Хабарҳои охирин

АДЕНТИЯ

adentiya

АДЕНТИЯ (аз юн. а – ҳиссачаи инкорӣ ва лот. dens – дандон), нуқси модарзодист, ки тамоман ё қисман набудани дандонҳоро нишон медиҳад. Бисёр вақт А. бо нодуруст сабзидани пӯст, мӯй, ғадудҳои арақ ва ғ. баробар зоҳир мегардад.

Муфассал »

АДИБ ИСМОИЛ

images

АДИБ ИСМОИЛ, табиб ва файласуфи а. 12 форс-тоҷик. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар китоби худ «Чаҳор мақола» доир ба тарзи табобати ӯ чунин ҳикоя овардааст: «Дар аҳди Маликшоҳ ва баъзе аз аҳди Санҷар файласуфе буд ба Ҳирот ва ӯро Адиб Исмоил гуфтандӣ. Марде сахт бузург ва фозилу комил, аммо асбоби ӯ …

Муфассал »

АДИНАМИЯ

adinamiya

АДИНАМИЯ (аз юн. adynamia – бема- дорӣ), якбора беқувват шудани инсонро гӯянд. Ҳангоми бемориҳои вазнини сироятӣ, бемории бардавоми беҳолкунанда, гуруснагӣ кашидан ва ғ. мушоҳида мешавад. Дар баробари А.-и умумӣ А.-и узвҳои ҷудогона низ ба мушоҳида мерасад. Сабаби он таъсири боздорандаи асаб, осеб ёфтан ё хароб гаштани унсурҳои фаъолияти онҳо мебошад. …

Муфассал »

АДНЕКСИТ

adneksit

АДНЕКСИТ (Adnexitis; аз лот. adn¬exa – зоид), салпингоофорит, газаки зоидҳои бачадон (лӯлаҳои бачадон ва тухмдон). Микробҳои гуногуни беморизо – стафилококкҳо, стрептококкҳо ва ғ. боиси А. мегарданд. Баъзан А. ҳангоми ба бачадон дохил кардани моддаҳои гуногуни химиявӣ (мас., йод, спирт) низ пайдо мешавад. Микробҳо ба зоидҳои бачадон аз маҳбалу бачадон (дар …

Муфассал »

АДРЕНАЛИН

adrenalin

АДРЕНАЛИН (Adrenalinum; аз лот. ad – назди ва renalis – гурдагӣ), гормони ғадуди болои гурда. Массаи мол. 183; моддаи кристаллии сафед; аз чиҳати оптикӣ фаъол аст. Дар оби гарм, кислотаҳо ва ишқорҳо ҳал мешавад. Моддаи ноустувор буда, ба ҳосилаҳои гуногун табдил меёбад. А. аввалин гормонест, ки дар ҳолати кристаллӣ чудо …

Муфассал »