Хабарҳои охирин

МУВАЛЛИДА

muvalida

МУВАЛЛИДА, момодоя, доя, акушерка, ходими дорои маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ, ки дар таваллудхона ё шӯъбаи таваллудхонаи бемористон, мушоварагоҳи занон, пункти фелдшерию акушерӣ, инчунин дар хона ёрии акушерию гинекологӣ мерасонад. Вазифаҳои М. чунинанд: баҳисобгирии диспансерӣ ва назорати мунтазам ба ҳомилагон, ташхиси бемориҳои ҳомилагон, ҷамъ намудани анамнези акушерӣ, патронаж, кори маорифи санитарӣ, …

Муфассал »

МУҒУЛЧОЙ

mugulchoy

МУҒУЛЧОЙ (Bergenia stracheyi), зардчой, баргчой, гиёҳест бисёрсола. Решааш дароз, баргаш сабз, гулаш зангӯламонанди гулобӣ, тухмаш суфта ё чиндор. Июл – авг. гул карда, мева мебандад. Дар тарқиши шахҳои намнок ва мавзеъҳои санглох (дар баландии 2500 – 3800 м аз с.б.) мерӯяд. М. дар тибби мардумӣ аз қадим маълум аст. Баргу …

Муфассал »

МУКОВИССИДОЗ

mukvovisidoz

МУКОВИССИДОЗ (Mucoviscidosis; лот. mucus – луоб ва viscidus – часпак), кистофибрози ғадуди зери меъда, панкреофиброз, бемории ирсӣ, ки дар мавриди он фаъолияти ғадудҳои тарашшӯҳи берунӣ халал меёбад. Яке аз бемориҳои маъмули ирсӣ буда, таносуби он дар байни навзодҳо тақр. 1 : 2000 аст. М. пурра тадқиқ нашудааст. Бино ба баъзе …

Муфассал »

МУКОПОЛИСАХАРИДОЗҲО

mukopolisakharidoz

МУКОПОЛИСАХАРИДОЗҲО, мукополисахаридҳо, гаргоилизм, як гурӯҳ бемориҳои ирсии бофтаҳои пайвандӣ, ки боиси ихтилоли мубодилаи полисахаридҳо мешаванд. М. бо осеби дастгоҳи такяву ҳаракат, узвҳои дохилӣ, ихтилоли босира, сомеа, ба таъхир мондани рушди ҷисмонӣ ва равонӣ падид меоянд. Таносуби М. дар байни навзодон тақр. 1 : 400 000 аст. Дар натиҷаи норасоии ферментҳое, …

Муфассал »