Тавонгарзодае дидам бар сари гўри падар нишаста ва бо дарвешбачае мунозира дарпайваста, ки сандуқи турбати мо сангин асту китоба ранги ва фарши руҳом андохта ва хишти пирўза дар ў сохта. Ба гўри падарат чӣ монад, (ки) хиште ду фароҳам оварда ва муште ду хок бар он пошида. Дарвешписар ин бишуниду гуфт:
– То падарат зери он сангҳои гарон бар худ биҷунбида бошад, падари ман ба биҳишт расида буд!
Ҳар, ки камтар ниҳанд бар вай бор,
Бешак, осудатар кунад рафтор.
***
Марди дарвеш, ки бори ситами фоқа кашид,
Ба дари марг ҳамоно, ки сабукбор ояд.
В-он ки дар неъмату осоишу осони зист,
Мурданаш з-ин ҳама, шак нест, ки душвор ояд.
Ба ҳама ҳол асире, ки зи банде бираҳад,
Беҳтар аз ҳоли амире, ки гирифтор ояд!