Главная / 2018 / December (страница 10)

Архив Месяца: December 2018

Мусаббаоти Ашара

ashara

Гурз ибни Вабра (ва ӯ аз абдол буд) гуфт, ки: Бародаре аз аҳли Шом бари ман омад ва маро ҳадяе дод ва гуфт: Эй Гурз, аз ман ин ҳадяро қабул кун, ки неку ҳадяест. Гуфтам: Эй бародар, туро ин ҳадя кӣ додаст? Гуфт: Иброҳими Тайимӣ. Гуфтам: Аз Иброҳим напурсидӣ, ки …

Муфассал »

Муноҷоти Ҳазрати Увайси Қаранӣ (раз) бо таълими Ҳазрати Ҷабраил (а) дар хоб

duo

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Малико, Подшоҳо, Парвардгоро, забони моро, ки тӯтии қафаси тани мост ба нидои «Ё айюҳа-л-лазина оману-зкуруллоҳа зикран касиро»[1] гӯё дорӣ. Илоҳо, дидаҳои моро, ки талояи ниҳоди мост ба назари «Фа-нзуру ило осори раҳматиллоҳ»[2] бино гардонӣ. Илоҳо, гушҳои моро ба истимои «Ва изо қуриа-л-Қуръону фа-стамеу лаҳу»[3] шунаво дорӣ. Илоҳо, синаҳои моро …

Муфассал »

Дуои «Аҳднома»

bemor

Асноди дуои «Аҳднома» Агар касе бемор бошад, ин дуоро дар қадаҳи об бо ихлоси дуруст хонда бинушад, иншоаллоҳ, шифо хоҳад ёфт. Ва агар касеро сеҳру ҷоду карда бошанд, ин дуоро бихонад, он сеҳру ҷоду ботил хоҳад шуд. Ва агар касе ин дуоро дар як шабонарӯз як бор бихонад, иншоаллоҳ аз …

Муфассал »

Хосияти дуои «Ҳабиб»

zolim

Агар касе дар дасти золиме афтад ва ин дуоро бихонад, халос шавад. Ва бо ҳар кӣ ин дуо бошад дар пеши подшоҳон ширин намояд ва забони бадгӯёну ҳосидон бар вай баста гардад ва аз шарри шайтон дар амон бошад. Дар ин дуо сесаду шаст хосият аст ва хонандаву дорандаи ин …

Муфассал »

Шеъри табрикотӣ (Солинавӣ)

Табрикоти солинави

Омад боз як Соли нави дигар, Ба саҳифаи тоза бингар, Шодбош гӯем онро дустон, Бошад у пур аз комёбиҳои равон. Муборак бар Шумо соли Нав, Ин шеъри хурсандӣ бишнав, Ман ҳоҳони файзу саломатӣ, Бар дустону азизони қиёматӣ, Сарзамини кӯҳсори тоҷикон, Халқи таърихии ин меҳанамон, Гул-гул шукуфонӣ лоиқашон, Соли нав муборак …

Муфассал »

Дуои Тоҷнома

toj

Хосиятҳои дуои «Тоҷнома» Ҳар кӣ ин дуои «Тоҷнома»-ро бихонад Худои таоло дар ҳаққи он банда даҳ чиз каромат кунад. Аввал саволи Мункар ва Накирро осон кунад. Дуввум аз марги муфоҷо эмин гардонад. Саввум аз азоби гур эмин дорад. Чаҳорум аз оташи дузах озод кунад. Панҷум талхии ҷон кандан бар вай …

Муфассал »

Муноҷотнома ва Дуои он

duo-munojot

Асноди дуои «Муноҷотнома» Нақл аст, ки: Ҳар кӣ ин «Муноҷотнома»-ро бихонад, ҳар нияте, ки дошта бошад Ҳақ субҳонаҳу ва таоло муҳимми ӯро кифоят кунад. Ва ҳар кӣ ин «Муноҷотнома»-ро як бор хонад ва дар об дам андозад ва аз он об бихурад ва ба назди подшоҳ равад, подшоҳ бар вай …

Муфассал »

Дуои «Шаш қуфл»

duo-kudak

Асноди дуои «Шаш куфл»Аз Абдуллоҳ ибни Нӯъмон (раз) ривоят шудааст, ки: Ҳар кӣ ин “Шаш қуфл”-ро дар ҳар шаб бихонад, Аллоҳ таоло ҷаяла шаънуҳу барои он кас раҳмати фаровон ва бепоён ато фармояд ва аз ҷумлаи офоту балиёт маҳфуз дошта, ҳамеша дар амну амони худ ҳамедорад ва дуои он касро …

Муфассал »

Дуои «Ганҷу-л-Арш»

bihisht

Хосиятҳои дуои «Ганҷу-л-Арш» Ҳар кӣ дуои «Ганҷу-л-Арш»-ро рӯзе як бор бихонад ва ё дар ҳафтае як бор бихонад ва агар хонда натавонад, дар моҳе як бор бихонад ва агар натавонад, дар соле як бор бихонад ва агар натавонад, дар ҳамаи умри худ як бор бихонад ва агар худ хонда натавонад, …

Муфассал »

Дуои «Ҳафт ҳайкал»

duo

Хосиятҳои дуои «Ҳафт ҳайкал» Касе, ки рӯзона ин дуоро бихонад, бо инояти Худованди таоло худаш ва падару модараш аз азоби дузах озод хоҳанд шуд. Ва ҳамчунин хонандаи ин дуо аз бемориҳои вабоӣ маҳфуз монда, сакароти мавт бар вай осон хоҳад шуд. Илова бар ин, ин дуо фоидаҳои дигаре низ дорад, …

Муфассал »