МАНОРАИ КАЛОН

МАНОРАИ КАЛОН, ёдгории меъморӣ дар ш. Бухоро. Соли 1127 бо фармони намояндаи хонадони Қарохониён Арслонхон аз тарафи меъмор ва муҳандис Бақо сохта шудааст. Дар ҷои Манораи Калон манораи чӯбине буд. Пас аз вайрон шудани он дар ҷояш Манораи Калонро сохтанд (пурра аз хишти пухтаи 27X27 см ва гаҷ), пойдевораш аз санг. Ба мурури замон қисми поёни Манораи Калон (тақрибан 10 м) зери хок монд, ҳоло баландиаш 45,6 м аст. Диаметри асосаш 9 м ва болояш — 6 м. Пойдевораш киррадор, танааш мудаввар.

Қисми болоии Манораи Калонро қафасаи 16-равоқаи муқарнаскорӣ ташкил медиҳад, ки онро ба мино (маяк) монанд кардааст. Сақфи ин қафаса бо гиреҳи назаррабо оро ёфтааст. Танааш бо ҳалқаҳои нақшии (нақшаҳо аз хиштҳои сайқалёфта ба тарзҳои гуногун чида шудаанд, фаро гирифта шуда, дар байн навиштаҷоти пуршукӯҳи қӯфӣ дорад. Марзаи ҳар кадоми ҳалқаҳо бо дандонаҳои хиштӣ ҳошиябандӣ шудаанд. Ба Манораи Калон аз боми Масҷиди Калон пуле гузоштаанд.

ASCII

Аз ин ҷо ба воситаи зинапояи морпечи хиштин (105 зина) то қафаса роҳе ҳаст. Даруни манораро даричаҳо равшан мекунанд. Баъзе қисмҳои тана ва муқарнаскории Манораи Калон соли 1924 таъмир шудааст. Қисми зери хок мондаи пойдевори манораро солҳои 60 усто Очил Бобомуродов кушода, ҷойҳои осебдидаашро таъмир намудааст. Манораи Калон якҷоя бо Масҷиди Калон ва Мадрасаи Мири Араб комплекси «Пойманор» ё «Пои Калон»-ро ташкил медиҳад. Манораи Калон дар байни иншооти ҳамин тип бо ҳашамату мукаммалиаш мақоми махсус дошта, намунаи истеъдоди беҳамтои меъморони Осиёи Миёна мебошад. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Ад.: Нильсон В. А., Монументальная архитектура Бухарского оазиса XI— XII вв., Ташкент, 1956; Пугаченко-в а Г. А., Ремаель Л. И., История искусств Узбекистана, М., 1965.

У. Пӯлодов.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …