Душмане заиф, ки дар тоат ояд ва дўсти намояд, мақсуди вай ҷуз он нест, ки душмани қавӣ гардад ва гуфтаанд: бар дўстии дўстон эътимод нест, то ба тамаллуқи душманон чӣ расад. Ва ҳар кӣ душмани кўчакро ҳақир медорад, бад-он монад, ки оташи андакро мўхмал мегузорад!
Имрўз бикуш, чу метавон кушт,
К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сўхт.
Магзор, ки зеҳ кунад камонро
Душман, ки ба тир метавон дўхт!