифтӣ?

– Ҳа.

– Духтари кист?

– Намешиносӣ… як хеши дурамон.

– Хоҳарамро ба шавҳар доданд?

– Ҳа. Домод аз ноҳияи ҳамсоя.

Мехостам ҳарчӣ зудтар риштаи сўҳбатро ба дигар  тараф битобам. Зеро ба Садбарг дурўғ мегуфтаму аз шарм вуҷудам  месўхт. Охир,  наметавонистам ба хоҳари ў ҳамхона шуданамро иқрор шавам. Ҳарчанд, ки мо бо исрори падар ва акаҳои Садбарг издивоҷ кардем.Пас аз гурехтани Садбарг  падараш рўзе падари маро ба хонааш  ҷеғ зада,  гуфтааст, ки барои бастани  даҳони бефаровези мардум беҳтараш тўятонро барнамегардонем ва писаратон духтари хурдии моро ба иҷобаш  дарорад. Ин  таклиф ба падари ман низ маъқул меафтад.

– Чаро ба фикр фурў рафтӣ? – маро аз олами хаёлот берун  кард Садбарг. – Гап зан, дар деҳа чӣ гап?

– Чӣ гап занам. Ҳамон деҳаи дидагиат, ҳамон одамон, ҳама аз паи ташвиши рўзгор, аз паи бузу бузғола, хару хингала…

Ҳарду лаҳзае хомўш мондем.

– Ба деҳа  рафта чӣ гўям? – пурсидам ман.

– Чӣ ҳам  мегуфтӣ, – оҳ кашид Садбарг. – Ман дар онҷо ягон  одами дилсўз надошта бошам.

– Ин фикрат ғалат. Модарат, хоҳарат, хешу табор туро аз ёд набаровардаанд.

– Агар ёд мекарданд, дар муддати ҳашт сол як бор омада хабар мегирифтанд.

– Худат нағз медонӣ, ки онҳо аз ҷаҳли падару акаҳоят метарсанд.

– Ҳамааш баҳона. Агар дил сўзад, ягон чиз садди роҳ шуда наметавонад.

Ҳамин вақт соҳибхоназан сар халонда, ба Садбарг гуфт:

– Духтарам, шавҳарат туро мепурсад.

Садбарг зуд  аз ҷой хеста, «хайр» гуфт ва ҷониби  дар рафт. Дасташ  дар дастаи дар ба ақиб рўй овард ва оҳиста «ба ҳама салом гўй» гўён берун шуд.

-3-

Ҳамон бегоҳ ман ба хона расидам. Пас аз мошин пиёда шудан  аввалин касе, ки вохўрдам хусурам, яъне падари Садбарг, Зиё-амак буд. Ҳарду пои пиёда сўҳбаткунон ҷониби хонаи ман равон шудем. Пас аз дудилагиҳои зиёд ғайрат оварда, дар хусуси Садбаргро диданам гап кушодам.

Зиё-амак аз гаштан бозистода, асабиена гуфт:

– Шодиёна диҳам?

– ….

– Ту, домод, нағз медонӣ, ки ман Садбарг ном духтар надорам. Вай дар қатори мурда ҳисоб .

– Аз гуноҳаш гузаред, амак.

-Ин гапро ту ба ман мегўӣ?! – писханд зад Зиё-амак. – Фаромўш накун, ки ун рўсиёҳ дар  баробари телпаки  ману акаҳояш аз они туро низ ба замин зад. Охир, вай номзади ту буд? Ё фаромўш кардӣ!

– Амак…

– Шуд. Ту расо беақл будаӣ-ку! Ман туро одами дуппа-дуруст  мегуфтам, аммо  ба фарқи сиёҳу сафед намерафтаӣ… Ё маро масхара мекунӣ! – якбора оташ гирифт Зиё-амак.

Ман дигар  лаб накушодам.

Аз байн  се рўз гузашт.

Як пагоҳӣ хаткашони деҳа хабар овард, ки шаби гузашта духтари Зиё-амак Садбарг фавтидааст.

Ин хабарро як нафар ба шўъбаи алоқа занг зада, расондааст. Баробари шунидани хабари  марги Садбарг дарҳол чеҳраи пажмурдаву чашмони ҳазинаш пеши  назарам ҷилвагар шуданд. Алалхусус нигоҳи охирини ў, ки даст дар дастаи дар  ба қафо  нигариста, бо овози  хаставу ҳазин бори охир  «хайр» гуфта буд, ҳеҷ аз пеши чашмонам  дур  намешуд.

Хабари марги Садбарг барқсон  дар деҳа паҳн шуд. Ғайричашмдоштам қариб бист нафар барои ба ҷаноза рафтан тайёр шуданд. Бародари калонии Садбарг, Маҳмуд зуд рафта автобуси колхозро киро карда омад. Хешу таборон, модару хоҳарони Садбарг ва Маҳмуд ба автобус нишастанд. Аз ҳама охир  Зиё-амак дар тан  ҷомаи велюри сиёҳ, дар сар тоқии чоргул аз ҳавлӣ берун шуда, зуд дохили автобус шуд.

Вақте ки ба хонаи Садбарг расидем, рўз аз нисф гузашта буд. Ду-се нафар мард дар дами дарвоза рост истода, аз кадом хусус сўҳбат доштанд. Модари Садбарг Зайнаб-хола баробари аз автобус фуромадан «во духтари ғарибам!» гўён овоз андохту аз ҳуш рафт. Занҳо  «во хоҳарам!»- гўён садо  баланд карда, вориди ҳавли шуданд. Дар даруни ҳавлӣ одами зиёд набуд. Тақрибан  чил- панҷоҳ нафар  мардон  дар зери лабгўшаи боми паст қатор истода буданд. Мо, мардҳо, рост ба назди онҳо рафтем. Аз даруни хонае, ки тирезааш ба тарафи  роҳрав кушода мешуд, навҳаи занҳо меомад.

Мардум, ки маҳз омадани моро  мунтазир будаанд, зуд аз паи шустани майит шуданд.Ин кор ба зиммаи  чор  нафар зан, аз ҷумла  ҳамсари ман  Ҳанифа гузошта шуд. Дере нагузашта Абдулаҳад-амак, ки саробонии ин маросимро  ба дўши худ  гирифта  буд, чанд нафар  ҷавонҳоро  аз паи худ ҷониби айвон бурд. Аз нав садои  нолаву гиря баланд шуд. Ҷавонҳо аз хона  тобутро бардошта баромаданд.

Вақте ки издиҳом тобут сари даст ҷониби дарвоза равон шуданд, Абдулаҳад-амак аз қафо садо кард:

– Ҷанозаро дар куҷо мехонанд?

– Ба ин маӣит ҷаноза раво набудаст, – гуфт оҳиста пирамарде.

– Кӣ гуфт? – пурсид Зиё-амак, ки то ин вақт сухане ба забон наоварда буд.

– Мулло.

– Барои чӣ раво набудааст? – пурсид Абдулаҳад-амак.

– Ба одами худкушикарда ҷаноза  намехондаанд.

– Гапи  беҳуда, – оҳиста луқма партофт Зиё-амак

Аммо ба ин гапи ў касе аҳамият надод. Гўё онро нашуниданд.

– Номаъқул кардаст мулло! – шўрид Абдулаҳад-амак ва издиҳомро дарида, пеш гузашту ба мулло, ки дар сафи аввал мерафт, расида гирифт.

– Домулло, чаро ҷаноза нахондед?

Мулло каме суръати гашташро суст карда, оҳиста гуфт:

– Ба ин майит ҷаноза раво нест.

– Чаро раво набудаст!

– Наход надонед… Шумо чӣ хел  мусулмон?

– Ин-ку як заиф буд, муштипар буд, – гуфт Абдулаҳад-амак, ки  аз  шиддати  ғазаб  меларзид, ба сўи тобут  ишора  карда. – Ба  дарду  шиканҷае, ки вай дар ин хонадон  дошт,  ману  шумо  ҳам тоқат  карда  наметавонистем. Зўр буд  азобаш, домулло! Худо гўед, ки онро  ба номаш духтари мусулмон  нишон  надиҳад. Аммо  ягон кас боре аз дараш даромада напурсид, ки чӣ ғам дорад ў. Чаро гул барин  зан дар муддати  ду-се соли охир дар пеши назари ҳама хазон гашт. Масалан, худи  шумо, ки дар ҳама давраҳо аз худову расул, меҳру оқибат, ҳарому ҳалол соатҳо гап  мезанед, ақаллан боре  шавҳари  бадмасти  ўро дар  раҳу рў боздошта, ду даҳон  насиҳат  кардед… ки чаро бо сари  зани  ҳалоли  худаш  ин қадар  ситам мекунад.Гап задед? Не, назадед? Ҳол  он ки  ман  чанд  бор аз шумо ҳаминро хоҳиш карда будам.

– Ман  ба зиндагии дигарон чӣ кор дорам?Ягон гуноҳ доштагист, ки  азоб  медод.

– Ана дидед, чӣ кор дорам, мегўед.

– Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?! – аз гаштан боз истод мулло.

– Хонед ҷанозаша!

-Намехонам! Ман бори ин гуноҳро ба гардан намегирам, аз фармудаи шариат берун намебароям. Агар тавонӣ, худат хон!

Мулло роҳашро идома дод. Издиҳом низ  аз паси ў раҳсипор гашт.

– Э ришат резад, ту барин муллоро, – гуфт аз қафо Абдулаҳад-амак.

– Астағфируллоҳ гўед, – гуфт мўйсафеди нуроние оҳиста аз оринҷи Абдулаҳад-амак  дошта.

Вақте ки чашми Абдулаҳад-амак ба ману  Зиё-амак, ки китф ба китф мерафтем, афтид, чанд лаҳза аз мо чашм  наканда, худ ба худ гуфт:

– Ҳай дареғ! Ҳай дареғ! Бечора, Садбарг, дар ду дунё ҳам рўз надид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …