Главная / Гуногун / ҶИДОЛИ САЪДИ БО МУДДАИ ДАР БАЁНИ ТАВОНГАРИЮ ДАРВЕШИ

ҶИДОЛИ САЪДИ БО МУДДАИ ДАР БАЁНИ ТАВОНГАРИЮ ДАРВЕШИ

Яке дар сурати дарвешон на бар сифати эшон дар маҳфиле дидам нишаста ва шанъате дарпайваста ва дафтари шикоят ва замми тавонгарон оғоз карда, сухан бад-ин ҷо расонида, ки дарвешро дасти қудрат бастааст ва тавонгарро пои иродат шикаста.

Каримонро ба даст андар дирам нест,
Худовандони неъматро карам нест.

44-chashma-24Маро, ки парвардаи неъмати бузургонам, ин сухан сахт омад, гуфтам:
– Эй ёр, тавонгарон дахли мискинонад ва захираи гушанишинон ва мақсади зоирону каҳфи мусофирон ва мутаҳамили бори гарон аз баҳри роҳати дигарон. Дасти тановул он гаҳ ба таом баранд, ки мутааллиқон ва зердастон бихўранд ва фазлаи макорими эшон ба аромилу пирону ақорибу ҷийрон расад.

Тавонгаронро вақф асту назру меҳмонӣ,
Закоту фитраву эътоқу ҳадию қурбонӣ.
Ту кай ба давлати эшон расӣ, ки натвонӣ
Ҷуз ин ду ракъату он ҳам ба сад парешонӣ.

Агар қудрати ҷуд асту гар қуввати суҷуд тавонгаронро беҳ муяссар шавад, ки моли музакко доранд ва ҷомаи поку ирзи масуну дили фориғ ва қуввати тоат дар луқмаи латиф аства сўҳбати ибодат дар кисвати назиф. Пайдост, ки аз меъдаи холи чӣ қувват ояд ва дасти тиҳӣ чӣ мурувват ва аз пои бараҳна чӣ сайр ояд ва за дасти гурусна чӣ хабар.

Шаб пароканда хусбад он, ки падид,
Набувад ваҷҳи бомдодонаш.
Мўр гирд оварда ба тобистон,
То фароғат бувад зимистонаш.

Фароғат бо фоқа напайвандад ва ҷамъият дар тангдастӣ сурат набандад. Яке таҳримаи ишо баставу дигаре мунтазири ашо нишаста!
Ҳаргиз ин бад-он кай монад?

Худованди мукнат ба ҳақ муштағил,
Парокандарўзи – парокандадил.

Пас ибодати инон ба қабул авлитар аст, ки ҷамъанду ҳозир, на парешону парокандахотир. Асбоби маишат сохта ва ба авроди ибодат пардохта.
Араб гўяд: Аузу бил-л-лоҳи мина-л-фақри-л-муқиби ва ҷавори ман лоуҳиббу. (Тарҷума: худо нигаҳ дорад аз камбағалии бардавом ва ҳамсоягии касе, ки дўсташ надорам).
Ва дар хабар аст: «Ал-фақру саводу –л-ваҷҳи фи-д-дорайн» (Тарҷума: «Камбағали русиёҳи дар ҳар ду дунёст»).
Гуфто: «Нашунидӣ, ки пайғамбар алайҳиссалом, гуфт:
«Ал-фақру фахри» (Тарҷума: камбағали ифтихори ман).
Гуфтам: «Хомуш, ки ишорати хоҷаи олам ба фақри тоифаест, ки марди майдони ризоанду таслими тири қазо, на инон, ки хирқаи аброр пушанд ва луқмаи идрор фурўшанд.

Эй табли баландбонги дар ботин ҳеҷ,
Бе тўша чӣ тадбир кунӣ вақти басиҷ?
Рўи тамаъ аз халқ бипеч, ар мардӣ,
Тасбеҳи ҳазордона бар даст мапеч.

Дарвеши бемаърифат наёромад, то фақраш ба куфр анҷомад ки нашояд ҷуз ба вуҷуди неъмат бараҳнае пўшидан ё дар истихлоси гирифторе кўшидан. Ва абнои ҷинси моро ба мартабаи эшон ки расонад ва яди улё ба яди суфло чӣ монад? Набинӣ, ки ҳақ ҷалла ва ало дар муҳками танзил аз наими аҳли биҳишт хабар медиҳад, ки улоиқа лаҳум ризқун маълум (онҳоро ризқе муайян бошад). То бидонӣ, ки машғули кафоф аз давлати афоф маҳрум аст мулки фароғат зери нигини ризқи маълум.
Ташнагонро намояд андар хоб
Ҳама олам ба чашм чашмаи об.

Ҳоли, ки ман ин сухан бигуфтам, инони тоқати дарвеш аз дасти таҳаммул бирафт, теғи забон баркашид ва бар ман давонид ва асби фасоҳат дар майдони вақоҳат ҷаҳонид ва гуфт:
– Чандон муболиға дар васфи эшон бикардӣ ва суханҳои парешон бигуфтӣ, ки ваҳм тасаввур кунад, ки тарёканд ё калиди хизонаи арзоқ, муште мутакаббири мағрур, муҷиби манфури муштағили молу неъмат, мутафаннини ҷоҳу сарват, ки сухан нагўянд илло ба сафоҳату назар накунанд илло ба кароҳат: уламоро ба гадои мансуб кунанду фуқароро ба бесарупои маъюб гардонанд ва ба иззати моле, ки доранду иззате чоҳе, ки пиндоранд, бартари ҳама нишинанд. Ва худро беҳтар аз ҳама бинанд. Ва на он дар сар доранд, ки сар ба касе бароранд, бехабар аз қавли ҳукамо, ки гуфтаанд: «ҳар кӣ ба тоат аз дигарон кам асту ба неъмат беш, ба сурат тавонгар асту ба маъни дарвеш».

Гар беҳунар ба мол кунад кибр бар ҳаким,
Куни хараш шумор вагар гови анбар аст!

Гуфтам:
– Мазаммати эшон раво мадор, ки худованди караманд!
Гуфт:
– ғалат гуфтӣ, ки бандаи дираманд. Чӣ фоида, чун абри озоранду намеборанд ва чашмаи офтобанду бар кас наметобанд, бар маркаби иститоат саворанду намеронанд ва қадаме баҳри худо наниҳанду дираме бе ману изо надиҳанд. Моле ба машаққат фароҳам оранду ба ҳиссат нигаҳ доранду ба ҳасрат бигузоранд, чунон ки ҳакимон гўянд: «Сими бахил аз хок вақте барояд, ки вай дар хок равад!».

Ба ранҷу саъй касе неъмате ба ҷанг орад,
Дигар кас ояду бе саъю ранҷ бардорад!

Гуфтамаш:
– Бар бухли худовандони неъмат вуқуф наёфтаӣ илло ба иллати гадоӣ, вагарна ҳар ки тамаъ як су ниҳад, кариму бахилаш яке намояд. Маҳак донад, ки зар чисту гадо донад, ки мумсик кист.
Гуфто:
– Ба таҷрибат он ҳамегўям, ки мутааллиқон бар дар бидоранд, ғализони шадид баргуморанд, то бори азизон надиҳанд ва даст бар синаи соҳибтамизон наниҳанд ва гўянд: «Кас ин ҷо-дар нест!» Ва рост гуфта бошанд.
Онро, ки ақлу ҳиммату тадбиру рой нест,
Хуш гуфт пардадор, ки кас дар сарой нест.

Гуфтам:
– Ба узри он ки аз дасти мутаваққеон ба ҷон омадаанд ва аз руқъаи гадоён ба фиғон ва муҳоли ақл аст, агар реги биёбон дур шавад, ки чашми гадоён пур шавад!

Дидаи аҳли тамаъ ба неъмати дунё
Пур нашавад, ҳамчунон ки чоҳ ба шабнам.

Ҳар куҷо сахтикашидае, талхидидаеро бинӣ, худро ба шараҳ дар корҳои махуф андозад ва аз авобиқи он напарҳезад ва аз уқубати эзид наҳаросад ва ҳалол аз ҳаром нашиносад.
Сагеро гар кулухе бар сар ояд.
Зи шодӣ барҷаҳад, к-ин устухонест.
В-агар наъше ду кас бар дўш гиранд,
Лаим-ут-табъ пиндорад, ки хонест.
Аммо соҳиби неъмати дуне ба айни ин инояти ҳақ малҳузаст ва ба ҳалол аз ҳаром маҳфуз. Ман ҳамоно, ки тақрири ин сухан накардам ва бурҳону баён наовардам, инсоф аз ту таваққуъ дорам, ҳаргиз дидаӣ, дасти дуое бар китф баста ё бенавое ба зиндон дарнишаста ё пардаи маъсуме дарида ё кафе аз миъсам бурида, илло ба иллати дарвеши шермандоно ба ҳукми зарурат дар нақбҳо гирифтаанду каъбҳо суфта. Ва муҳтамал аст он, ки якеро аз дарвешон нафси аммора талабкунад, чу қуввати эҳсонаш набошад, ба исён мубтало гардад, ки батну фарҷ тавъаманд, яъне ду фарзанд дар як шикаманд. Модом ки ин яке барҷояст, он дигар барпояст. Шунидам, ки дарвешеро бо ҳадасе бар хабасӣ гирифтанд. Бо он ки шармсори бурд, бими сангсорӣ буд. Гуфт:
– Эй мусулмонон, қувват надорам, ки зан кунам ва тоққат на, ки сабр кунам, чӣ кунам? Ло раҳбанията фи-л-ислом (дар ислом роҳибият набошад).
Ва аз ҷумлаи мавоҷиби сукун ва ҷамъияти дарун, ки мар тавонгарро муяссар мешавад, яке он ки ҳар шаб санаме дар бар гирад, ки ҳар рўз бад-ў ҷавонӣ аз сар гирад. Субҳи тобонро даст аз сабоҳати ў бар дилу сарви хиромонро пой аз хиҷолати ў дар гил:

Ба хуни азизон фурў бурда чанг,
Сарангуштҳо карда уннобранг.

Муҳол аст, ки бо ҳусни талъати ў гирди маноҳӣ гардад ё қасди табоҳи кунад.
Диле, ки ҳури бихиштӣ рабуду яғмо кард,
Кай илтифот кунад бар бутони ягмоӣ?

Ағлаб тиҳидастон домани исмат ба маъсият олоянд ва гуруснагон нон рабоянд.
Чун саги дарранда гўшт ёфт, напурсад,
К-ин шутури Солех аст ё хари Даҷҷол.

Чи моя мастурон ба иллати дарвеши дар айни фасод афтода ва ирзи гиромӣ ба боди зиштномӣ дода.

Бо турснагӣ қуввати парҳез намонад,
Ифлос инон аз кафи тақво биситонад.

Ва он чӣ гуфтӣ дар ба рўи мискинон мебанданд, Ҳотами Той, ки биёбоннишин буд, агар шаҳрӣ будӣ, аз ҷўши гадоён бечора шудӣ ва ҷома бар ў поракардандӣ!
Гуфто:
– На, ки ман бар ҳоли эшон ҳасад мебарам!
Гуфтам:
– На, ки бар моли эшон ҳасрат мехўрӣ!
Мо дар ин гуфтору ҳар ду ба ҳам гирифтор, ҳароина байдақе, ки бирондӣ, ба дафъи он бикушидаме ва ҳар шоҳе, ки бихондӣ, ба фарзандӣ бипайвастеме, то нақди қисаи ҳиммат дарбохт ва тири ҷабъаи ҳуҷҷат ҳама бияндохт.

Хон, то сипар наяфканӣ аз ҳамлаи фасеҳ,
К-ўро ба ҷуз муболиғаи мустаор нест,
В-ин дузди маърифат, ки сухандони саҷъгўй.
Бар дар силоҳ дораду кас дар хисор нест.

То оқибатуламр далелаш намонд, залилаш кардам. Дасти таади дароз карду бухудагуфтан оғоз. Ва суннати ҷоҳилон аст, ки чун бадалел аз хасм фурў монанд, силсилаи хусумат биҷунбонанд чун Озари буттарош, ки ба ҳуҷҷат бо писар барнаёмад, ба чангаш бархост, ки ла ин лам тантаҳи ла арҷуманнака (агар бас накунӣ, сангсорат кунам).
Дашном дод, сақаташ гуфтам, гиребонам дарид, занаҳдонаш гирифтам.
Ў дар ману ман дар ў фитода,
Халқ аз паи мо давону хандон.
Ангушту тааҷуби ҷаҳоне
Аз гуфту шуниди мо ба дандон.

Алқисса, мурофиаи ин сухан пеши қози бурдему ба ҳукумати адл розӣ шудем, то ҳоким мусулмонон маслиҳате биҷўяду миёни таонгарону дарвешон фарқе бигўяд. Қози чун ҳолати мо бидиду мантиқи мо бишунид, сар ба ҷайби тафаккур фурў бурду пас аз таамули бисёр сар баровард ва гуфт:
– Эй он, ки тавонгаронро сано гуфтӣ, бар дарвешон ҷафо раво доштӣ, бидон, ки ҳар куҷо, ки гул аст, хор асту бо хамр ҳумор аст ва бар сари ганҷ мор аст ва он ҷо, ки дури шоҳвор аст, наҳанги мардумхор аст, лаззати айши дунёро ладғаи аҷал дар пеш аст ва наими биҳиштро девори макореҳ дар пеш.

Ҷаври душман чи кунад, гар накушад толиби дўст,
Ганҷу мору гулу хору ғаму шодди баҳаманд.

Назар накунӣ дар бўстон, ки бедмушк асту чўби хушк, ҳамчунин дар зумраи тавонгарон шокиранду кафур ва дар ҳалкаи дарвешон собиранду заҷур.

Агар жола ҳар қатрае дур шудӣ,
Чу ҳармўҳра бозор аз ў пур шудӣ.

Муқаррабони ҳақ ҷалла ва ало тавонгаронанд дарвешсират ва дарвешонанд тавонгарҳиммат. Ва маҳини тавонгарон он аст, ки ғамии дарвеш хўрад ва беҳини дарвешон он аст, ки ками тавонгар гирад.
Пас рўи итоб аз ман ба ҷониби дарвеш овард ва гуфт:
– Эй, ки гуфтӣ: тавонгарон муштағиланду соҳӣ ва масти малоҳии ниами тоифае ҳастанд. Бар ин сифат, ки баён кардӣ косиҳиммат, кофирнеъмат, ки бибаранду биниҳанд ва нахўранду надиҳанд вагар, ба масал, борон биборад ё тўфон ҷаҳон бардорад, ба эътимоди мукнати хеш аз меҳнати дарвеш напурсанду аз худои азза ва ҷалла натарсанд ва гўянд:
Гар аз нестӣ дигаре шуд ҳалок,
Маро ҳаст, батро зи туфон чӣ бок?

***
Дунон чу гилеми хеш берун бурданд,
Гўянд: чӣ ғам, гар ҳама олам мурданд!

Қавме бар ин намат, ки шунидӣ ва тоифае хони неъмат ниҳода ва дасти карам кушода, толиби номанду маърифат ва соҳиби дунёву охират чун бандагони ҳазрати подшоҳи олам одил, муайиди музаффару мансур, молики азминаи аном, ҳомии суғури ислом, вориси мулки Сулаймон, аъдали мулуки замон, музаффаруддунё ва-д-дин Атобак Абубакр ибни Саъд ибни Зангӣ.

Падар ба ҷои писар ҳаргиз ин карам накунад,
Ки дасти ҷуди ту бо хонадони одам кард.
Худой хост, ки бар оламе бубахшоянд,
Туро ба раҳмати худ подшоҳи олам кард.

Қози чун сухан бад-ин ғоят расонид ва аз- ҳадди қиёси мо асби муболиға даргузаронид, ба муқтазои хҳукми қазо ризо додему аз момазо даргузаштем ва баъд аз моҷаро тариқи мадоро гирифтем ва сар ба тадорук бар қадами якдигар ниҳодем ва бўса бар сару рўи ҳам додему хатми сухан бар ин буд:

Макун зи гардиши гетӣ шикоят, эй дарвеш,
Ки тирабахтӣ, агар ҳам бар ин насак мурдӣ!
Тавонгаро, чу дилу дасти комронат ҳаст,
Бихўр, бубахш, ки дунёву охират бурдӣ!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …