Хабарҳои охирин

Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об

moddai-44-kodeksi-ob

Моддаи 44-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об 1.Дар ҳолатҳои камобии аз ҳад зиёд, ҳолатҳои садамавӣ дар объектҳои об, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда, муриши ҳайвонот ва дар дигар ҳолатҳо ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ба манфиатҳои давлат инчунин ба манфиатҳои дигар истифодабарандагони об маҳдуд карда мешаванд. Бо вуҷуди ин …

Муфассал »

Ҳуқуқҳои истифодабарандагони об

moddai-43-kodeksi-ob

Моддаи 43-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони об 1.Мувофиқи таъиноти мақсаднок, ки ҷиҳати истифодаи махсуси объекти об иҷозатнома дода шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд: -пайдо кардани об ҷиҳати истифодаи минбаъдаи он; -истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, нақлиёт, хоҷагиҳои моҳипарварию шикор ва дигар мақсадҳои …

Муфассал »

Истифодаи объекти об мувофиқи таъинот

moddai-42-kodeksi-ob

Моддаи 42-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Истифодаи объекти об мувофиқи таъинот Истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд, аз объектҳои об ба он мақсадҳое, ки ин объектҳои об барои онҳо бо иҷозат ҷиҳати истифодаи махсуси об дода шудаанд, истифода баранд.

Муфассал »

Тартиби дароз кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об

moddai-41-kodeksi-ob

Моддаи 41-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби дароз кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об Мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об бо хоҳиши истифодабарандагони манфиатдори об аз ҷониби мақомоти давлатие, ки дар бораи ба истифодаи ҷудогона додани объекти об қарор қабул кардаанд ё барои истифодаи махсуси об иҷозатнома додаанд, дароз карда мешаванд.

Муфассал »

Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об

moddai-40-kodeksi-ob

Моддаи 40-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об Мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об аз рӯзи қабул гардидани қарор дар бораи ба истифодаи ҷудогона додани объекти об ё додани иҷозати махсуси истифодаи об ҳисоб карда мешавад, агар дар худи қарор ё иҷозат  мӯҳлати дигаре нишон дода нашуда бошад. …

Муфассал »