Главная / Гуногун / Дар  ҷустуҷўи  чатр

Дар  ҷустуҷўи  чатр

Автобуси тамғаи «Икарус» ғурросзанон баландиеро баромаду як такон хўрда, дар роҳи ҳамвор ҷавлонзанон роҳашро идома дод. Солони он, ки дар оғози сафар хеле хунук буд, торафт гарм мешуд.

Баъзе мусофирон аллакай палтову борониҳои худро кашида буданд. Ҳарчанд толори автобус пур аз одам буд, хомўшӣ ҳукм меронд. Танҳо садои якнавохти матори он ба гўш мерасид. Мусофирон ба фикру андешаҳои худ банд буданд: Яке аз тиреза ба табиати акнун аз хоби зимстон бедоршуда, сабзаҳои наврустаи канори роҳ ва қуллаҳои то ҳол барфпўши кўҳҳои салобатнок дида медўхт. Дигаре китоби ҳамроҳ гирифтаашро кушода, ғарқи мутолиа буд. Сеюмӣ, фориғ аз ҳама гирудори зиндагӣ дар ҳавои гашти якранги автобус ба хоби роҳат рафта буд. Танҳо дар баъзе нишастгоҳҳо одамони ба якдигар шинос ва ҳамроҳ ба сафар  баромада паст-паст байни ҳам сўҳбат доштанд.

Начало Великого переселения
Начало Великого переселения

Вақте ки автобус аз байни як деҳаи наонқадар калон мегузашт, зане даст бардошт. Ронанда аз назди ў даҳ-дувоздаҳ қадам гузашта, мошинро дар канори роҳ боздошт. Зан тозон омада ба дари автобус сар халонд ва ба зўр нафасашро рост карда, ба ронанда муроҷиат кард:

– Додар, дина ман дар мошинатон як қуттиро фаромўш кардаам. Дар дарунаш мошини дарздўзӣ буд. Наппа-нав. Аз бозори Душанбе харида будам. Агар дар ёдатон бошад, худатон гуфтед, ки ба салон надарор, ба мусофирон халал мерасонад. Баъд ҳамроҳатон ба дасти худаш дар боғоҷмонак ҷойгир кард. Гўр беҳушии ман шавад, вақти фуромадан саросема шуда, гирифтанашро фаромўш кардаам. Баъди раҳакӣ шудани автобус ба ёдам расид.

Ронанда чанд лаҳза ба рўи зан нигоҳи тааҷуб дўхта, гуфт:

– Он қуттӣ аз они шумо буд?

– Ҳа, додарҷон, – яқин ба дилаш шўълаи умед дурахшида, тасдиқ кард зан. – Ҳамсояам пул дода буд, барои ҳамун харида будам.

– О ун қуттиро дар Қўрғонтеппа як мўйсафед гирифт-ку!

– Чӣ хел? – якбора тағйир ёфт овози зан. – Чӣ хел мўйсафед гирифт?

– Надонам. Халтаи ў ҳам дар ҳамон ҷо будааст. Вақте халтаашро мегирифт, азбаски дигар ягон мусофир намонда буд, ман гумон кардам, ки қуттӣ низ аз вай будагист. Ҳатто қуттиро нишон дода пурсидам, ки ин ҳам аз шумост? Ҳа, додар, аз ман гуфт. Ман аз куҷо донам, ки ун беимон дурўғ мегўяд.

Зан маҳзун сар хам кард ва баъди андаке ҳайрон сукут варзидан сар бардошта, пурсид:

– Хонаашро намедонед?

– Холаҷон, ҳар рўз ба ин автобус шаст-ҳафтод нафар савор мешавад. Ман хонаи ҳамаи онҳоро аз куҷо медонам, – табассум кард ронанда.

Мусофире, ки дар қатори аввал менишаст, яқин аз соддагии зан баланд хандид.Аммо баъд шояд беҷо будани хандаашро фаҳмид, ки ба зан рўй оварда гуфт:

– Ба истгоҳ, ё бозори Қўрғонтеппа рафта пурсед, шояд ягон кас шиносад ўро. Кори хуб нашудааст…

– Хонаам сўхт. Акнун ба ҳамсоя чӣ мегўм. Гум шуд гўям бовар мекунад магар? Охир, вай пули кам не – 200 сомонӣ дода буд. Ман ўро акнун аз куҷо меёбам…

Аз қафо чанд нафар мусофирон аз зиёд истодани автобус бетоқатӣ карданд. Зан ноилоҷ  аз автобус фуромаду ронанда дарро пўшида, мошинро ба ҳаракат даровард. Ман аз тиреза ба қафо нигоҳ кардам. Зан ҳамоно дар канори роҳ музтар  меистод. Гўё дар ин автобус ҷигарбандашро мебурда бошанд, то аз назар ғоиб шудан чашм аз он намеканд.

Қазияи гум шудани бори зан ҳамаро ҳушёр кард. Яке аз беимонии он марди қаллоб сар меҷунбонду дигаре ба ҳоли зани бечора афсўс мехўрд. Дар курсии қатори пеш аз ман ду нафар марди миёнаумри деҳқонсурат менишастанд. Дар сари ҳардуяшон тоқии чоргул, дар тани яке яктаҳи хокистарранг буд, дигари ҷомаи хушдўхтӣ сиёҳ дошт.

-Тавба, – гуфт марди яктаҳпўш. – Аз бандаҳои беимонат гардам, худо! Одамон инсофро фаромўш кардаанд, ҳаромро аз ҳалол фарқ намекардагӣ шудаанд. Ина бинед, а, дар рўзи равшан моли як бечораро аз худ кардааст. Э ришат резад ту барин мўйсафеда!  Магар ҳамин ҳам мусулмонӣ шуд?!

– Ман бовар дорам, ҳамон мўйсафед дар давра ба ману шумо баринҳо гап намедиҳад. Дар бораи дину оин, худову расул, одаму одамгарӣ, ҳарому ҳалол чунон амри маъруф мекунад, ки кас мехоҳад дар бари ҷомааш намоз гузорад, – гуфт ҳамраҳи ў.

– Шояд, – тасдиқ намуд марди яктаҳпўш андешамандона. – Ҳарчанд бори гуноҳ нисбат ба синну сол каму беш намешавад, вақте ки пиронсолон ягон гуноҳ содир мекунанд, дилам ба онҳо месўзад. Чунки  агар ҷавоне гуноҳ кунад, ба умед мешавем, ки шояд дар оянда ислоҳ шавад. Аммо марди пир… бори ҳамон гуноҳ ба дўшаш он дунё меравад. Зеро дигар фурсати дуруст шудан надорад, тавба кардан бошад дар ҷавонӣ мезебад. Ҳайфи умри бар бод додааш, ки на аз устод, на аз китоб, на аз зиндагӣ сабақе набардоштааст.

Ҳамроҳи марди яктаҳпўш сар ҷунбонда, фикри ўро тасдиқ мекард.

– Ду моҳ пеш бо ман низ чунин воқиа рўй дода буд, – ба гап даромад вай. – Хабар доред, ки кампирам чанд моҳ боз бемор. Духтурон як дунё дору фармуданд. Касе гуфт, ки дар Душанбе дору арзон аст, аз ҳамон ҷо биёрӣ беҳтар. Хулоса, Душанбе рафта ба якумин дорухонаи сари роҳ даромадам. Фурўшанда, як духтараки навниҳоли хандонрў, маро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифт. Зебо, ҳамеша табассум мекард. Гўё аз модар хандон таваллуд шуда бошад. Намедонам аз муомилаи хуши ў саргарм шудам ва ё аломати пирӣ, ки чатри дар дастам бударо ҳамон ҷо фаромўш кардаам. Ёд дорам, ки ҳангоми доруҳоро харидан ба пештахтаи дорухона овезон карда будам.

Баъд аз дорухона баромадан ба бозори шафат даромадам. Пас аз хеле бозорро гаштан, ногоҳ ба ёдам расид, ки дар дорухона чатрро фаромўш кардаам.

– Шумо бо худ чатр ҳам мегардонед? – Пурсид бо лабханд марди яктаҳпўш.

– Э не! Аз они писари студентам буд. Ҳангоми ба таътили зимистона омаданаш дар хона фаромўш карда рафтааст. Қисса кутоҳ, зуд аз роҳам баргашта, сўи дорухона шитофтам. Ҳамон духтараки хандонрў ба мизоҷон савдо мекард. Чанд дақиқа мунтазир шудам. Вақте ки дорухона аз харидорон холӣ шуд, мақсади баргашта омаданамро ба ў фаҳмондам.

Духтарак низ мисли ронандаи мо ҳайрон шуда пурсид:

– Чатри шумо буд?

– Ҳа, духтарам, аз они ман буд, – гуфтам ва барои он ки шубҳа накунад, шарҳ додам –Писари студентам ҳангоми таътил дар хона фаромўш кардааст. Ҳозир ба хобгоҳаш бурда доданӣ будам.

– Пас аз рафтани шумо ана ин ҳамсояамон, – ба тарафи рост ишора кард духтарак, – даромада чатри дар пештахта овезонро дида, гуфт, ки аз они вай фаромўш шудааст. Ҳарчанд гуфтам, шояд ягон харидор фаромўш карда бошад, баргашта меояд, аммо вай қасам хўрд, ки чатри худаш аст. Пагоҳӣ, вақти ба инҷо даромаданаш, монда рафтааст. Лекин ба дорухона даромадани ўро ба чашмонам дида будам, дар дасташ чатр надошт. Ё шухӣ кард?

Духтарак чанд лаҳза хомўш монда, баъд гуфт:

– Рафтем. Вай, ҷавон, дар дўкони дигар савдо мекунад.

Бечора аз барои ман дари дорухонаро қуфл заду ба ҷустуҷўи ҳамон ҷавон рафтем. Дўконаш чор дар дуртар аз дорухона будааст. Аммо ўро дар ҷояш наёфтем. Ҳамроҳаш, занаки қадпасти бадқавоқ гуфт, ки Мурод хўрокхурӣ рафтаасту намедонад, ки кай меояд.

– Ягон гапи зарур доштӣ? – Пурсид зан аз духтарак.

– Як соат пеш дар дорухона чатреро гирифта буд, соҳиби ҳамон чатр ин мардак будааст, – гуфт духтарак маро нишон дода.

Зан сар то пои маро норозиёна бо нигоҳ палмосида, намедонам гуфт.

Мо ноилоҷ баргашта ба дорухона омадем. Сипас худам ду бор рафта хабар гирифтам. Аммо аз ҷавон дарак набуд. Оқибат, духтарак ба саргардониҳои ман раҳмаш омада:

– Амак, шумо равед, ман худам ўро ёфта  чатратонро мегирам, – гуфт. – Баъд пагоҳ омада мегиред.

Ман розӣ шудам. Баъд ўро дуокунон аз дорухона баромада, ба хобгоҳи писарам рафтам. Ҳарчанд табъам каме хира шуд, дилам пур буд, ки чатрам ёфт мешавад. Агар ҷавон моли бесоҳибро дида, азони худ карданӣ шуда бошад ҳам, баргардонда медиҳад, – меандешидам ба худ.

Аммо вақте ки рўзи дигар ба дорухона омадам, тарбуз аз бағалам афтид. Духтарак маро дидан замон гунаҳояш лолагун гашта, гуфт:

– Амак, он ҷавон мегўяд, ки дина чатрро нагирифтааст, гашта ба ҷояш мондааст. Шояд ягон харидор гирифта бошад, мегўяд.

Ман аз ҳайрат чӣ гуфтанамро надонистам.

– Лекин гирифта рафтанашро дида будам, – гуфт духтарак сар ба зер афканда.

– Хайр, ҳеҷ қисса не, духтарам, – тасалло додам ўро. – Медонам, ки дурўғ намегўӣ. Ман одами дурўғгўйро аз чашмонаш мешиносам. Як чатр гум шуд, гум шуд-дия! Ҷони одам нест–ку! Тану ҷон сиҳат бошад, чатр ёфт мешавад.

Ҳамин тариқ ўро тасалло дода, аз дорухона берун шудам. Ҳарчанд аз чатр умедамро канда будам, хостам ҳамон ҷавони қаллобро як назар  бинам, ки чӣ сурату симо дорад. Бо ҳамин мақсад ба дўкони ў даромадам. Дар ҷои кораш будаст. Як ҷавони ҳузарб, кўҳро занад кўҳ талқон мешавад. Либосаш ҳам фохирона. Дар дасташ тилфонҳои навбаромад, бо касе тилфонӣ сўҳбат дошт. Зан аввал маро харидор пиндошта, ба пешвозам аз ҷой хест. Аммо баъд шинохт магар, ҳеҷ чиз нагуфта, норозиёна ба ҷояш рафта нишаст. Аввал хостам ба ҷавон як-ду даҳон гапи сахт занам. Гўям, ки ту чӣ хел дар дўкон барин ҷои муқаддас нишаста, дурўғ мегўӣ, мижаат хам нахўрда моли як мўъмина таҳ мезанӣ? Лекин боз мулоҳиза кардам. Сараша хўрад ҳамон чатр гуфтам, насиб накунад, гуфтам.

– Гўед буд, – гуфт марди яктаҳпўш. – Ман мешудам, дар назди харидорон ба рўяш кашида, шармандааша мебаровардам.

– Духтаракро андеша кардам, – гуфт мард. – Пас аз рафтани ман ба ў ягон зарар нарасонад, гуфтам. Охир, ин хел зотҳои касиф кинагир мешаванд.

Ҳарду лаҳзае хомўш монданд. Баъд мард ба ҳамраҳи яктаҳпўшаш рўй оварда, ба дард гуфт:

-Чӣ хел моли як кас ба чунин одамон насиб мекунад, а! Аз рўзи қиёмат наметарсида бошанд?

Автобус нолишкунон кўтали баландро боло мешуд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …