Главная / Meg S (страница 111)

Meg S

meg-93@inbox.ru

Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

moddai-39-kodeksi-mehnat

Моддаи 39-и Кодекси Меҳнат. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ Шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ шуда метавонад: – бо созиши тарафҳо; – бо ташаббуси корманд; – бо ташаббуси корфармо; – бо гузаштани муҳлат; – бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда; – гузаштани корманд ба кори (вазифаи) интихобӣ ё таъйин намудани ў …

Муфассал »

Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё азнавташкилдиҳии ташкилот

moddai-38-kodeksi-mehnat

Моддаи 38-и Кодекси Меҳнат. Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё азнавташкилдиҳии ташкилот Ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ташкилот муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд давом мекунад. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асосҳои пешбининамудаи …

Муфассал »

Уҳдадории корфармо оид ба пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

moddai-37-kodeksi-mehnat

Моддаи 37-и Кодекси Меҳнат. Уҳдадории корфармо оид ба пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон Ҳангоми таҳдид кардани хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо уҳдадор аст бо розигии намояндагони кормандон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсусе, ки корҳои зеринро пешбинӣ менамоянд, ба роҳ монад: …

Муфассал »

Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо хоҳиши корманд

moddai-36-kodeksi-mehnat

Моддаи 36-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо хоҳиши корманд Хоҳиши корманд дар бораи муваққатан ба кори дигар гузаронидан бояд аз ҷониби корфармо қонеъ гардонида шавад, агар ин хоҳиш сабабҳои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мавҷуд бошад. Номгўйи сабабҳои узрнок барои муваққатан ба кори дигар гузаронидан ва …

Муфассал »

Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ)

moddai-35-kodeksi-mehnat

Моддаи 35-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ) Бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ) кормандро бе розигии ў ба муҳлати то як моҳ муваққатан ба кори дигар гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатии ў мувофиқ намебошад, муваққатан ба кори дигар …

Муфассал »

Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ

moddai-34-kodeksi-mehnat

Моддаи 34-и Кодекси Меҳнат. Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ Дар вақти бекористӣ ва ҳолатҳои муваққатан иваз намудани корманди ҳозирнабуда, кормандони ихтисоснокро бе розигии онҳо ба корҳои ғайритахассусӣ гузаронидан мумкин нест.

Муфассал »

Муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор)

moddai-33-kodeksi-mehnat

Моддаи 33-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) Агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро пешбинӣ намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии намояндагони кормандон кори воҳидҳои (сехҳо, участкаҳо, бригадаҳо) алоҳидаро бе гузаронидани ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боздорад. Муваққатан боздоштани ташкилот ҳамчун бекористӣ бе …

Муфассал »

Муваққатан ба кори дигар гузаронидан ҳангоми бекористӣ

moddai-32-kodeksi-mehnat

Моддаи 32-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан ҳангоми бекористӣ Ҳангоми бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбашон дар худи ҳамон ташкилот дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар ва бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба муҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар …

Муфассал »

Тағйир ёфтани шароити меҳнат

moddai-31-kodeksi-mehnat

Моддаи 31-и Кодекси Меҳнат. Тағйир ёфтани шароити меҳнат Корфармо ҳуқуқ дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад, агар чунин тағйирот дар технология ва ташкили истеҳсолии меҳнат пешакӣ муқаррар шуда бошад. Бо шартномаҳои коллективӣ мумкин аст машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон оид ба тағйирёбии шароити меҳнат барои гурўҳҳои алоҳидаи кормандон пешбинӣ карда шавад. …

Муфассал »

Гузаронидан ба кори дигари доимӣ

moddai-30-kodeksi-mehnat

Моддаи 30-и Кодекси Меҳнат. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ Ба кори дигари доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рўи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст. Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнати дар созиши тарафҳо муайяншуда моҳиятан тағйир меёбад …

Муфассал »