Хабарҳои охирин

Ба пурсидан шарм макун,

xonai

Ҳар он чӣ донӣ, ки ҳароина маълуми ту гардад, ба пурсидани он таъҷил макун, ки ҳайбати салтанатро зиён дорад. Чу Луқмон дид, к-андар дасти Довуд Ҳаме оҳан ба мўъҷиз мум гардад, Напурсидаш, чӣ месозӣ, ки донист. Ки бе пурсиданаш маълум гардад.

Муфассал »

Умеди офият он гаҳ бувад мувофиқи ақл

Ситораи Кароматулло

Хилофи роҳи савоб асту акси раъи улулалбоб дору ба гумон хўрдан ва роҳи нодида бе корвон рафтан. Имоми муршид Муҳаммад Ғазолиро пурсиданд: «Чӣ гунна расидӣ бад-ин манзалат дар улум?» Гуфт: «Бал-он ки ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам». Умеди офият он гаҳ бувад мувофиқи ақл Ки нафсро ба …

Муфассал »

Сирка аз дастрранҷи хешу тара

zaru-zindagi

Хилъати султон агарчи азиз аст, ҷомаи хулқони худ баиззаттар ва хони бузургон агарчи лазиз аст, хурдаи анбони худ балаззаттар. Сирка аз дастрранҷи хешу тара Беҳтар аз нони деҳхудову бара!

Муфассал »

Тоҷири киштишикаставу вориси бо қаландарон нишаста.

1pifagor0

Бу касро ҳасрат аз дил нараваду пои тағобун аз гил барнаёяд: тоҷири кишитишикаставу вориси бо қаландарон нишаста. Пеши дарвешон бувад хунат мубоҳ, Гар набошад дар миён молат сабил. Ё марав бо ёри азрақпираҳан, Ё бикаш бар хонумон ангушти нил. Дўсти бо пилбонон ё макун, Ё талаб кун хонае дархурди пил!

Муфассал »