Меъроҷиддини Камол менависад: Гар ба хоб ояд туро олуи сурх, Байни мардум мешавӣ бо рӯи сурх. Молу ҳоли ту биафзояд басе, Ҳам раҳо ёбӣ зи дарди бекасӣ.
Муфассал »Оина: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш
Меъроҷиддини Камол менависад: Оина агар бубинӣ, эй дӯст, Дар хоби шабат, чи фоли некӯст. Таъбир бувад, ки чоҳу манзил, Ҳам хуррамии ҳаёт дар ӯст.
Муфассал »МЕДНИК Григорий Лвович
МЕДНИК Григорий Лвович (28. 9. 1924, ш. Одесса – 12. 8. 1982, Душанбе), фармаколог, доктори илми тиб (1966), проф. (1967). Фак-ти муолиҷавии Ин-ти давлатии тиббии Одессаро хатм кардааст (1947). Аз с. 1953 аввал ассистент, баъд мудири кафедраи фармакология ва котиби илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. М. муаллифи …
Муфассал »МЕЗАДЕНИТ
МЕЗАДЕНИТ (Mesadenitis; лот. mes[enterium] – масориқа ва aden – ғадуд), илтиҳоби уқдаҳои лимфавии масориқаи рӯда. М. муқаррарӣ (оддӣ ва фасодӣ) ва силӣ, вобаста ба ҷараён бошад, шадид ва музмин мешавад. М.-и муқаррарии шадид бо дарди ногаҳонии қабзкунанда ё доимӣ дар гирди ноф ё росттар аз он оғоз меёбад; дард аз …
Муфассал »МЕЗОТЕЛИОМА
МЕЗОТЕЛИОМА (Mesothelioma; юн. mesos – мобайнӣ, миёна ва [epi]thelium – эпителий), омосест, ки аз ҳуҷайраҳои мезотелий ташаккул меёбад; мезотелий пардаҳои серозии сифоқ (шикампарда), плевра ва ғ.-ро фаро гирифтааст. М. некфарҷом ва бадфарҷом мешавад. Дар давраҳои аввали беморӣ нишонаҳои болинии он возеҳ ба назар намерасанд. Дар ҷавфи серозӣ моеъи геморрагӣ ё …
Муфассал »МЕЛАНОЗИ ПӯСТ
МЕЛАНОЗИ ПӯСТ (Melanosis cutis; юн. melas, melanos – сиёҳ), меланодермия, меланопатия, бемориест, ки бинобар дар таркиби пӯст бисёр ғун шудани пигмент (асосан пигменти меланин) рух менамояд. М. п., одатан, дар натиҷаи тамоси бардавоми саноатӣ (баъзан маишӣ) бо карбогидридҳо (маҳсули тақтири нефт, ангиштсанг, сланетс ва ғ.), ки ҳангоми нафас кашидани ҳавои …
Муфассал »МЕЛАНОМА
МЕЛАНОМА (Melanoma; юн. melas, melanos – сиёҳ ва … ома), меланобластома, меланокарсинома, меланосаркома, меланоситома, невокарсинома, омоси бадфарҷом, ки аз ҳуҷайраҳои пигментофар – меланоситҳо ташаккул меёбад. М. бисёр вақт дар пӯст ба мушоҳида мерасад, вале он метавонад дар рӯда (асосан рӯдаи борик ва рост), пардаи майна ва ҳароммағз, шабакия, ҷисми мижгоншакл, …
Муфассал »МЕЛЕНА
МЕЛЕНА (Melaena; юн. melaina [nosos] – бемории сиёҳ), наҷосати сип-сиёҳи бадбӯй; аломати асосии хуншории сурхрӯда, меъда ва рӯдаҳо. М. мумкин аст дар натиҷаи фурӯ бурдани хун, мас., ҳангоми хунравӣ аз бинӣ ё шуш низ ба вуҷуд ояд. Сабаби сиёҳ гаштани пасафканд дар он мавҷуд будани сулфиди оҳан (дар рӯда дар …
Муфассал »МЕЛИОИДОЗ
МЕЛИОИДОЗ (Melioidosis; юн. melis – манқагӣ, eidos – намуд), псевдохолера, пневмоэнтерит, як навъ бемории сироятӣ, ки ҷараёни вазнин дошта, бо уфунат ва пайдоиши думбал дар узву бофтаҳои гуногун падид меояд. Ангезандаи М. – Pseudomonas pseudomallei қаламчамикроби граммусбат буда, ба таъсири моддаҳои гандзудо ва ҳарор. баланд тоб намеорад. Манбаи ангезандаи беморӣ …
Муфассал »МЕНИНГИОМА
МЕНИНГИОМА (Meningioma), омосе, ки аз ҳуҷайраҳои маинапардаи сахт – бофтаҳое, ки майнаро фаро гирифтаанд, месабзад. М. бемории маъмул аст. М. метавонад дар ҳама қисматҳои ҷумҷума падид ояд. Аломатҳои беморӣ ба ҷойгоҳи он вобаста мебошанд. Ҳангоми М. дасту по нимфалаҷ (парез) ва босира заиф шуда, дубинӣ рух медиҳад, хуруҷи саръ (эпилепсия) …
Муфассал »