Главная / Anvar (страница 23)

Anvar

darksider_5@mail.ru

МЕТЕОРИЗМ

meteorizm

МЕТЕОРИЗМ (Meteorism; юн. meteorismos – дамидан, бардоштан), боди шикам, дамиши шикам, тимпания, бо сабаби дар роҳи гувориш ҷамъ шудани газҳо дамиш кардани шикам. Дар роҳи ҳозимаи одами солим ба ҳисоби миёна 900 см3 газ мавҷуд аст, ки барои дар як сатҳ боздоштани тонус ва перисталтикаи рӯдаҳо аҳамияти калон дорад. М. …

Муфассал »

МЕТИОНИН

metionin

МЕТИОНИН (Methioninum), як навъ дору. Барои рушду инкишофи организм зарур аст. М. таъсири липотропӣ дорад, яъне равғани барзиёди ҷигарро дур месозад, дар кори ҳосилшавии адреналин, креатин ва диг. пайвастҳои фаъоли биологӣ иштирок мекунад, таъсири ферментҳо, гормонҳо ва витаминҳоро меафзояд, моддаҳои заҳрнокро безарар мегардонад. М.-ро ҳангоми бемориҳо ва заҳролудии ҷигар, майзадагии …

Муфассал »

Нони таёр: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

lepeshki

Меъроҷиддини Камол менависад: Ба вақти хоб бинӣ нони таёр Сафеду гарму хуштаъмеву бисёр, Нишонаш, аз бало ёбӣ раҳоӣ, Агарчанде ҳазорон дорӣ ағёр.

Муфассал »

НОХУН: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

nogot

Меъроҷиддини Камол менависад: НОХУН зи гушту устухон, Чун найза меояд бурун. Гоҳе чу бели оброн, Ҳар чо занӣ мебуррад он. Дар хоб агар гирӣ варо, Дар зиндагӣ бинӣ сафо.

Муфассал »

Нори ширин: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

granat

Меъроҷиддини Камол менависад: Дар хоби хуши ту нори ширин Ҳар донаи он пуробу рангин ояд, Таъбир, шавӣ молики молу чоҳе, Ҳам дар бари ту ёраки дерин ояд.

Муфассал »

Нок: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

grusha

Меъроҷиддини Камол менависад: Нок дар хоби ту, эй ҷону ҷигар, Гар дар ояд лаългуну чун шакар, Дон, ки таъбираш бувад моли ҳалол, Кош бинӣ хоби худ бори дигар!

Муфассал »

Меҳмони ношинос: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

gost

Меъроҷиддини Камол менависад: Ношиносе гар ба ту меҳмон шавад, Гӯё андар танат як ҷон шавад. Ин ба хоб асту ба хоб, ай ҷони ман, Нохушие дар диёр эълон шавад.

Муфассал »

МЕТРЕЙРИЗ

metreyriz

МЕТРЕЙРИЗ (Metreurysis; юн. metra – бачадон ва euryno – васеъ кардан), яке аз усулҳои ҷарроҳии акушерӣ. Дар мавриди М. ба ҷавфи бачадони бордор баллони резинӣ (метрейринтер) ворид сохта, онро бо маҳлули изотонии хлориди натрий пур мекунанд. Ба бачадон ворид сохтани метрейринтер ба боз гаштани гарданаи бачадон мусоидат намуда, фаъолияти зоданро …

Муфассал »

МЕТРОСАЛПИНГОГРАФИЯ

metrosalpingografiia

МЕТРОСАЛПИНГОГРАФИЯ (Metrosalphungographia; юн. metra – бачадон, salpinx, salpingos – найча ва grapho – навиштан), гистеросалпингография, яке аз усулҳои тадқиқи рентгенологии бачадон ва нутфароҳа; қабл аз М. бачадон ва нутфароҳа аз гарданаи бачадон бо моддаи контрастӣ карда мешавад. Ҳамзамон бо ин агар ба ҷавфи шикам газ равона созанд, пас ин амалро …

Муфассал »

МЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ

metrotromboflebit

МЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ (Metrothrombophlebitis; аз metra – бачадон ва тромбофлебит), илтиҳоб ва тромбози венаҳои бачадон. М. одатан, оризаи эндометрити баъди зодан аст. Ангезандаи сироят стафилококкҳо, стрептококкҳо, қаламчамикроби рӯда мебошанд. Онҳо ба венаи бачадон роҳ ёфта ба девораи вена ва бофтаҳои атрофи онҳо осеб мерасонанд, боиси дар венаҳо пайдо шудани судда (тромб) мегарданд. …

Муфассал »