Главная / Гуногун / ОДОБИ СӮҲБАТ КАРДАН

ОДОБИ СӮҲБАТ КАРДАН

Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол!
Оқилеро пурсидаанд:
– Некбахт кисту бадбахт чист?
Гуфт:
– Некбахт он, ки хурду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт!
Макун намоз бар он ҳеҷ кас, ки ҳеҷ накард,
Ки умр дар сари таҳсили мол карду нахўрд.

682_3
Мўсо, алайҳиссалом Корунро насиҳат кард, ки «Уҳсин камо аҳсана-л-лоҳу илайка» (некӣ кун, чунон ки худо ба ту некӣ кардааст) нашунид ва оқибаташ шунидӣ.

Он кас, ки ба динору дирам хайр наяндўхт,
Сар оқибат андар сари динору дирам кард.
Хоҳӣ, мутаматтуъ шавӣ аз дунъиву уқбо,
Бо халқ карам кун, чи худо бо ту карам кард.

Араб гўяд: «ҷуд вало таманнан, фа Инна-л-фоидата илайка оидатун» (саховат кун ва миннат магузор, зеро нафъаш ба ту бозгардад). Яъне бубахшу миннат манеҳ, ки нафъи он ба ту бозмегардад.

Дарахти карам ҳар куҷо бех кард,
Гузашт аз фалак шоху болои ў.
Гар уммедворӣ, к-аз ў бар хўрӣ,
Ба миннат манеҳ арра бар пои ў.

***
Шукри худой кун, муваффақ шудӣ ба хайр,
З-инъому фазли худ на маътал гузоштат.
Миннат манеҳ, ки хидмати султон куни ҳаме,
Миннат шинос аз ў, ки ба хидмат бидоштат.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …