Главная / Илм / Гурда

Гурда

pochkaГУРДА (Ren, nephros), узви чуфт, ки дар кисми миён дар назди девораи акиби шикам аз ду тарафи сутунмухра чойгир шудааст. Г. дар танзими мувозанати обу электролитхо, кислотаю ишкорхо ва фишори осмоси, хамчунин аз организм хорич намудани махсули мубодилаи нитроген иштирок мекунад. Г. шакли лубиёро дошта, бо насчи равгани фаро гирифта шудааст. Г.-ро аз берун гилофаи суфта ихота кардааст; сатхи Г. дар зери гилофа хамвор буда, ранги чигари дорад. Дарозии Г. 10 – 12, пахниаш 5 – 6 ва гафсиаш 3 – 4 см мебошад; Г. 120 – 200 г вазн дорад.
Г. аз гушахои болои ва поёни, канорхои барчастаи беруни ва фурухамидаи даруни, сатхи пеш ва кафо иборат аст. Дар канори дарунии Г. кома (даромадгох) мавчуд аст, ки ба чавфи хурд (синус) пайваст мешавад. Дар даромадгоххои Г. артерияи калони гурда ва вена (варид), лагхои лимфа, торхои асаб, инчунин чомчахо ва хавзакхо, ки дар онхо пешоб гун мешавад, чой гирифтаанд. Дар мавриди ба дарози буридани Г. ду кабат намудор мешавад: беруни (кишри), ки ранги он сиёх аст ва даруни (магз), ки ранги сафед дошта, аз ахромхо иборат мебошад. Моддаи кишри асоси ахромхоро фаро гирифта, фазои байни онхоро пур мекунад ва поя (сутун)-хои Г.-ро ба вучуд меорад. Куллаи ахромхо мисли пистонак нимдоира буда, ба синуси Г. нигаронида шудааст. Дар куллаи ахромхо сурохи найчахои сершумор боз мешаванд, ки тавассути онхо пешоб ба чомчахо мешорад. Чомчахо бевосита ба хавзакхо пайваст мебошанд. Г. аз 2 – 2,5 млн нефронхои сохторашон якхела таркиб ёфтааст, ки хар яки он вазифаи алохида дорад.
Дар Гурда. пешоб хосил мешавад.

Вазифахои асосии Гурда: бо пешоб хорич кардани махсули мубодилаи моддахо ва чисмхои бегона; доими нигох доштани мубодилаи обу намак ва мувозанати кислотаю ишкорхо дар организм, фишори осмосии муътадил дар хун ва моеъи хоричи хучайрахо.
Нукс (аномалия)-и Г. бештар дар занхо ба мушохида мерасад; он одатан бидуни ягон аломат падид меояд. Вале баъзе иллатхои Гурда. ба фаъолияти организм таъсир расонда, боиси пайдоиши беморихои гуногун мешаванд. Яке аз нуксонхои Гурда аплазия (агенезия) аст. Дар мавриди он одам бо як Г. ба дунё меояд. Дучанд шудани Гурда. нукси маъмули ин узв аст. Гурда.-и дучанда нисбат ба Г.-и солим дароз мебошад. Хар кисми он хавзак, пешоброха ва хунгардиши алохида дорад. Ба нуксони хачми Г. гипоплазия мансуб аст; хангоми он хачми Гурда хурд мешавад. Такр. чоряки нуксонхои Гурдаро дистония ташкил медихад. Дар аснои он мавкеи Г. тахриф меёбад. Дистония се навъ – камари, тихигохи ва коси мешавад. Баъзан Г. дар сандуки сина чой мегирад. Дар амалияи клиники хусусан Гурдаии наълшакл бештар дучор меояд. Гарданаи чунин Г. ба шохраги шикам фишор оварда, бофтахои асаби он боиси пайдоиши дард ва ихтилоли фаъолияти рохи меъдаю руда мешаванд. Дисплазия, мултикистоз, поликистоз ва киста низ аз чумлаи нуксонхои Г. мебошанд.
Осебхои Гурда пушида ва кушода мешаванд. Осеби пушидаи Г. бинобар зарб хурдани камар ва зери кабурга ба вучуд меояд (мас., хангоми аз баланди афтодан, якбора кашиш хурдани мушакхо). Ба осебхои кушодаи Г. захми тир, корд ва г. мансубанд. Аломатхои асосии осеби Г. дард, варами камар (хономос ё урогематомаи мавзеи гурда), хунпешоби, хангоми осебхои кушода аз чои захм шоридани пешоб мебошанд. Дар мавриди гумон бурдан аз осеби Гурда. маризро зуд дар шуъбаи чаррохи хобондан лозим аст.
Ба беморихои Г. асосан пиелонефрит, нефрит, бемории санги пешоб, гидронефроз, омосхои саратонию гайрисаратони ва сил мансуб мебошанд. Баъзе беморихо бевосита ба ихтилоли фаъолияти Г. вобастаги доранд, мас., оксалурия (бо пешоб хорич шудани намакхои кислотаи шилха), уратурия (бо пешоб ихроч гаштани уратхо), фосфатурия (ба тавассути пешоб хорич шудани фосфатхо).
Ихтилоли хунгардиши Г. метавонад сабабхои модарзоди дошта бошад; он дар заминаи атеросклероз ва нефроптоз низ ба вучуд меояд. Дард, хунпешоби ва гипертензияи шараёни аломатхои асосии ихтилоли хунгардиши Г. мебошанд; дар беморони гирифтори сактаи миокард, нукси дил, эндокардит, бемории гипертония, уфунат ва г. ба мушохида мерасад.
Ба беморихои илтихобии махсуси Г. сил ва сифилис тааллук доранд. Микобактерияхои сил ба Г. тавассути хун рох меёбанд. Г. гирифтори эхинококкоз низ мешавад. Аз беморихои омоси дар Г. аденома, фиброма, липома, гемангиома, лейомиома, папилломаи хавзакхо дучор меоянд. Омоси маъмули Г. саратони хучайрахои Г. (аденокартсинома) аст. Дар кудакон бештар саратони Вилмс ба мушохида мерасад. Ниг. низ Узвхои пешоб.

Ад.: Кодири Т.Р., Воспалительное заболевание мочеполовых органов, Д., 1990; Хамон муаллиф, Неотложная урология и нефрология, Киев, 1996; Хамон муаллиф, Мунтахаби дарсхои пешобшиноси, Д., 2000.
Т.Р. Кодири.
КЛ

Расми 1. Сохтори гурда дар буриши дарозруя: 1 – моддаи кишрии гурда; 2 – моддаи магзи гурда; 3 – пистонакхои гурда; 4 – тирак (поя)-и гурда; 5 – асоси ахроми гурда; 6 – майдони галберак; 7 – чомчахои хурди гурда; 8 – кисми рахшон; 9 кисми лулашакл; 10 – гилофаки лифи (фибрози); 11 – найи пешоб; 12 – чоми калони гурда; 13 – хавзакхои гурда; 14 – венаи гурда; 15 – артерияи гурда.

Расми 2. Рагхои хуну лимфаи гурда (накша): 1 – рагхои лимфа дар гилофаки лифи; 2 – мурагхои лимфа дар кисми лулашакли моддаи кишри; 3 – мурагхои лимфа дар моддаи магзи; 4 – веначаи ситорашакл; 5 – рагхои лимфаи пардаи зардоби; 6 – ниёми гурда ва рагхои лимфаи он; 7 – рагхои хун ва лимфаи гилофаки чарби; 8 – чисмчахои гурдаи дар моддаи кишрии гурдахо; 9 – рагхои хун ва лимфаи мачрои пешоб; 10 – артерияи гурда; 11 – венаи гурда; 12 – лимфагуддаи мавзеи ва рагхои лимфае, ки ба он ворид мешаванд; 13 – венаи байни хиссачахо; 14 – артерия ва венахои камоншакл.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …