Главная / Ҷамъият / Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии фоидаи соф ҳангоми фаъолият тавассути муассисаи доимӣ

Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии фоидаи соф ҳангоми фаъолият тавассути муассисаи доимӣ

Моддаи 136-и Кодекси Андоз. Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии фоидаи соф ҳангоми фаъолият тавассути муассисаи доимӣ 

  1. Ғайрирезидент ҳуқуқ дорад муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалиро нисбат ба андозбандии фоидаи соф ҳангоми фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ бе пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ амалӣ намояд, агар чунин ғайрирезидент гирандаи охирини фоидаи соф ва дорои ҳуқуқи татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии дахлдори байналмилалӣ бошад.
  2. Шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент дар эъломия оид ба андоз аз фоида ўҳдадор аст меъёри андоз, маблағи андоз аз фоидаи соф ва номи санади ҳуқуқии байналмилалиро, ки дар асоси он меъёри дахлдори андоз татбиқ шудааст, зикр намояд.
  3. Дар сурати татбиқи ғайриқонунии муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, андозсупоранда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …