Главная / Илм / Гурда

Гурда

pochkaГУРДА (Ren, nephros), узви ҷуфт, ки дар қисми миён дар назди девораи ақиби шикам аз ду тарафи сутунмӯҳра ҷойгир шудааст. Г. дар танзими мувозанати обу электролитҳо, кислотаю ишқорҳо ва фишори осмосӣ, ҳамчунин аз организм хориҷ намудани маҳсули мубодилаи нитроген иштирок мекунад. Г. шакли лӯбиёро дошта, бо насҷи равғанӣ фаро гирифта шудааст. Г.-ро аз берун ғилофаи суфта иҳота кардааст; сатҳи Г. дар зери ғилофа ҳамвор буда, ранги ҷигарӣ дорад. Дарозии Г. 10 – 12, паҳниаш 5 – 6 ва ғафсиаш 3 – 4 см мебошад; Г. 120 – 200 г вазн дорад.
Г. аз гӯшаҳои болоӣ ва поёнӣ, канорҳои барҷастаи берунӣ ва фурӯхамидаи дарунӣ, сатҳи пеш ва қафо иборат аст. Дар канори дарунии Г. кома (даромадгоҳ) мавҷуд аст, ки ба ҷавфи хурд (синус) пайваст мешавад. Дар даромадгоҳҳои Г. артерияи калони гурда ва вена (варид), лагҳои лимфа, торҳои асаб, инчунин ҷомчаҳо ва ҳавзакҳо, ки дар онҳо пешоб ғун мешавад, ҷой гирифтаанд. Дар мавриди ба дарозӣ буридани Г. ду қабат намудор мешавад: берунӣ (қишрӣ), ки ранги он сиёҳ аст ва дарунӣ (мағз), ки ранги сафед дошта, аз аҳромҳо иборат мебошад. Моддаи қишрӣ асоси аҳромҳоро фаро гирифта, фазои байни онҳоро пур мекунад ва поя (сутун)-ҳои Г.-ро ба вуҷуд меорад. Қуллаи аҳромҳо мисли пистонак нимдоира буда, ба синуси Г. нигаронида шудааст. Дар қуллаи аҳромҳо сӯрохи найчаҳои сершумор боз мешаванд, ки тавассути онҳо пешоб ба ҷомчаҳо мешорад. Ҷомчаҳо бевосита ба ҳавзакҳо пайваст мебошанд. Г. аз 2 – 2,5 млн нефронҳои сохторашон якхела таркиб ёфтааст, ки ҳар яки он вазифаи алоҳида дорад.
Дар Гурда. пешоб ҳосил мешавад.

Вазифаҳои асосии Гурда: бо пешоб хориҷ кардани маҳсули мубодилаи моддаҳо ва ҷисмҳои бегона; доимӣ нигоҳ доштани мубодилаи обу намак ва мувозанати кислотаю ишқорҳо дар организм, фишори осмосии мӯътадил дар хун ва моеъи хориҷи ҳуҷайраҳо.
Нуқс (аномалия)-и Г. бештар дар занҳо ба мушоҳида мерасад; он одатан бидуни ягон аломат падид меояд. Вале баъзе иллатҳои Гурда. ба фаъолияти организм таъсир расонда, боиси пайдоиши бемориҳои гуногун мешаванд. Яке аз нуқсонҳои Гурда аплазия (агенезия) аст. Дар мавриди он одам бо як Г. ба дунё меояд. Дучанд шудани Гурда. нуқси маъмули ин узв аст. Гурда.-и дучанда нисбат ба Г.-и солим дароз мебошад. Ҳар қисми он ҳавзак, пешоброҳа ва хунгардиши алоҳида дорад. Ба нуқсони ҳаҷми Г. гипоплазия мансуб аст; ҳангоми он ҳаҷми Гурда хурд мешавад. Тақр. чоряки нуқсонҳои Гурдаро дистония ташкил медиҳад. Дар аснои он мавқеи Г. таҳриф меёбад. Дистония се навъ – камарӣ, тиҳигоҳӣ ва косӣ мешавад. Баъзан Г. дар сандуқи сина ҷой мегирад. Дар амалияи клиникӣ хусусан Гурдаии наълшакл бештар дучор меояд. Гарданаи чунин Г. ба шоҳраги шикам фишор оварда, бофтаҳои асаби он боиси пайдоиши дард ва ихтилоли фаъолияти роҳи меъдаю рӯда мешаванд. Дисплазия, мултикистоз, поликистоз ва киста низ аз ҷумлаи нуқсонҳои Г. мебошанд.
Осебҳои Гурда пӯшида ва кушода мешаванд. Осеби пӯшидаи Г. бинобар зарб хӯрдани камар ва зери қабурға ба вуҷуд меояд (мас., ҳангоми аз баландӣ афтодан, якбора кашиш хӯрдани мушакҳо). Ба осебҳои кушодаи Г. захми тир, корд ва ғ. мансубанд. Аломатҳои асосии осеби Г. дард, варами камар (хономос ё урогематомаи мавзеи гурда), хунпешобӣ, ҳангоми осебҳои кушода аз ҷои захм шоридани пешоб мебошанд. Дар мавриди гумон бурдан аз осеби Гурда. маризро зуд дар шӯъбаи ҷарроҳӣ хобондан лозим аст.
Ба бемориҳои Г. асосан пиелонефрит, нефрит, бемории санги пешоб, гидронефроз, омосҳои саратонию ғайрисаратонӣ ва сил мансуб мебошанд. Баъзе бемориҳо бевосита ба ихтилоли фаъолияти Г. вобастагӣ доранд, мас., оксалурия (бо пешоб хориҷ шудани намакҳои кислотаи шилха), уратурия (бо пешоб ихроҷ гаштани уратҳо), фосфатурия (ба тавассути пешоб хориҷ шудани фосфатҳо).
Ихтилоли хунгардиши Г. метавонад сабабҳои модарзодӣ дошта бошад; он дар заминаи атеросклероз ва нефроптоз низ ба вуҷуд меояд. Дард, хунпешобӣ ва гипертензияи шараёнӣ аломатҳои асосии ихтилоли хунгардиши Г. мебошанд; дар беморони гирифтори сактаи миокард, нуқси дил, эндокардит, бемории гипертония, уфунат ва ғ. ба мушоҳида мерасад.
Ба бемориҳои илтиҳобии махсуси Г. сил ва сифилис тааллуқ доранд. Микобактерияҳои сил ба Г. тавассути хун роҳ меёбанд. Г. гирифтори эхинококкоз низ мешавад. Аз бемориҳои омосӣ дар Г. аденома, фиброма, липома, гемангиома, лейомиома, папилломаи ҳавзакҳо дучор меоянд. Омоси маъмули Г. саратони ҳуҷайраҳои Г. (аденокартсинома) аст. Дар кӯдакон бештар саратони Вилмс ба мушоҳида мерасад. Ниг. низ Узвҳои пешоб.

Ад.: Қодири Т.Р., Воспалительное заболевание мочеполовых органов, Д., 1990; Ҳамон муаллиф, Неотложная урология и нефрология, Киев, 1996; Ҳамон муаллиф, Мунтахаби дарсҳои пешобшиносӣ, Д., 2000.
Т.Р. Қодирӣ.
КЛ

Расми 1. Сохтори гурда дар буриши дарозрӯя: 1 – моддаи қишрии гурда; 2 – моддаи мағзи гурда; 3 – пистонакҳои гурда; 4 – тирак (поя)-и гурда; 5 – асоси аҳроми гурда; 6 – майдони ғалберак; 7 – ҷомчаҳои хурди гурда; 8 – қисми рахшон; 9 қисми лӯлашакл; 10 – ғилофаки лифӣ (фиброзӣ); 11 – найи пешоб; 12 – ҷоми калони гурда; 13 – ҳавзакҳои гурда; 14 – венаи гурда; 15 – артерияи гурда.

Расми 2. Рагҳои хуну лимфаи гурда (нақша): 1 – рагҳои лимфа дар ғилофаки лифӣ; 2 – мӯрагҳои лимфа дар қисми лӯлашакли моддаи қишрӣ; 3 – мӯрагҳои лимфа дар моддаи мағзӣ; 4 – веначаи ситорашакл; 5 – рагҳои лимфаи пардаи зардобӣ; 6 – ниёми гурда ва рагҳои лимфаи он; 7 – рагҳои хун ва лимфаи ғилофаки чарбӣ; 8 – ҷисмчаҳои гурдаӣ дар моддаи қишрии гурдаҳо; 9 – рагҳои хун ва лимфаи маҷрои пешоб; 10 – артерияи гурда; 11 – венаи гурда; 12 – лимфағуддаи мавзеӣ ва рагҳои лимфае, ки ба он ворид мешаванд; 13 – венаи байни ҳиссачаҳо; 14 – артерия ва венаҳои камоншакл.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …