Главная / Ҷамъият / Муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор)

Муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор)

Моддаи 33-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор)

  1. Агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро пешбинӣ намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии намояндагони кормандон кори воҳидҳои (сехҳо, участкаҳо, бригадаҳо) алоҳидаро бе гузаронидани ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боздорад.
  2. Муваққатан боздоштани ташкилот ҳамчун бекористӣ бе гуноҳи кормандон ҳисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар ба онҳо ба андозаи маоши моҳона музд дода мешавад.
  3. Муваққатан боздоштани кор бе додани музди бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …