Главная / Гуногун / Забонҳои ёфатӣ кадоманд

Забонҳои ёфатӣ кадоманд

Савол: Масалан ман то кунун мафҳуми «Ёфат» ё бо ибораи дигар гўем, «Забонҳои ёфатӣ»-ро нашунида будам. Дар бораи «Забонҳои форсии қадим» шунидаам, вале маълумоти саҳеҳ надорам.

Ҷавоб: Ба таркиби забони форсии қадим иддаи забонҳои Шарқи Кўҳан дохил мешаванд, ки забонҳои ориёӣ буда, онҳоро забоншиносон ба гурўҳи забонҳои ёфатӣ мансуб медонанд. “Таърихи пайдоиши ин забонҳо, мегўяд олими рус С. Булич, дар асри 19, се ҳазор ё 2500 сол пеш аз милодро дар бар мегирад”.

Забони Форсии қадим, яъне забони Тўрониён, сакоӣ, скиф ва ғайра аз забони ,,ёфатӣ” оғоз ёфтаанд. М. Мюллер, яке аз олимони маъруфи асри 19-и аврупоӣ, ба забони тўронӣ гурўҳи забонҳои бисёри дунёи кўҳанро дохил мекунад. Ин забонҳоро аз сомии қадим (древнесемит) иборат медонад. Ба чунин ақида омадани Мюллер бесабаб нест, зеро дар замонҳои кўҳан ҳаракати Тўрониён доираи хеле фарохро дар бар мегирифт. Ба забони форсии қадим олимон даставвал забони Зандро мансуб медонистанд, ки “Авесто” бо ин забон навишта шудааст. Вале дар ин масъала ҳам мо иштибоҳи ҷиддиро мебинем. Олими аврупоӣ Ҷ.Дармстетер соли 1883 роҷеъ бо забонҳои қадимии форсӣ китоб навишт, вале надонистани таърих ўро  ба ақидаи нодуруст меорад, ки гўё “Занд забони Мод (Модҳо)” яъне, забони шимолу ғарбии Эрони асрҳои 7-6 пеш аз милод бошад. Ин ақидаи нодуруст дар байни иддаи олимони аврупоӣ пазируфта шуд. Дуруст аст, ки модҳо ҳам замоне аз Мовароуннаҳр ба Эрони Ғарби рафтаанд. Вале дар замони мо, агар Эрон гўед, қариб ҳама Эрони ҳозираро мефаҳманд. Аз ин лиҳоз, таърих ба хараҷу мараҷи ғалатфаҳмиҳо кашида шуд. Фаъолияти модҳо асосан аз ибтидои ҳазораи якуми пеш аз милод оғоз меёбад ва он ҳам дер давом намекунад, зеро Ҳахоманишҳо дар замони Куруши Кабир ҳокимиятро пурра ба дасти худ мегиранд. Ғайр аз ин, худи модҳо аз нимаи дуюми ҳазораи дуюми пеш аз милод аз Осиёи Миёна, ба ибораи устоди забардаст Саид Нафисӣ ва Фурўзонфар ва даҳҳо олимони Аврупоӣ аз соҳили Ҷайхун, Сайхун ва Помир ба Эрон ҳиҷрат намудаанд.

«Забони форсии қадим, гуфта мешавад дар “Луғати энсиклопедӣ”, дар охири асри 19, забони сулолаи Ҳахоманишҳои вилояти Форсиён (Форсистон) аст. Он ба мо қисман аз калимаю номҳои зиёди “Инҷил”, асосан аз навиштаҷоти хати мехии Ҳахоманишҳо, ки аз онҳо хусусан навиштаҷоти Куруш, ҳамчун ёдгории қадимтарин (асри 6 пеш аз милод) ва навиштаҷоти Доро, ҳамчун ёдгории мукаммал маълуманд; забони онҳо ба забони зандӣ хеле наздик аст. Навиштаҷоти аз ҳама дертарин навиштаҷоти Артакшатри Оха (асри 6 пеш аз милод – писари Ахашверош)  мебошад. Аз он маълум мешавад, ки дар тўли ду-се аср забони форсии қадим хеле мураттаб шуд ва аз хусусияти синтетикӣ бештар ҳусусияти таҳлилӣ касб кард».

Занд мероси Тўрониён аст, ки ҳанўз панҷ ҳазор сол муқаддам арзи вуҷуд кардааст.

Ба вуҷуд омадани хати мехӣ ба Занд умри дубора бахшид. Хати мехиро давлати муқтадири Шумериҳо дар Осиёи Миёна ҷорӣ кард. Дертар дар Бобулистон бисёр катибаҳо ва устувонаҳо бо ин хат навишта мешуданд. Масалан, катибаҳои Калдониён, катибаи подшоҳ Навохудоносор, китоби “Авесто”, “Зандавесто”, катибаҳои Ҳахоманишҳо, махсусан катибаи Куруши Кабир ва коҳинони Бобул ба ин забон ва ин хат навишта шудаанд. Яке аз муҳаққиқони забонҳои форсии қадим, олими лингвисти олмонӣ Милленҳофф ба чунин ақида меояд: “Шубҳае нест, ки дар замони кўҳан тафовут дар байни ин забонҳо (забонҳои форсии қадим. – И.У.) хеле ночиз будааст. Дар гузашта онҳо аз як забони умумӣ, забони ориёии қадим иборат буданд. Забони аслии бобоии халқе, ки бо ин забони умумӣ – забони эронӣ (ориёи. – И.У.) сухан мекард, яъне дар замоне ки эрониён дар ватани бобоии хеш (яъне Осиёи Миёна. – И.У,) иқомат доштаанд, забонашон забони умумии ориёӣ буд. Ҳоло ҳам дар ин ватан, яъне Осиёи Миёна, қисми асосиашон иқомат доранд. Қисми дигар дертар дар моварои Қавқоз, Эрони кунунӣ мезистанд. Сарҳади иҳотакардаи эрониёни қадим аз Шарқ то қисми шимолу ғарб ва Эрони муосирро дар бар мегирифт. Қисми ғарбии сарҳади форсҳои қадим бошад нисбад ба ҳозира дида хеле васеъ, аз Баҳри Сиёҳ то Қафқозро дар бар мегирифт. Форсҳои қадим бо номи скифҳо, сокоӣ ва сарматҳо маъруф буданд, яъне ҳудуди иҳотакардаи онҳо аз Ҷануб то Ҷанубу Шарқии қисми Аврупоии Россияи айёми моро (асри 19-ро. – И.У.) дар бар мегирифт”.

Чунон ки дар боло ишора кардем, Занд яке аз забонҳои қадимтарини форсҳо буда ва бо ин забон китобҳои муққадас навишта шудаанд ва ҳанўз ҳам ворисони Эрони Бостон бо ин забон сару кор доранд. Ватани аслии забони Занд Эрони Шимолу Шарқӣ ё бо ибораи дақиқ Осиёи Миёна аст. Забони Зандро аз ин лиҳоз “забони Бохтари қадим”, “забони “Авесто”низ меноманд.

Занд дар байни оилаи забонҳои ориёӣ аз ҳама қадимтарин буда, бо забони санскрит хешигарии наздик дорад. Касе ки забони санскритро медонад, забони зандро ба хубӣ мефаҳмад. Чунон ки дар Китоби «Таърихи тамаддуни ориён» таърихи пайдо шудани забони санскритро нишон додем, он аз забони форсии қадим реша давонидааст.

Пас аз 50 соли давлатдории Ҳахоманишҳо ва доираи васеъро дар бар гирифтани давлати бузурги Форс, забони форсии қадим ҳукмронии худро бештар дар қисми шарқии давлати Форсҳо пурра барқарор намуд. Вале ҳуруфоти қадимае, ки бо он китоби муқаддаси “Зандавесто” навишта шудааст, то замони мо омада нарасид. Ин аз он сабаб аст, ки баъди истилои Искандари Мақдунӣ китобхонаҳо оташ зада, шаҳрҳо несту нобуд карда мешуданд.

Бойгонии Истахр нисбат ба китобхонаи шаҳри Найнаво калон ва бойтарин ба шумор мерафт, дар он навиштаҷоти қадимаи таърихӣ, китобҳои нодир, “Авесто” ва матолиби дигар, ки дар тўли зиёда аз 200 сол ҷамъоварӣ гардида буд, оташ зада, несту нобуд карда шуд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …