Главная / 2017 / November / 07 (страница 3)

Архивы за день : 07.11.2017

Неҳзати Абӯмуслим

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd

Абӯмуслим аслан аз оилаи барзгар баромада, бар тибқи баъзе маълумот, дар аввалҳо ғулом будааст. Абӯмуслим дар наздикии бузургтарин шаҳри Хуросон – Марв қароргоҳи худро таъин намуда, ҳамчун «як шахси боэътимоди хонаводаи пайғамбар» барои сафарбар кардани аҳли шиа ва дигар одамони норозӣ бо тамоми ҷиддият кор мебурд. Ин унвони боэътимодро ба …

Муфассал »

Гурӯҳҳои мухолиф дар хилофати Араб

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd2

РОЛИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР МУБОРИЗАИ БАЙНИ УМАВИҲО ВА АББОСИЁН Рӯҳияи душманона нисбат ба ҳокимияти хилофат на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дигар кишварҳои таҳти тасарруфи арабҳо низ хеле пурқувват буд. Усули идораи халифаҳои араб на фақат норизоияти оммаи меҳнаткашро ба вуҷуд меовард, дар айни замон, ба ашрофи заминдори …

Муфассал »

Сомониён — Таъсиси давлати Точикон

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd1

Сарсилсилаи хонадони Сомониён – Сомон аслан аз вилояти Балх ё худ атрофи Самарқанд ва ё аз Тирмиз буд.[1] Ба тибқи маълумоте, ӯ дини исломро қабул карда, дар шахсияти ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ, ки намояндаи халифаи араб буд, барои худ пуштибоне пайдо намуд ва аз ин сабаб ба аломати эҳтиром …

Муфассал »

Бухоро – маркази давлати Сомониён

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd

Асри VIII барои аҳолии шаҳрҳои Мовароуннаҳр асри бениҳоят вазнин буд. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» навиштааст, ки арабҳо соли 709 Бухороро ишғол карда, на фақат нисфи ҳавлии ҳар як аҳолии шаҳрро кашида гирифтанд, балки як қисми калони шаҳрро тамоман аз аҳолии маҳаллӣ холӣ карда, дар он гузарҳо намояндагони қабилаҳои арабро ҷой …

Муфассал »

Неҳзати Маздак

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd2

Дар ҳудуди асрҳои V–VI дар Эрони Кайқубодшоҳ (солҳои 488–531) бар зидди муносибатҳои феодалӣ, ки нав ташаккул меёфт, баромадҳои тавонои оммаи халқ ба вуқӯъ омад.[1] Ба ин неҳзат шахсе сардорӣ мекард, ки дар таърих бо номи Маздак[2] машҳур аст. Мисли тамоми дигар неҳзатҳои халқии он давра эътирози аҳли ҷамоат зидди зулму …

Муфассал »

Арабистон дар арафаи Ислом

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd1

Дар асарҳои таърихшиносӣ аксар вақт ақибмондагии арабҳо дар арафаи пайдоиши ислом таъкид мешавад. Ин ақида яктарафа ва нодуруст аст. Соли 1853 Ф.Энгелс навишта буд: «Дар ҷое, ки арабҳо зиндагии муқимӣ ба сар мебурданд, яъне дар қисмати ҷануби ғарбӣ,– зоҳиран, онҳо мисли мисриён, ошуриён ва ғайраҳо мардуми мутамаддин буданд, ки иншооти …

Муфассал »

Пайдоиши Ислом ва Шикасти давлати Сосонӣ

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd

Чанд сухан дар бораи пайдоиши ислом. Муҳаммад пайғамбари Оллоҳи таоло ва яккаву ягона гардид. Ӯ аслан аз калонтарин маркази Арабистон – шаҳри Макка буд, чун дар зодгоҳи худ ба чизе муваффақ нашуд, дар соли 622 бо пайравонаш ба Мадина кӯчид, ки аз ҳамин сана солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ сар мешавад. Тоифаҳои …

Муфассал »

Давлати Ғуриҳо

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd2

Дар асрҳои миёна кишвари кӯҳистониеро, ки дар саргаҳи ҳарируд воқеъ гардида, аз ҳирот то Бомиён ва ҳудуди Кобулу Ғазна вусъат дошт, «мамлакати Ғур» меномиданд. Ин мамлакат аз тарафҳои ғарб, шимол ва шарқ бо сарзаминҳое мепайваст, ки аз қадимулайём, тоҷикон зиндагонӣ мекарданд. Қисмати зиёди аҳолии Ғур аз қабилаҳои кӯҳистонии тоҷик иборат …

Муфассал »

АСРИ БИРИНҶӢ

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd1

Гузариш ба сохти қавмии падарӣ Асри биринҷӣ муҳимтарин давраи таърихи инсоният мебошад. Дар ин давра чи дар тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва чи дар сохти иҷтимоии ҷамъият тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ меояд: истихроҷ ва гудозиши маъдан ва сохтани асбобҳои фулузӣ шурӯъ гардида, олоти истеҳсолот такмил меёбад, дар киштукор обёрии сунъӣ ҷорӣ …

Муфассал »

Ҳайтолиён (Эфталиты)

screenshot-2017-11-7-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%ba%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d0%bd

Инак, дар ахбори муаррихи арман, ки ба соли 450 нисбат дорад, «кишвари ҳайтолиён» номбар шудааст. Егише Вардапет хабар медиҳад, ки солҳои 453–454 Яздгурди II боз ба шоҳи Кушониён дарафтоданӣ шуд, вале шоҳи Кушониён ин нияти ӯро пешакӣ фаҳмиду ба форсҳо зарбаи мудҳише зад ва бисёр ҷойҳои Эронро ба хок яксон …

Муфассал »