Главная / 2018 / December (страница 7)

Архив Месяца: December 2018

МАНОРАИ ЭЙФЕЛЬ

manorai-eyfel

МАНОРАИ ЭЙФЕЛЬ, манораи металлие, ки инженери Франсавӣ А. Г. Эйфель барои намоишгоҳи умумнҷаҳонӣ дар Париж (1889) чун тимсоли комёбиҳои техникаи асри 19 сохтааст. Баландиаш 300 м (то 1931 иншооти баландтарини ҷаҳон ҳисоб мешуд). Вазни манора 9 ҳазор т мебошад. Тасвираш дар мақолан Манора.

Муфассал »

МАНОРАИ ОСТАНКИНО

manorai-ostankino

МАНОРАИ ОСТАНКИНО, яке аз баландтарин манораҳои телевизионии ҷаҳон (536 м), ки солҳои 1961—68 дар Останкино (Москва) сохта шудааст. Манораи Останкино иншооти азими инженерист, ки аз ду қисм — оҳанубетонӣ (то баландии 385 м) ва металли (аз 385 м боло) иборат мебошад (меъморон Д. И. Бурдин, М. А. Шкуд, Л. И. …

Муфассал »

МАНОРАИ ОБФИШОР

manorai-obfishor

МАНОРАИ ОБФИШОР, иншооти системаи таъмини об, ки барои танзими фишору сарфи об дар шабакаи водопровод, ба вуҷуд овардани захираи он ва мураттаб сохтани графики кори стансияҳои насосӣ хизмат мекунад. Манораи обфишор аз баки об (одатан цилиндршакл) ва такягоҳ иборат аст. Дар соатҳои кам шудани истеъмоли об қисми зиёдатии обе, ки …

Муфассал »

МАНОРАИ КАЛОН

ASCII

МАНОРАИ КАЛОН, ёдгории меъморӣ дар ш. Бухоро. Соли 1127 бо фармони намояндаи хонадони Қарохониён Арслонхон аз тарафи меъмор ва муҳандис Бақо сохта шудааст. Дар ҷои Манораи Калон манораи чӯбине буд. Пас аз вайрон шудани он дар ҷояш Манораи Калонро сохтанд (пурра аз хишти пухтаи 27X27 см ва гаҷ), пойдевораш аз …

Муфассал »

МАОРИФИ ПАРТИЯВӢ

parrtiya

МАОРИФИ ПАРТИЯВӢ, системаи маорифи марксистию ленинии коммунистон, муҳимтарпн қисми таркибии кори идеологии КПСС. Аз худ кардани назарпяи марксистию ленинӣ вазифаи ҳатмии аъзои партия, шарти муҳими баланд бардоштани роли авангарди коммунистон мебошад. Мақсади Маорифи партиявӣ аз он иборат аст, ки коммунистон барои ба ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси марксизм-ленинизм дуруст баҳо …

Муфассал »

МАОРИФ ВА УҚИТҒУВЧӢ

«МАОРИФ ВА УҚИТҒУВЧӢ» («Маориф ва омӯзгор»), журнали ҳармоҳаи иҷтимоию сиёсӣ, таълимию тарбиявӣ ва адабии Комиссариат маорифи халқи РСС Ӯзбекистон Солҳои 1925— 33 дар Тошкент нашр мешуд. «Маориф ва Уқитғувчӣ» баробари тарғиб намудани пешрафту инкишофи маорифи халқи Ӯзбекистон дар тараққиёти маданияти РСС Тоҷикистон низ роли муҳим бозидааст. Адади нашраш ба 4 …

Муфассал »

МАОРИФ ВА МАДАНИЯТ

«МАОРИФ ВА МАДАНИЯТ», газета, органи Вазорати маориф ва Вазорати мадаиняти РСС Тоҷикистон, аз 20 июли 1932 инҷониб чоп мешуд. То соли 1938 «Барои маорифи коммунист» ном дошт. Аз 7 ноябри 1938, № 102 (543) «Газетаи муаллимон» (органи Комиссариат халқии маорифи РСС Тоҷикистон ва КМ иттифоқи касабаи коркунони маориф, мактабҳои олӣ …

Муфассал »

МАОРИФ -асари фалсафии Баҳоуддини Валад

МАОРИФ (илму дониш) – асари фалсафии Баҳоуддини Валад буда, ҳаҷман калон аст ва масъалаҳои мухтадифи афкори фалсафии асримиёиагии халқҳои Шарқи Наздику Миёнаро фаро гирифтааст. Дар «Маориф» масъалаҳои ҳастӣ ва ҷараёни маърифат, зинаҳои ҳиссӣ ва ақлии он мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Фаною бақо, маърифат, сайру сулук, ишқ, илҳому вахӣ барин масоили …

Муфассал »

Шаклҳои аудит (Намуд -усул)

audit-kachestva-11

Хадамоти аудити дохилӣ дар фаъолияти кории худ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда аз усулҳои гуногуни аудити дохилӣ истифода мебарад, ки ҷумлаи онҳо дар зер номбар шудаанд: Аудити молиявӣ — санҷиши воситаҳои пулӣ ва санҷиши иҷроиши принсипҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ; Аудити амалиётӣ — санҷиши тартибот, шаклҳои фаъолияти низоми хоҷагидорӣ  ва баҳодиҳии самаранокии кори …

Муфассал »

Дуои «Давлат»

Хосияти дуои «Давлат» Агар касе баъд аз намози бомдод ин дуоро се маротиба бихонад, ба муродҳои инҷаҳонӣ хоҳад расид. Дуои «Давлат» Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Аллоҳумма анзил алайно давлата-м-мин давлатика, қудрата-м-мин қудратика, ниъмата-м-мин ниъматика, ризқа-м-мин ризқика, сирра-м-мин сиррика, ситра-м-мин ситрика, бараката-м-мин баракатика, кирома-м-мин кароматика. Аллоҳумма офино мин кулли балоив-ва қазоив-ва марази-м-мухталиф. Бираҳматика ё …

Муфассал »