Главная / Теги: Равшани Махсумзод (страница 2)

Теги: Равшани Махсумзод

ПУЛИ ҚАНДАК

мактаби 37

Пули Қандак, ки дар домани кўҳи Беоб воқеъ аст, ду соҳили дарёчаи обаш шўрро ба ҳам мепайвандад. Алҳол дар болои ин дарёча пули боҳашамату замонавие сохтаанд, ки ҳар рўз аз болои он садҳо мошинҳои гуногунтамғаи сабукраву  боркаш рафту о мекунанд. Аммо чанд сол пеш ба ҷои ин кўпруки азими пояҳояш …

Муфассал »

ЧОВАНДОЗ

Гулҳои Душанбе (сурати лола – тюлпан)

Шиноснома, – гуфт лейтенант ба марди паҳлавонҷуссаи гандумгун рў оварда. Мард дар рўбарўи ў рост меистод. Вай яқин матлаби лейтенантро нафаҳмид, ки ҳаракате накард. – Шиносномаатро деҳ мегўям, такрор кард лейтенант, бо кароҳат сар то пои мардро аз назар гузаронда. Мард дар сар кулоҳи моҳутии нимдошт дар тан нимтанаи чармини …

Муфассал »

ТАЛХИВУ ШИРИНИҲОИ МАНСАБ

shamol

– Корхонаи хишт, – аз болои коғаз сар бардошта, ба толори пур аз одам рўй овард вазир. Ва баъд дар як лаҳза аз қатори аввал то ҳаштумро аз назар гузаронд. Ин вақт аз қатори чорум марди қадпасти тоссар вазнин аз ҷой хест. Аввал хост аққалан як тугмаи пиҷаки сиёҳашро гузаронад, …

Муфассал »

Қабри танҳо

Мактаби 65

Қабристони деҳаи Сангоб, ки қариб дар даҳ гектар замин тўл кашидааст, дар он атроф назир надорад. Атрофаш бо панҷараҳо дарубанд, қад-қади он дарахтҳои арчаву тут, санҷиду бодом шинонида шудааст.. Дар даромадгоҳи қабристон ба хотири ҷавонмардони сангобӣ, ки дар майдони Ҷанги бузурги ватанӣ ҳалок ва беному нишон гаштаанд, аз мармари сиёҳ …

Муфассал »

Лавҳи сангин (повест) Зимистон гузашт

im10

  Охирин песабарфҳои талу теппа ва доманаи кўҳҳо об шуданд. Табиат аз хоби дарози зимистон бедор шуда, дар канори пайраҳаю лаби ҷўйҳо қоқую пудина ва сабзаҳои гуногун рўиданд. Офтоб нурҳои роҳатбахши худро бедареғ ба сари замин рехта, ба ҷисму ҷони наботот нашъа медавонд. Аз хандаҳои сабзи дарахтон ва хониши гуногуноҳанги …

Муфассал »

ПАС АЗ МУРОФИА

mangiti

Дар қаҳвахонаи канори роҳ, ки мизу курсиҳояш ҷо-ҷо дар сояи дарахтони маҷнунбед гузошта шудаанд, одам зиёд буд. Дар саҳни қаҳвахона як фаввораи наонқадар баланд ва ҳавзаш кошинкоришуда сохта буданд, ки дар ин гармои тобистон андаке ҳаворо салқин нигоҳ медошт. Марди қоматбалади хушлибос аз дарвозаи қаҳвахона (атрофи онро бо панҷара дарубанд …

Муфассал »

Антагонизм

safar-kardan

Онҳо,  яке марди газгўшти сиёҳҷурда ва дигаре қадпасти кулўла , ки риши кўтоҳ қайчизадааш мисли ангишт сиёҳ буд, дар чойхонаи лаби рўд нишаста, чой менўшиданд. Марди газгўшт, ки Ёқуб Раҳмон ном дошт, чандин сол дар мактаби деҳа муаллиӣ карда, ҳамин қарибиҳо ба нафақа баромада буд. Ҳамнишасти ў – Ҳоҷӣ Халил …

Муфассал »

ПАРВОЗИ НОТАМОМ

buxoro

– Занак, писарат туро ба тўй даъват кардааст. – Кадом писарам? – Ту чанд писар дорӣ? Муҳаббат-хола чанд лаҳза бо аломати тааҷҷуб чашм аз рўи шавҳараш наканда, аз ҷой нимхез шуд. – Ҳайдарҷон омадааст? – Не, мактуб фиристодааст. – Орзуи Ҳамдам аз бағалкисааш лифофаи дуқатшудаеро бароварда, пеши занаш партофт. – …

Муфассал »

Ришва

vzyatka_2

Агрономи ҷавон Толеъ Мадад барои овардани азот  ба маркази вилоят рафт. Вай дар даст коғаз дошт ва мебоист бар тибқи он барои заминҳои хоҷагиашон ду тонна азот меовард. Дилпур буд, ки то нисфирўзӣ кораш барор мегирад ва бегоҳ бояд ба деҳа баргардад. Аммо дар анбор ба вай фаҳмонданд, ки бе …

Муфассал »

Духтари чиновник

bacha-duxtar

Имсол мўҳлати мураххасиамро дар деҳа гузаронидам. Азбаски чанд сол боз ба зодгоҳам нарафта будам, мардуми зиёд, хешу таборон, ҳамсояҳо ва ҳамсинфон ба дидорбиниам омаданд. Аз ин сабаб чанд рўз аз хона ба ҷое нарафта меҳмон қабул мекардаму гусел. Пас аз канда шудани қадами меҳмонон рўзе бафурҷа дар байни ҳаётамон сайругашт …

Муфассал »