Главная / Ҷамъият / Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об

Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об

Моддаи 44-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об

1.Дар ҳолатҳои камобии аз ҳад зиёд, ҳолатҳои садамавӣ дар объектҳои об, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда, муриши ҳайвонот ва дар дигар ҳолатҳо ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ба манфиатҳои давлат инчунин ба манфиатҳои дигар истифодабарандагони об маҳдуд карда мешаванд. Бо вуҷуди ин ба бад шудани шароитҳои истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва маишии аҳолӣ бояд роҳ дода нашавад.

2.Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ҳангоми амалӣ гардонидани тадбирҳои таъхирнопазир доир ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи таъсири зараровари об ба вуқӯъ омадаанд, бо моддаи 130 Кодекси мазкур танзим карда мешавад.

3.Ҳангоми напардохтани ҳақи истифодаи об мутобиқи моддаи 31 Кодекси мазкур истифодаи он қисман ё пурра қатъ мегардад.

4.Ҳуқуқҳои истифодабарандагони обро метавонад мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, ки барои истифодаи махсуси об иҷозатнома додааст, маҳдуд намояд, ҳуқуқҳои истифодаи баъдинаи об аз ҷониби истифодабарандаи аввалаи об бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, инчунин дигар мақомот мутобиқи ҳамин Кодекс, маҳдуд карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …