Главная / Ҷамъият / Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 39-и Кодекси Меҳнат. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

  1. Шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ шуда метавонад:

– бо созиши тарафҳо;

– бо ташаббуси корманд;

– бо ташаббуси корфармо;

– бо гузаштани муҳлат;

– бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда;

– гузаштани корманд ба кори (вазифаи) интихобӣ ё таъйин намудани ў ба вазифае (мансабе), ки имконияти давом додани муносибатҳои меҳнатиро истисно менамояд, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бо санади корфармо, ба истиснои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар вафот кардан ё аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидани корфармо – шахси воқеӣ, кормандони хонагӣ ва хонакорон ба расмият дароварда мешавад.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …