Главная / Маданият ва санъат / МАОРИФ -асари фалсафии Баҳоуддини Валад

МАОРИФ -асари фалсафии Баҳоуддини Валад

МАОРИФ (илму дониш) – асари фалсафии Баҳоуддини Валад буда, ҳаҷман калон аст ва масъалаҳои мухтадифи афкори фалсафии асримиёиагии халқҳои Шарқи Наздику Миёнаро фаро гирифтааст.

Дар «Маориф» масъалаҳои ҳастӣ ва ҷараёни маърифат, зинаҳои ҳиссӣ ва ақлии он мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Фаною бақо, маърифат, сайру сулук, ишқ, илҳому вахӣ барин масоили тасаввуф, ҳаракат, макону замон, нафсу рӯҳ, ҷабру қадр барин масъалаҳои фалсафӣ низ мавриди таҳлили мутафаккир қаpop гирифтааст. Бисёр нуқтаҳои «Маориф» дар ташаккули ҷаҳонбинии файласуфони гуногунмаслак ва мутафаккирони суфимашраб, монанди Ҷалолуддини Румӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алии Ҳамадонӣ, Бедил ва дигарон таъсири зиёде дорад. «Маориф»-ро олими эронӣ Бадеъуззамони Фурӯзонфар дар чор ҷилд нашр намудааст.

М. Султанов.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII давраҳои бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Дар аҳди …