Главная / Биология / Тартиби гардиши хун, ихроч ва асаби мохихо

Тартиби гардиши хун, ихроч ва асаби мохихо

Хун моддаи гизоии аз девори рудаю меъда гузашта ва оксигени аз деворахои галсама гирифтаашро ба тамоми узвхои бадан равон карда, хучайрахоро аз гизою оrсиген таъмин мекунад.

Маркази харакатдихандаи хун дар рагхо мушакхои дил мебошад. Дили мохи аз халтачахои мушакии духонаги (меъдача ва дахлез) иборат аст. Рагхое, ки хун ба воситаи онхо аз дил ба хама узвхои бадан меравад, артерия ном доранд ва рагхоеро, ки ба воситаи онхо хун ба дил чорй мешавад, вена меноманд. Хуни венаги ба дахлези дил мерезад. Вакте ки дахлези дил кашиш мехурад, хун ба меъдача мегузарад. Меъдача кашиш хурда, хун аз дил ба артерия мегузарад ва он ба галсама омада, аз оксиген сер мешавад, баъд гази карбонро хорич мекуяад. Хун аз галсама ба артерияи тахтапушт гузашта, ба дарозии сутунмухра то дум кашол меебад ва ба рагхои хурдтар таксим мешавад.

mahi

Рагхои аз хама хурду борики хунро капилляр меномем. Капиллярхо турмонанд буда, ба воситаи онхо хун ба вена мегузарад ва ба суйи дил равон мешавад.

Гайр аз гази карбон, ки аз галсама берун мешавад, боз моддахои дигари нолоэим чудо шуда, бо узвхои ихроч — гурдахо рафта, ба шакли пешоб хорич мешаванд.

Ду гурдаи Мохи мисли лентаи сурх дар болои ковокии бадан чой гирифтааст. Пешоб аз даруни гурда гузашта, ба пешобдон мерезаду бо рохи макъад ба берун мебарояд.

Сохти марказии асаби мохи шакли найчаи ковокро дорад, ки нуги пеши он гафс шуда, ба магзи cap мубаддал шудааст. Сохти марказии асабро устухонбанди косаи cap ва давоми хароммагзро сутуниухра мухофизат мекунад. Магзи сари мохи аз кисмхои магзи пеш, магзи миёна, магзча, магзи дарозруя ва хароммагз иборат аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …