Главная / Гуногун / Гарму хунук

Гарму хунук

Додрас Сурат Завқӣ дар утоқи кории худ паси мизи рўяш ялаққосӣ нишаста, рўзномаи навро варақ мезад. Дар ҳаҷми як саҳифаи рўзнома порахўрии раиси корхонае мазаммат карда мешуд. Муаллиф бо мисолҳои мушаххас ришвахории роҳбарро собит карда, аз хонандагон мепурсид: Оё чунин одами фурўмоя ҳақ дорад инсон номида шавад?

Душаанбе озероСурат Завқӣ мақоларо то охир хонда, бо тамасхур рўзномаро ба зертахтаи тирезаи барқад ҳаво дод. “Аҳмақ, – хаёлан бо муаллифи мақола муҷодала оғозид вай. – Ба ин маоши ночиз чӣ хел инсонвор зиндагӣ мекунӣ? Ку, ту, зиндагӣ кун, ман бинам. Эҳтимол, худат маоши калон гирӣ ва ба гумонат дигарон низ мисли ту маощи калон мегиранду боз шарм надошта порахўрӣ мекунанд.”

Сурат Завқӣ дар қайди чунин андешаҳо буд,ки дари утоқи ўро касе кўфт.

– Дароед, –  садо баланд кард додрас.

Дар кушода шуда ҳамсояи ў Шарофат-хола ворид гашт.

– Биёед, – ба истиқболи зан аз ҷой бархост Сурат Завқӣ ва ба вай ҷойи нишаст – курсии холиро нишон дод.

Шарофат-хола дар рў ба рўи додрас нишаст ва бо аломати савол ба ў нигарист. Зеро дирўз онҳо дар хусуси тақдири писари Шарофат-хола – Анвар, ки дар корхонаи собунпазӣ кор мекарду ҳамчун гумонбар дар камомади калони корхонаашон даст доштанаш боздошт шуда буд, гапзанон карда буданд. Сурат Завқӣ ваъда дода буд, ки барои халос кардани ў кўмак мекунад. Ва дар ҳақиқат ҳамин пагоҳӣ бо он парвандаи ҷиноӣ шинос шуд. Тибқи хулосаи додситон бинобар исбот нашудани гуноҳаш Анвар бояд бо ситондани ҷарима озод карда мешуд.

– Хоҳиши маро иҷро кардед? – пурсид Шарофат-хола

– Ман имрўз бо чанд кас гапзанон кардам, – гуфт Сурат Завқӣ, ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ гирифта. – Кор чатоқ. Мегўянд, ки бояд ҳабс шавад, – камаш як-ду сол.

– Хонаам сўхт! – нидо кард Шарофат-хола. – Ягон илоҷи кор нест?

– Ман кўшиш мекунам. Аммо…

Шарофат-хола аз ин забонхоиҳои ҳамсояаш ба тарзи худ рамуз гирифта, аз бағалкисаи палтояш ду дона коғази саддоллараро бароварда, болои миз гузошт ва бо нўги рўймол  ашки чашмонашро пок карда, гуфт:

– Ният доштам, ки сари Анварҷонро ҷуфт кунам, аммо Худо нахост. Ноҳақ ўро ба тўҳмат печонданд.

– Гуноҳ намедошт, ба маҳкама намекашиданд.

– Гуфтам-ку тўҳмат заданд ба вай. Гунаҳкорон дар озодӣ гаштаанд, аммо писари бе касу кўйи маро ба ҷойи онҳо ҳабс карданианд. Онҳо пулдор, мо бошем худатон медонед, ба зўр рўзамон мегузарад.

– Ман надонам, хола.

– Медонам, шумо одами хайрхоҳ… Ягон илоҷашро ёбед. Агар кам  бошад, – ба пул ишора кард вай, – аз ягон кас боз каме қарз мегирам. Қурбонатон шавам, мани пира аз ин бало халос кунед.

– Кўшиш мекунам, – гуфт Сурат Завқӣ пулро ба ғалладони мизаш гузошта. – Аҳволи шуморо ба онҳо мефаҳмонам. Агар кам гуфта нозу нуз кунанд, худам камтар пул зам мекунам.

 – Илоҳо барака ёбед. Як умр дар ҳаққатон дуо мекунам… Чўрии дари хонаатон мешавам.

– Хуб, ман боз як кўшиш карда мебинам. Бояд розӣ шаванд. Охир, ман ҳам чандин хоҳиши онҳоро ба ҷо овардаам. Бояд розӣ шаванд.

– Кошки.То зинда ҳастам ин некии шуморо фаромўш намекунам, чўрии дари хонаатон мешавам.

  Шарофат-хола ҳафт пушти Сурат Завқиро  дуокунон аз ўтоқи ў берун шуд. Додрас ўро то дами дар гуселонида баргашт ва долларҳоро аз ғалладон гирифта,ба киссаи пиҷакаш андохт. Ва аз назди тиреза рўзномаро гирифта, боз ба ҳамон мақола чашм давонд ва худ ба худ гуфт: ”Ана бародар , ту ба ин чӣ мегўӣ? Охир, ин мардум худашон бо ду дасти адаб ба ман пора диҳанд, ман чи кор кунам? Нагирам? Не, дўстам, мегирам.”

 Ҳамин зайл бо муаллифи мақола туву ман гўён рўзномаро баргашта ба ҷояш гузошт ва сигарета даргиронда, дар ўтоқ пасу пеш қадамзанон суруди дўстдоштаашро замзама кард:

Ман нагўям, ки маро аз қафас озод кунед…

Пас аз пасмондаи сигаретаро дар хокистардони булўрин хомўш кардан, даст ба гўшаки телефон бурд ва бо як ҳисси ифтихормандӣ, ки рохи зиндагиро ёфтаасту ба истироҳат кардан низ ҳақ дорад, чанд рақамро паи ҳам чида, каме мунтазир шуд. Чун аз он ҷониб овози маҳини зане ҷавоб дод, ба гап даромад:

 – Алло… саломалейк, ҷонакам. Аҳволи шумо чӣ хел ? Мо нағз. Чи хеле ки шумо мегўед, авбошонро ҷазо дода гаштем. – Вай чанд лаҳза ба ҳамсўҳбаташ гўш дода, афзуд. – Ман ҳам озод… Бале! Бале! То соати ҳашт гўё дар ҷойи корам… Албатта, меравам. Пас аз бист дақиқа… Хуб…Яхмос мебарам.

Сурат Завқӣ бегоҳӣ дер ба хона омад. Ҳамсараш, зани фарбеҳу қадпаст, ўро ширакайф дида қавоқ андохт.

– Чаро ин қадар бевақт?

– Кор… аз мўи сар ҳам бисёр.

– Майнўшӣ будагист коратон…

– Бо бачаҳо камтар нўшидем. Ба гуфти ҳамкорамон Теша Муқаддас баъд аз бо ҷинояткор рў ба рў нишаста, пастфитратиҳои ўро аз забони худаш шунидан, нанўшӣ, девона шудан мумкин. Эй Худо, бандаҳои ношукратро бубахш… чӣ корҳое ки намекунанд.

– Хўрок биёрам?

– Не, иштиҳо надорам, – гуфт Сурат Завқӣ ва ба хонаи хоб даромада, худро болои кат партофту пас аз чанд дақиқа хобаш бурд.

Нисфи шаб бедор шуд.  Сараш дард мекард, тамоми аъзои баданаш дар кўраи таб месўхт. “ Шамол хўрдаам, – бо надомат аз дил гузаронд вай. – Беҳуда ҳамон яхмоси сабилро хўрдам. Қанчиқ… – маъшуқаашро, ки ҳангоми мулоқот ба ҳолу чонаш намонда ба ў яхмос хўронда буд ҳақорат дод Сурат Завқӣ. – Хўред, ҷонакам, хўред. Ана оқибаташ!

– Занак! – ҳамсарашро, ки то ҳол дар хонаи дигар телевизор тамошо дошт,садо кард Сурат Завқӣ.

– Чӣ мегўед?

-Табам баланд.

Занак ба назди шавҳараш ҳозир шуда, амонат ба лаби кат нишаст ва ба пойҳои ў, ки як ваҷаб аз таки кўрпа баромада меистоданд, даст зад.

– Ях барин-ку поятон.

– Чӣ… маро масхара мекунӣ?

– Ҳоло ҳам мастиатон нагузаштааст…

Сурат Завқӣ пояшро ғундошта, ба кафи даст гирифт. Воқиан ях барин хунук буд пояш.

– Тавба! – ҳайрон шуд вай ва дасти занашро ба пешонаи худ гузошт. Ин дафъа занак ҳайрон монд. Зеро пешонаи шавҳараш дастро месўзонд. Чанд лаҳза ҳарду нигоҳи ҳайратовар аз якдигар наканданд; Нигоҳи зан пурсуол буд, нигоҳи мард имдодталаб. Зан аз чой хеста хонаи дигар гузашт ва дар даст асбоби ҳароратсанҷ баргашт.

Вақте ки Сурат Завқӣ ҳароратсанҷро аз таки кашаш гирифта, ба ҳамсараш дароз кард, ҳайрати зан бештар афзуд: сивунўҳ дараҷа нишон медод ҳароратсанҷ.

Сурат Завқӣ ҳаросон даст ба пояш бурд; сардӣ то зонуяш расида буд.

– Занак, ман мемурам, – гуфт вай нигоҳаш ба рўи завҷааш пилелида.

– Худо нигаҳ дорад.

– Ана, бин, – дасти занро болои зонувони худ гузошт. – Аллакай то зонуям хунук шудааст. Мегуфтанд, ки баромадани ҷони одам аз нўки пояш оғоз ёфта, то ҳалқаш меояд, рост будааст.

-Дур кунед аз саратон ин гапҳои беҳударо… ман ҳозир лимучой меорам.

“Ҳай дареғ, – аз дил гузаронд Сурат Завқӣ. – Нафси бадам дар гўр. Як яхмос сабаби маргам шуд.”

– Нўшед ин чоя, табатонро мефарорад.

– Бефоида… мемурам, – нолиш кард Сурат Завқӣ ва тарсон айнаки зонуяшро дошт. Сардӣ то миёнаш расида буд.

– То миёнам омад… ҳамин замон ба ҳалқам мепечаду “пуф” гуфта сар медиҳам ва тамом!

– Ҳар гуна фикри бад накунед, – оби чашм кард зан. – Ба кўрпа печида хобидед, шояд барои ҳамун тафси баданатон баланд шуда бошад. Ман ҳозир доруи таб меорам.

Сурат Завқӣ танҳо монд.

“ Дар зиндагиам ягон кори хайр накардам. Акнун дар ун дунё чӣ чавоб медиҳам… Фақат фиреб додам, пора гирифтам, ба чашми одамон хок пошидам. Шарофат-хола… дуои ў гирифт маро. Охирин пулашро бо фиреб аз дасташ кашида гирифтам. Ҳарчанд медонистам, ки писараш гуноҳе надораду бояд халос шавад. Баргардонидан лозим пулҳояшро. Дар дами марг тавба кунам, шояд Худованд гуноҳҳоямро бахшад.”

Вақте ки ҳамсараш дар даст шишаи дору наздаш ҳозир шуд, Сурат Завқӣ бо овози хаста пурсид:

– Ҳамсоя бедор бошад?

– Кадом ҳамсоя?

– Шарофат-хола.

– Намедонам. Чӣ буд?

Сурат Завқӣ чанд лаҳза андеша кард ва баъд гуфт:

 – Дар кисаи пиҷакам дусад доллар ҳаст. Ҳамин пагоҳӣ барои халос кардани писараш Шарофат-хола дода буд. Ҳамонро баргардон. Гўй, ки додаратон масъаларо ҳал кардаанд, писаратон пагоҳ ё фардо халос мешудааст. Пулро гиред гўй… писаратонро хонадор кунед гўй.

– Дар ин бевақтӣ… шаб нисф шуд… пагоҳ медиҳед.

– Не, ҳозир бар. Ман бо хотири ҷамъ ҷон диҳам.

– Худо нигаҳ дорад, натарсонед, мардак.

– Аз афташ нигоҳ намедорад, – даст ба ҷабинаш бурд Сурат Завқӣ. –  Ҳамоно сўзон. – Рав, занак, илтимоси охиринамро ба ҷо биёр.

Занак рафт. Ва пас аз даҳ дақиқа як коса шир дар дасташ баргашт.

– Додӣ? – пурсид Сурат Завқӣ.

– Ҳа.

– Чӣ гуфт?

– Чӣ ҳам мегуфт? Аз шодӣ ҷои нишаст намеёфт. Ашк рехт, шуморо дуои нек карда, як коса шир дод.

– Нағз, – гуфт Сурат Завқӣ. – Ҳай дареғ! Ҳай дареғ! Бачаҳоямро эрка калон кардам. Акнун хор мещаванд.

 – Ин хел нагўед, мардакҷон, – боз оби дида рехт ҳамсараш. – Натарсонед. Наход одам аз таб кардан…

– Рўз пур шуда бошад, одам аз атсазанӣ ҳам мемурад. Агар баъзан гапи сахт мегуфтам ва ё ранҷонда бошам бубахш…

“ Ин паршикастаро низ хеле азоб додам. Дар ҷавониам фақат мезадамаш. Зани ҳалоли худам дар хонаву корам маъшуқабозӣ буд. Лекин ин худро ба нодонӣ занад ҳам, ҳамааашро медонист. Ҳозир шояд аз шодӣ ашк мерезад. Шояд пас аз мурданам шавҳар ҳам кунад. Хайр, ихтиёраш. Дигар аз дасти ман ҳеҷ кор намеояд, лачоми зиндагӣ аз дастам раҳо мешавад. Эй Худо, бандаи пургуноҳатро бубахш!”

Сурат Завқӣ ғарқи чунин андешаҳо нафаҳмид, ки кай хобаш бурд.

Вақте ки субҳ бедор шуд филҳол даст ба пешониаш бурд. Мўътадил буд тафси баданаш. Вай чанд лаҳза ба шифти хона ва қандили зебои тори сараш нигоҳи гунг дўхта, шаби гузаштаро ба ёд овард; Гарму хунук шудани ҳарорати баданаш, васиятҳои ба занаш кардааш, баргардондани пули Шарофат-холаро ба ёд овард. Ва намедонист, ки ҳоло аз зинда буданаш хурсанд шавад ё ғамгин?!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …