Главная / Гуногун (страница 31)

Гуногун

ҶИДОЛИ САЪДИ БО МУДДАИ ДАР БАЁНИ ТАВОНГАРИЮ ДАРВЕШИ

44-chashma-24

Яке дар сурати дарвешон на бар сифати эшон дар маҳфиле дидам нишаста ва шанъате дарпайваста ва дафтари шикоят ва замми тавонгарон оғоз карда, сухан бад-ин ҷо расонида, ки дарвешро дасти қудрат бастааст ва тавонгарро пои иродат шикаста. Каримонро ба даст андар дирам нест, Худовандони неъматро карам нест. Маро, ки парвардаи …

Муфассал »

Ноҳияи Носири Хусрав (Бешкент)

nosiri-xusrav-2

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз минтақаҳои хурдтарин ва навтарини Тоҷикистон бо масоҳати 788,9 км² ва бо аҳолии 36,7 ҳазор (2020), ки дар қисми ҷанубу ғарбии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Санаи 2 феврали соли 1996 ташкил шудааст (аз ноҳияи Шаррутуз ҷудо ва мустақил шудааст) . Он аз 3 деҳаи …

Муфассал »

Душмантарин душман кист?

jangi-arab

Бузургеро пурсидам дар маънии ин ҳадис, ки «Аъдо адувуққа нафсуқа аллати байна ҷанбайқа (душмантарини душманҳоят нафси туст, ки дар синаи туст). Гуфт: – Ба ҳукми он ки ҳар он душманеро, ки бо вай эҳсон кунӣ, дўст гардад, магар нафсро, ки чандон ки мудоро беш кунӣ, мухолифат зиёдат кунад. Фариштахўй шавад …

Муфассал »

Баҳси бойбача ва қамбағалбача

duogui-sari-mazor

Тавонгарзодае дидам бар сари гўри падар нишаста ва бо дарвешбачае мунозира дарпайваста, ки сандуқи турбати мо сангин асту китоба ранги ва фарши руҳом андохта ва хишти пирўза дар ў сохта. Ба гўри падарат чӣ монад, (ки) хиште ду фароҳам оварда ва муште ду хок бар он пошида. Дарвешписар ин бишуниду …

Муфассал »

Ҷавони дунёнадидаи бетаҷриба

unnamed

Соле аз Балх Бомиёнам сафар буд ва роҳ аз ҳаромиён пурхатар. Ҷавоне бадрақа ҳамроҳи мо шуд сипарбоз, чархандоз, силаҳшўри бешзур, ки ба даҳ марди тавоно камони ў зеҳ кардандӣ ва зуроварони рўи замин пушти ў бар замин наёвардандӣ. Валекин, чунон ки донӣ, муғтанам буду сояпарварда, на ҷаҳондидаву сафаркарда, раъди кўси …

Муфассал »

Азоб додани банда

azob

Порсое бар яке аз худовандони неъмат гузар кард, ки бандаеро дасту пой баста, уқубат ҳаме кард. Гуфт: – Эй писар, ҳамчу ту махлуқеро худои азза ва ҷалла асири ҳукми ту гардонидааст ва туро фазилат дода, шукри неъмати бориитаоло ба ҷой ор ва чандин ҷафо бар вай маписанд, набояд, ки фардои …

Муфассал »

Вафот кардани Писар – фарзанд

Марги фарзанд - қабристон

Якеро аз бузургони аимма писаре вафот ёфт. Пурсиданд, ки бар сандуқи гўраш чӣ нависем? Гуфт: – Оёти китоби маҷидро иззату шараф беш аз он аст, ки раво бошад бар чунин ҷойҳо навиштан, ки ба рўзгор суда гардаду халоиқ бар ў гузаранд ва сагон бар ў шошанд. Агар ба зарурат чизе …

Муфассал »

Меҳмонхонаи Шаҳритуз

mehmonxonai-shahrituz

Дар маркази шаҳраки Шаҳритуз меҳмонхона иборат аз 12 утоқ ҳаст. Ин дар наздикии бозори марказии шаҳрак қарор дорад. Тақрибан 100 то 300 сомонӣ барои як шабонарӯз нарх дорад. Оби гарму хунук, телевизиони моҳворагӣ, яхдону кондисионер дар ҳар як утоқаш ҳаст. Дар паҳлӯи меҳмонхона филиали Амонатбонк, Агроинвестбонк, МХБ Спитаменбонк ҳаст. Инчунин …

Муфассал »

Дарди чашм – ҳикоя

2018121212440656676_bolyat-20glaza

Мардеро дарди чашм хост, пеши байтор рафт, ки даво кун. Байтор аз он чи дар чашми чорпоён мекунанд, дар дидаи ў кашид ва кўр шуд. Ҳукумат ба довар бурданд. Гуфт: – Бар ў ҳеҷ товон нест, агар ин ҳар набудӣ, пеши байтор нарафтӣ! Мақсуд аз ин сухан он аст, то …

Муфассал »

Қисса бо Ҳинду

skolko-narodu-v-indii_0

Ҳиндуе нафтандозӣ ҳамеомўхт. Ҳакиме гуфт: – Туро, ки хона найин аст, бозӣ на ин аст! То надонӣ, ки сухан айни савоб аст, магўй, В-он чи донӣ, ки на некўш ҷавоб аст, магўй.

Муфассал »