Главная / Ҷамъият / Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё азнавташкилдиҳии ташкилот

Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё азнавташкилдиҳии ташкилот

Моддаи 38-и Кодекси Меҳнат. Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё азнавташкилдиҳии ташкилот

  1. Ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ташкилот муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд давом мекунад. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи ҳатмии кафолатҳои муқарраргардида мумкин аст.
  2. Соҳибмулки нав дар давоми шаш моҳи пайдо кардани ҳуқуқи моликият ҳуқуқ дорад шартномаҳои меҳнатии соҳибмулки пештараро бо роҳбарони ташкилот ва кормандон, ки вазифаҳои умумии идоракуниро дар ташкилот иҷро мекунанд, аз нав бандад ё бекор кунад. Аз тобеияти як мақомот ба тобеияти мақомоти дигар гузаронидани ташкилот амали шартномаи меҳнатиро қатъ карда наметавонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …