Главная / Техника / МАНОРАИ ОБФИШОР

МАНОРАИ ОБФИШОР

МАНОРАИ ОБФИШОР, иншооти системаи таъмини об, ки барои танзими фишору сарфи об дар шабакаи водопровод, ба вуҷуд овардани захираи он ва мураттаб сохтани графики кори стансияҳои насосӣ хизмат мекунад. Манораи обфишор аз баки об (одатан цилиндршакл) ва такягоҳ иборат аст. Дар соатҳои кам шудани истеъмоли об қисми зиёдатии обе, ки стансияи насосӣ медиҳад, дар Манораи обфишор ҷамъ шуда, дар соатҳои зиёд шудани истеъмоли он баръакс харҷ мешавад.

manorai-obfishorБаландии Манораи обфишор (аз рӯи замин то таки бак одатан аз 25 м зиёд нест (фақат дар баъзе мавридҳо то 30 м мерасад)-ғунҷоиши бак аз даҳҳо м3 то хазорҳо м3 шуда метавонад. Конструкцияҳои такягоҳи Манораи обфишорро а сосан аз оҳак, оҳанубетон, баъзан хишт, бакро бештар аз оҳанубетони пӯлод месозанд. Манораи обфишор бо гулбаҳои обрав, олоти партави оби зиёдатӣ, инчунин системаи ченкунии дараҷаи баландии об ҷиҳозонида мешавад.

Ад.; Абрамов Н. Я., Водоснабжение, М., 1974.

Инчунин кобед

opti1

Дохилкунии информатсия ба Компютер

Компютер ахборро фақат дар шакли ададӣ таҳия мекунад. Ҳамаи ахбори дигар (садо, тасвир, рамз, нишондоди …