Главная / Гуногун / Арабистон дар арафаи Ислом

Арабистон дар арафаи Ислом

Дар асарҳои таърихшиносӣ аксар вақт ақибмондагии арабҳо дар арафаи пайдоиши ислом таъкид мешавад. Ин ақида яктарафа ва нодуруст аст. Соли 1853 Ф.Энгелс навишта буд: «Дар ҷое, ки арабҳо зиндагии муқимӣ ба сар мебурданд, яъне дар қисмати ҷануби ғарбӣ,– зоҳиран, онҳо мисли мисриён, ошуриён ва ғайраҳо мардуми мутамаддин буданд, ки иншооти меъмории онҳо аз ин шаҳодат медиҳад»[1]. Материалҳои эпиграфӣ ва археологии аз он вақт ин ҷониб дарёфтшуда[2] ҳаққонияти гуфтаҳои Ф.Энгелсро комилан тасдиқ менамоянд: тоифаҳои ҷануби араб воқеан ҳам дар замонҳои қадим давлатҳои муқтадир, маданияти баланд ва ба худ хосе ба вуҷуд оварда будаанд.

Дараҷаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии қисматҳои гуногуни Ара-бистон ба таври куллӣ фарқ мекард. Агар дар сарзамини Яман ва баъзе дигар вилоятҳои ин кишвар дар нимаи дувуми асри VI ва ибтидои асри VII зироаткорӣ ва зиндагии шаҳрӣ равнақ ёфта бошад, дашту саҳроҳои паҳновари он макони сукунати кӯчманчиёни бадавӣ ба шумор мерафт, ки уштур сарвати асосии онҳоро ташкил мекард. ҳарчанд ташкилоти тоифавии авлодӣ дар байни арабҳо хеле қавӣ буд, муносибатҳои феодалӣ ба зуҳур омада, дар ҷараёни тараққиёти таърих аз қабилаҳои пароканда ва иттифоқи қабилаҳо давлати ягона таъсис ёфт. Дар оғози асри VII системаи нави динӣ бо номи ислом пайдо гардид.

Барои таҳлили сабаб ва шароити таърихии пайдоиши дини ислом ва бо як суръати фавқулодда аз тарафи арабҳо тасарруф шудани кишварҳои зиёде, пеш аз ҳама, таркиби синфии ҷамъияти он замон ва пешравиҳои дар ҳаёти ҳамон ҷамъият ба амал омадаро аз назар гузаронидан зарур аст. ҳамон амри воқеӣ, ки дини ислом дар давраи таъсиси ҷамъияти синфии арабҳо ба вуҷуд омадааст, ҳеҷ як ҷои шубҳа надорад. Масъалаи муайян кардани хусусияти ҷамъияти нави синфӣ ва тарзи истеҳсолоте, ки дар арабҳо ва кишварҳои забткардаи онҳо мавқеи бартариро ишғол мекард, ҳамчунин омӯхтани протсесси синтези мураккаби иҷтимоие, ки дар он давра ба амал меомад, басо мушкилтар аст. ҳалли ин масъалаҳо, хусусан, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки онҳо на фақат яке аз муҳимтарин давраҳои таърихи халқҳои шарқро равшан менамоянд, балки дар навбати аввал ба талаботи ғоявии кадомин синфҳо мувофиқ будани дини исломро низ аён месозанд. ҳалли масъалаи охирӣ барои таҳлили марксистии ҷиҳати мафкуравии марҳилаҳои аввали ислом бояд замина фароҳам оварад.

Хеле кам будани манбаъҳое, ки доир ба сохти иҷтимоии Арабистони шимолии пеш аз ислом (дини ислом дар ҳамин ҷо ба вуҷуд омадааст) маълумот медиҳанд, хусусан таърихнигории асримиёнагӣ, ки диққати худро фақат ба баёни воқеаҳои сулолавӣ ва «муқаддас» равона сохта, ҳамеша ҳодисаҳои воқеиро бо афсона ва мавзӯъҳои мухталифи фолклорӣ омехта нақл менамояд, аз ҳамон сабабҳое мебошанд, ки ҳалли масъалаҳои дар боло номбаршударо ниҳоятдараҷа мураккаб гардонидаанд. Исломшиносии буржуазӣ далелу мадракаҳои зиёде доир ба он давра ҷамъ намуда, роҷеъ ба сабабҳои пайдоиши ислом бисёр фарзияҳои идеалистӣ ба миён овард, аммо аз ҷиҳати методологӣ дар таҳлили решаҳои иҷтимоии ислом тамоман оҷизу нотавон монд.

arab

Дар илми таърихшиносии советӣ доир ба тавсифи ин ҷамъияти синфӣ ду нуқтаи назар мавҷуд аст. Бар тибқи нуқтаи назари аввал, дар ҷануби Арабистон ҷамъияти ғуломдорӣ ба ҳар ҳолат дар асри VI вуҷуд дошта, дар охири асри VI ва аввали асри VII дар Арабистони шимолӣ, дар ҳиҷоз, Макка ва Мадина, ки дар роҳи асосии корвонгард воқеъ гардида буданд, ташаккули тартиботи ғуломдорӣ ба вуқӯъ меояд. Дар Арабистони дарунӣ, ки бадавиҳо, кӯчманчиёни чорводор сукунат доштанд, низ вайроншавии сохти ҷамоати падаршоҳӣ шурӯъ мегардад, вале он хеле суст ба амал меояд. Ба ҳар ҳол дар байни бадавиҳо ҳам, аз як тараф, сарватмандон – соҳибони рамаҳои калон ва баъзан замин, миқдори зиёди асирони ғулом, аксар вақт бо роҳи корвонӣ тиҷораткунанда ва, аз тарафи дигар, камбағалон пайдо мешаванд, ки дар ҳаққи онҳо шоири тоисломии араб аш-Шанфара гуфта буд: «(Марди бенаво) рӯзро дар як паноҳгоҳ ва шабро дар паноҳгоҳи дигар мегузаронад, ҳамеша танҳост ва савора дар дӯши хатар аст».[3] Ин камбағалон ҳар чӣ бошад ҳам, ҳанӯз озод буданд.

Бо вуҷуди ин, дар шимоли Арабистон тартиботи ғуломдорӣ то дараҷаи форматсияи ҳукмрон сабзида нарасид, чунки дар айни бӯҳрони бавуҷуд-овардаи давраи гузариш ба ҷамъияти синфӣ ислом пайдо шуд ва Муҳаммад зуҳур намуд. Муҳаммад сарлашкари моҳире буд, дар бораи ғазовот (ҷанги муқаддас) ҳукми ислом қабул гардид, халифаҳои Муҳаммад роҳи халосиро аз бӯҳрон дар ҷангҳои истилокорона медиданд. Инак, тӯдаҳои араб ҳамчун «сарбозони ислом» ба сарзаминҳое, ки сохти феодалӣ босуръат роҳ меёфт ва ё кайҳо барқарор гардида буд, фурӯ рехтанд. Лекин дар кишварҳои забткардаи арабҳо тартиботи ғуломдорӣ ҳам тамоман барҳам нахӯрда буд, бинобар ин сохти ғуломдорӣ дар арабҳо муддати дуру дароз маҳфуз монд ва ҳатто дар натиҷаи ба даст овардани асирони зиёд дубора қувват гирифт. Умуман, муносибати феодалӣ дар хилофат баъди футӯҳоти бузург дар охирҳои асри VII ташаккул ёфт, ғуломдорӣ бошад, ҳамчун тарзи кӯҳнаи зиндагӣ боз вақти зиёде мавҷудияти худро нигоҳ дошт.

Мувофиқи ин нуқтаи назар, ислом аввал дар заминаи ҷамъияти ташак-кулёфтаи ғуломдорӣ ба вуҷуд омад ва танҳо баъди футуҳот ҳамчун дини ҷамъияти феодалӣ қарор гирифт. Ин нуқтаи назарро Е.А.Беляев, инчунин А.Ю.Якубовский, С.П.Толстов, И.П.Петрушевский ба миён овардаанд.

Тибқи нуқтаи назари дувум, ҳанӯз пеш аз пайдоиши ислом,  ҳам дар ҷануб ва ҳам дар шимоли Арабистон, на ин ки муносибатҳои ғуломдорӣ, балки феодалӣ ташаккул ёфта, то асри VII, яъне то футуҳоти бузург мавқеи ҳукмронӣ пайдо карда буд. Ба ин тариқа, ислом аз аввалин қадамҳои пайдоиши худ дини табақаҳои болонишини ҷамъияти навбунёди феодалӣ ба шумор мерафт. Ин нуқтаи назарро Н.В.Пигулевская, А.Г.Лундин, Н.А. Смирнов ва Л.И.Нодирадзе пешниҳод кардаанд. Пайравони ин нуқтаи назар диққатро ба чоряккорӣ, ки дар ҳамон шароити таърихӣ аз муҳимтарин зуҳуроти муносибатҳои феодалӣ буд, ҷалб менамоянд.

Ин ду нуқтаи назар нисбат ба вазъияти Арабистони асри VII ва шароити иҷтимоии пайдоиши ислом ҳоло фақат фарзияи ноқис ва шартӣ буда, ҳалли ҳамаҷонибаи ин масъала кори оянда аст.[4]

Вале, ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ҷамъияти хилофати охири асри VII дар сурати маҳфуз мондани тартиботи ғуломдорӣ, ба дараҷаи хеле зиёд феодалӣ гардида буд ва истилои Осиёи Миёна, шарқи Хуросон ва Мовароуннаҳр аз тарафи ашрофи ҳарбии феодалӣ, ки унсурҳои тарзи зиндагии бодиянишинро ҳам давом медод, ба амал оварда мешуд. Муносибатҳои хоси ин қабил ҷамъият ба муносибатҳои ҷамъияти феодалишудаи муқимӣ нақши худро мегузошт ва ба ин васила протсесси феодалишавиро тағйир  ва суръат медод.

[1] К Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 28, с. 210.

[2] Пигулевская Н.В., 1951, с. 260 ва мобаъд; Лундин А.Г., 1961, 1971; Бауэр Г.М., 1966; Лундин А. Г., 1971; Niӯlsӯn D., 1927; Ӣowӯn R. lе Ваrоn and Alӣright W. F., 1958; Ruckmans J., 1964.

[3] Фильштинский И.И., с. 29.

[4] Петрушевский И.П., 1966, с. 7

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …