Главная / Ҷамъият / Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо хоҳиши корманд

Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо хоҳиши корманд

Моддаи 36-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо хоҳиши корманд

  1. Хоҳиши корманд дар бораи муваққатан ба кори дигар гузаронидан бояд аз ҷониби корфармо қонеъ гардонида шавад, агар ин хоҳиш сабабҳои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мавҷуд бошад.
  2. Номгўйи сабабҳои узрнок барои муваққатан ба кори дигар гузаронидан ва тартиби пардохти музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба кори дигар гузаронидани кормандро Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, агар онҳо баста нашуда бошанд, корфармо баъд аз машварат бо намояндагони кормандон ва розигии тарафҳо муайян менамояд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …