Главная / Чамъият / Тартиби татбики санади хукукии байналмилали нисбат ба андозбандии фоидаи соф хангоми фаъолият тавассути муассисаи доими

Тартиби татбики санади хукукии байналмилали нисбат ба андозбандии фоидаи соф хангоми фаъолият тавассути муассисаи доими

Моддаи 136-и Кодекси Андоз. Тартиби татбики санади хукукии байналмилали нисбат ба андозбандии фоидаи соф хангоми фаъолият тавассути муассисаи доими 

  1. Гайрирезидент хукук дорад мукаррароти санади хукукии байналмилалиро нисбат ба андозбандии фоидаи соф хангоми фаъолият дар Чумхурии Точикистон тавассути муассисаи доими бе пешниходи ариза барои татбики мукаррароти санади хукукии байналмилали дар асоси хуччати тасдиккунандаи резиденти амали намояд, агар чунин гайрирезидент гирандаи охирини фоидаи соф ва дорои хукуки татбики мукаррароти санади хукукии дахлдори байналмилали бошад.
  2. Шахси хукуки-гайрирезидент дар эъломия оид ба андоз аз фоида ухдадор аст меъёри андоз, маблаги андоз аз фоидаи соф ва номи санади хукукии байналмилалиро, ки дар асоси он меъёри дахлдори андоз татбик шудааст, зикр намояд.
  3. Дар сурати татбики гайриконунии мукаррароти санади хукукии байналмилали, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба бучет гардидааст, андозсупоранда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб махкум …