Главная / Теги: Гулистони Саъдии Шерозӣ (страница 8)

Теги: Гулистони Саъдии Шерозӣ

Азоб додани банда

azob

Порсое бар яке аз худовандони неъмат гузар кард, ки бандаеро дасту пой баста, уқубат ҳаме кард. Гуфт: – Эй писар, ҳамчу ту махлуқеро худои азза ва ҷалла асири ҳукми ту гардонидааст ва туро фазилат дода, шукри неъмати бориитаоло ба ҷой ор ва чандин ҷафо бар вай маписанд, набояд, ки фардои …

Муфассал »

Вафот кардани Писар – фарзанд

Марги фарзанд - қабристон

Якеро аз бузургони аимма писаре вафот ёфт. Пурсиданд, ки бар сандуқи гўраш чӣ нависем? Гуфт: – Оёти китоби маҷидро иззату шараф беш аз он аст, ки раво бошад бар чунин ҷойҳо навиштан, ки ба рўзгор суда гардаду халоиқ бар ў гузаранд ва сагон бар ў шошанд. Агар ба зарурат чизе …

Муфассал »

Дарди чашм – ҳикоя

2018121212440656676_bolyat-20glaza

Мардеро дарди чашм хост, пеши байтор рафт, ки даво кун. Байтор аз он чи дар чашми чорпоён мекунанд, дар дидаи ў кашид ва кўр шуд. Ҳукумат ба довар бурданд. Гуфт: – Бар ў ҳеҷ товон нест, агар ин ҳар набудӣ, пеши байтор нарафтӣ! Мақсуд аз ин сухан он аст, то …

Муфассал »

Қисса бо Ҳинду

skolko-narodu-v-indii_0

Ҳиндуе нафтандозӣ ҳамеомўхт. Ҳакиме гуфт: – Туро, ки хона найин аст, бозӣ на ин аст! То надонӣ, ки сухан айни савоб аст, магўй, В-он чи донӣ, ки на некўш ҷавоб аст, магўй.

Муфассал »

Ҳоҷи ту нестӣ, шутур аст, аз барои он-к

arab

Соле низое дар пиёдагони ҳоҷ ўфтода буд ва доӣ ҳам дар он сафар пиёда. Инсоф, дар сару рўи ҳам фитодем ва доди фусуқу ҷилол бидедем. Каҷованишинеро шунидам, ки бо адиле худ мегуфт: – Ё лилаҷаб, пиёдаи оч чун арсаи шатранҷ ба сар мебарад, фарзин мешавад, яъне беҳ аз он мегардад, …

Муфассал »

Тифли хурд шуд марди расо

unnamed

Тифле будам, ки бузургеро пурсидам аз булўғ. Гуфт: – Дар мастур омадааст, ки се нишон дорад: яке понздаҳсолагӣ ва дигар эҳтимол ва сеюм баромадани мўи пеш. Аммо дар ҳақиқат як нишон дораду бас: он ки дар банди ризои ҳақ ҷалла ва ало беш аз он бошӣ, ки дар банди хаззи …

Муфассал »

Қасамхурии дарвеши ҳомила

modar

Фақираи дарвеше ҳомила буд, муддати ҳамл ба сар оварда ва мар ин дарвешро ҳама умр фарзанд наёмада буд. Гуфт: – Агар худои азза ва ҷалла маро писаре диҳад, ҷуз ин хирқа, ки пушида дорам, ҳарчи милки ман аст, эсори дарвешон кунам. Ба мўҷиби шарт иттифоқан писар оварду суфраи дарвешон ба …

Муфассал »

Васияти Падар бар Писар

панди падар

Дар тасонифи ҳукамо овардаанд, ки каждумро валодат маъхуд нест, чунон ки дигар ҳайвонотро, бал аҳшои модарро бихўранд ва шикамашро бидаранд ва роҳи саҳро гиранд ва он пустҳо, ки дар хонаи каждум бинанд, асари он аст. Боре ин нукта пеши бузурге ҳаме гуфтам, гуфта: – Дили ман бар сидқи ин сухан …

Муфассал »

Ҷомаи Каъба

kaba

Аъробиро дидам, ки писарро ҳамегуфт: Туро хоҳанд пурсид, ки амалат чист, нагўянд падарат кист ва аслат чӣ? Ҷомаи Каъбаро, ки мебўсанд, Ў на аз кирми пила номӣ шуд? Бо азизе нишаст рўзе чанд, Лоҷарам ҳамчу ў гиромӣ шуд.

Муфассал »

Писари шоҳ дар шогирдии муаллим

5a7442b218356129718b4567

Подшоҳе писареро ба адибе доду гуфт: – Ин фарзанди туст, тарбияташ ҳамчунон кун, ки яке аз фарзандони хеш. Адиб хидмат кард ва мутақаббил шуд ва соле чанд бар ў сайъ карду ба ҷое нарасид ва писарони адиб дар фазлу балоғат мунтаҳӣ шуданд. Малик донишмандро муохазат карду муотабат, ки ваъда хилоф …

Муфассал »