Главная / Гуногун / Забонхои ёфати кадоманд

Забонхои ёфати кадоманд

Савол: Масалан ман то кунун мафхуми «Ёфат» ё бо ибораи дигар гуем, «Забонхои ёфати»-ро нашунида будам. Дар бораи «Забонхои форсии кадим» шунидаам, вале маълумоти сахех надорам.

Чавоб: Ба таркиби забони форсии кадим иддаи забонхои Шарки Кухан дохил мешаванд, ки забонхои ориёи буда, онхоро забоншиносон ба гурухи забонхои ёфати мансуб медонанд. “Таърихи пайдоиши ин забонхо, мегуяд олими рус С. Булич, дар асри 19, се хазор ё 2500 сол пеш аз милодро дар бар мегирад”.

Забони Форсии кадим, яъне забони Турониён, сакои, скиф ва гайра аз забони ,,ёфати” огоз ёфтаанд. М. Мюллер, яке аз олимони маъруфи асри 19-и аврупои, ба забони турони гурухи забонхои бисёри дунёи куханро дохил мекунад. Ин забонхоро аз сомии кадим (древнесемит) иборат медонад. Ба чунин акида омадани Мюллер бесабаб нест, зеро дар замонхои кухан харакати Турониён доираи хеле фарохро дар бар мегирифт. Ба забони форсии кадим олимон даставвал забони Зандро мансуб медонистанд, ки “Авесто” бо ин забон навишта шудааст. Вале дар ин масъала хам мо иштибохи чиддиро мебинем. Олими аврупои Ч.Дармстетер соли 1883 рочеъ бо забонхои кадимии форси китоб навишт, вале надонистани таърих уро  ба акидаи нодуруст меорад, ки гуё “Занд забони Мод (Модхо)” яъне, забони шимолу гарбии Эрони асрхои 7-6 пеш аз милод бошад. Ин акидаи нодуруст дар байни иддаи олимони аврупои пазируфта шуд. Дуруст аст, ки модхо хам замоне аз Мовароуннахр ба Эрони Гарби рафтаанд. Вале дар замони мо, агар Эрон гуед, кариб хама Эрони хозираро мефахманд. Аз ин лихоз, таърих ба харачу марачи галатфахмихо кашида шуд. Фаъолияти модхо асосан аз ибтидои хазораи якуми пеш аз милод огоз меёбад ва он хам дер давом намекунад, зеро Хахоманишхо дар замони Куруши Кабир хокимиятро пурра ба дасти худ мегиранд. Гайр аз ин, худи модхо аз нимаи дуюми хазораи дуюми пеш аз милод аз Осиёи Миёна, ба ибораи устоди забардаст Саид Нафиси ва Фурузонфар ва даххо олимони Аврупои аз сохили Чайхун, Сайхун ва Помир ба Эрон хичрат намудаанд.

«Забони форсии кадим, гуфта мешавад дар “Лугати энсиклопеди”, дар охири асри 19, забони сулолаи Хахоманишхои вилояти Форсиён (Форсистон) аст. Он ба мо кисман аз калимаю номхои зиёди “Инчил”, асосан аз навиштачоти хати мехии Хахоманишхо, ки аз онхо хусусан навиштачоти Куруш, хамчун ёдгории кадимтарин (асри 6 пеш аз милод) ва навиштачоти Доро, хамчун ёдгории мукаммал маълуманд; забони онхо ба забони занди хеле наздик аст. Навиштачоти аз хама дертарин навиштачоти Артакшатри Оха (асри 6 пеш аз милод – писари Ахашверош)  мебошад. Аз он маълум мешавад, ки дар тули ду-се аср забони форсии кадим хеле мураттаб шуд ва аз хусусияти синтетики бештар хусусияти тахлили касб кард».

Занд мероси Турониён аст, ки хануз панч хазор сол мукаддам арзи вучуд кардааст.

Ба вучуд омадани хати мехи ба Занд умри дубора бахшид. Хати мехиро давлати муктадири Шумерихо дар Осиёи Миёна чори кард. Дертар дар Бобулистон бисёр катибахо ва устувонахо бо ин хат навишта мешуданд. Масалан, катибахои Калдониён, катибаи подшох Навохудоносор, китоби “Авесто”, “Зандавесто”, катибахои Хахоманишхо, махсусан катибаи Куруши Кабир ва кохинони Бобул ба ин забон ва ин хат навишта шудаанд. Яке аз мухаккикони забонхои форсии кадим, олими лингвисти олмони Милленхофф ба чунин акида меояд: “Шубхае нест, ки дар замони кухан тафовут дар байни ин забонхо (забонхои форсии кадим. – И.У.) хеле ночиз будааст. Дар гузашта онхо аз як забони умуми, забони ориёии кадим иборат буданд. Забони аслии бобоии халке, ки бо ин забони умуми – забони эрони (ориёи. – И.У.) сухан мекард, яъне дар замоне ки эрониён дар ватани бобоии хеш (яъне Осиёи Миёна. – И.У,) икомат доштаанд, забонашон забони умумии ориёи буд. Холо хам дар ин ватан, яъне Осиёи Миёна, кисми асосиашон икомат доранд. Кисми дигар дертар дар моварои Кавкоз, Эрони кунуни мезистанд. Сархади ихотакардаи эрониёни кадим аз Шарк то кисми шимолу гарб ва Эрони муосирро дар бар мегирифт. Кисми гарбии сархади форсхои кадим бошад нисбад ба хозира дида хеле васеъ, аз Бахри Сиёх то Кафкозро дар бар мегирифт. Форсхои кадим бо номи скифхо, сокои ва сарматхо маъруф буданд, яъне худуди ихотакардаи онхо аз Чануб то Чанубу Шаркии кисми Аврупоии Россияи айёми моро (асри 19-ро. – И.У.) дар бар мегирифт”.

Чунон ки дар боло ишора кардем, Занд яке аз забонхои кадимтарини форсхо буда ва бо ин забон китобхои муккадас навишта шудаанд ва хануз хам ворисони Эрони Бостон бо ин забон сару кор доранд. Ватани аслии забони Занд Эрони Шимолу Шарки ё бо ибораи дакик Осиёи Миёна аст. Забони Зандро аз ин лихоз “забони Бохтари кадим”, “забони “Авесто”низ меноманд.

Занд дар байни оилаи забонхои ориёи аз хама кадимтарин буда, бо забони санскрит хешигарии наздик дорад. Касе ки забони санскритро медонад, забони зандро ба хуби мефахмад. Чунон ки дар Китоби «Таърихи тамаддуни ориён» таърихи пайдо шудани забони санскритро нишон додем, он аз забони форсии кадим реша давонидааст.

Пас аз 50 соли давлатдории Хахоманишхо ва доираи васеъро дар бар гирифтани давлати бузурги Форс, забони форсии кадим хукмронии худро бештар дар кисми шаркии давлати Форсхо пурра баркарор намуд. Вале хуруфоти кадимае, ки бо он китоби мукаддаси “Зандавесто” навишта шудааст, то замони мо омада нарасид. Ин аз он сабаб аст, ки баъди истилои Искандари Макдуни китобхонахо оташ зада, шахрхо несту нобуд карда мешуданд.

Бойгонии Истахр нисбат ба китобхонаи шахри Найнаво калон ва бойтарин ба шумор мерафт, дар он навиштачоти кадимаи таърихи, китобхои нодир, “Авесто” ва матолиби дигар, ки дар тули зиёда аз 200 сол чамъовари гардида буд, оташ зада, несту нобуд карда шуд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …