Главная / Теги: Гулистони Саъдии Шерозӣ (страница 7)

Теги: Гулистони Саъдии Шерозӣ

Раҳм ба бадон ва ситам аст бар некон

1-56

Раҳм овардан бар бадон, ситам аст бар некон ва афв кардан аз золимон, ҷавр аст бар дарвешон! Хабисро чу тааҳҳуд  кунию бинвозӣ, Ба давлати ту нигаҳ мекунад ба анбозӣ.

Муфассал »

Олими нопарҳезгор кўри машъалдор аст

zaru-zindagi

Бефоида ҳар ки умр дарбохт, Чизе нахариду зар бияндохт. Мулк аз хирадмандон ҷамол гирад ва дин аз парҳезгорон камол ёбад. Подшоҳон ба сўҳбати хирадмандон аз он муҳтоҷтаранд, ки хирадмандон ба курбати подшоҳон. Пандам агар бишнавӣ, эй подшоҳ, Дар ҳама олам беҳ аз ин панд нест. Ҷуз ба хирадманд мафармо амал, …

Муфассал »

Манои зиндагӣ

zindagi

Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъи бефоида караданд: яке он, ки андухту нахўрд ва дигаре он, ки омўхту (амал) накард. Илм чандон, ки бештар хонӣ, Чун амал дар ту нест, нодонӣ. На муҳаққиқ бувад, на донишманд, Чорпое бар ў китобе чанд. Он тиҳимағзро чӣ илму хабар, Ки бар ў …

Муфассал »

ОДОБИ СӮҲБАТ КАРДАН

682_3

Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол! Оқилеро пурсидаанд: – Некбахт кисту бадбахт чист? Гуфт: – Некбахт он, ки хурду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт! Макун намоз бар он ҳеҷ кас, ки ҳеҷ накард, Ки умр дар сари таҳсили мол карду нахўрд. …

Муфассал »

ҶИДОЛИ САЪДИ БО МУДДАИ ДАР БАЁНИ ТАВОНГАРИЮ ДАРВЕШИ

44-chashma-24

Яке дар сурати дарвешон на бар сифати эшон дар маҳфиле дидам нишаста ва шанъате дарпайваста ва дафтари шикоят ва замми тавонгарон оғоз карда, сухан бад-ин ҷо расонида, ки дарвешро дасти қудрат бастааст ва тавонгарро пои иродат шикаста. Каримонро ба даст андар дирам нест, Худовандони неъматро карам нест. Маро, ки парвардаи …

Муфассал »

Душмантарин душман кист?

jangi-arab

Бузургеро пурсидам дар маънии ин ҳадис, ки «Аъдо адувуққа нафсуқа аллати байна ҷанбайқа (душмантарини душманҳоят нафси туст, ки дар синаи туст). Гуфт: – Ба ҳукми он ки ҳар он душманеро, ки бо вай эҳсон кунӣ, дўст гардад, магар нафсро, ки чандон ки мудоро беш кунӣ, мухолифат зиёдат кунад. Фариштахўй шавад …

Муфассал »

Баҳси бойбача ва қамбағалбача

duogui-sari-mazor

Тавонгарзодае дидам бар сари гўри падар нишаста ва бо дарвешбачае мунозира дарпайваста, ки сандуқи турбати мо сангин асту китоба ранги ва фарши руҳом андохта ва хишти пирўза дар ў сохта. Ба гўри падарат чӣ монад, (ки) хиште ду фароҳам оварда ва муште ду хок бар он пошида. Дарвешписар ин бишуниду …

Муфассал »

Ҷавони дунёнадидаи бетаҷриба

unnamed

Соле аз Балх Бомиёнам сафар буд ва роҳ аз ҳаромиён пурхатар. Ҷавоне бадрақа ҳамроҳи мо шуд сипарбоз, чархандоз, силаҳшўри бешзур, ки ба даҳ марди тавоно камони ў зеҳ кардандӣ ва зуроварони рўи замин пушти ў бар замин наёвардандӣ. Валекин, чунон ки донӣ, муғтанам буду сояпарварда, на ҷаҳондидаву сафаркарда, раъди кўси …

Муфассал »